Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Бозори "Ином" аз кист? Баҳси "ғоибона"-и вакилони ду тарафи даъвогар


Баҳси "ғоибона"-и ду вакил дар бораи бозори "Ином"
лутфан мунтазир бошед

Феълан кор намекунад

0:00 0:10:43 0:00

Баҳси "ғоибона"-и ду вакил дар бораи бозори "Ином"

Бузургмеҳр Ёров - вакили Абдуллоевҳо ва Қосимҷон Қосимов - намояндаи додарарӯси президент Муҳибулло Саъдуллоев дар як баҳси "ғоибона" дар студияи Радиои Озодӣ назари ду тарафи даъвои бозори "Ином"-и ноҳияи Шаҳритӯсро шарҳ доданд.

Моҷаро бар сари бозори “Ином”-и ноҳияи Шаҳритӯс инак чанд моҳ боз яке аз мавзӯъҳои доғи баҳс дар матбуоти Тоҷикистон ва ҳам дар шабакаҳои интернетӣ боқӣ мемонад.

Моликони кунунии ин бозор – Бурҳон Абдуллоев ва зану писари ӯ Санавбар ва Ином Абдуллоева – даъво доданд, ки Муҳибулло Саъдуллоев, додарарӯси раисиҷумҳури Тоҷикистон ва шарики ӯ Холназар Достиев мехоҳанд бо истифода аз нууфузи худ бар ниҳодҳои давлатии Тоҷикистон ин моликияти онҳоро ғасб кунанд.

Аммо вакили Саъдуллоев ва Достиев мегӯяд, дар ин қазиия ягон амали ғосибӣ вуҷуд надорад, балки ин ду нафар50 дарсади саҳмияҳои бозори “Ином”-ро... ҳадя гирифтаанд. Абдуллоевҳо чунин ҳадяи бузург додани худ ба ин ду шарики тиҷории қаблиашонро рад мекунанд.

Аммо Додгоҳи олии иқтисодӣ дар моҳи май бар асоси даъвои Муҳибуллоҳ СМаъдуллоев ва Холназар Достиев нисфи бозори “Ином”-ро ба онҳо дод. Абдуллоевҳо аз ин ҳукм шикоят бурдаанд ва мегӯянд, нисбат ба онҳо беадолатӣ шудааст.

Чунин ба назар мерасад, ки моҷарои ин ду тарафи баҳс танҳо бо чордевори додгоҳҳо маҳдуд намешавад. Дар ин ҳафта дар Интернет наворе пайдо шуд, ки дар он як сокини Шаҳритӯс Муҳибулло Саъдуллоевро ба таҷовуз ба номуси духтари он замон ноболиғаш айбдор мекунад ва аз раисиҷумҳур мехоҳад, то ҷилави ин хеши наздикашро бикашад. Ин ҳодиса, ба иддаои ин зан ҳанӯз дар соли 2005 рух додааст. Вакили Саъдуллоев билофосила ин даъворо рад кард ва гуфт, ин ҳама кори дасти Бурҳон Абдуллоев аст, ки бо чунин роҳҳои мехоҳад ниқори шикасташ дар додгоҳ дар даъво бар сари бозори “Ином”-ро бигирад.

Аммо дар асл дар ин моҷаро - ҳам дар масъалаи бозори “Ином” ва ҳам дар қазияи ин наворе ки тоза пайдо шуд, ҳақ ба ҷониби кист? Барои пайдо кардани посухи ин суол Радиои Озодӣ Қосимҷон Қосимов – намояндаи Муҳибулло Саъдуллоеву Холназар Достииев ва Бузургмеҳр Ёров, вакили хонаводаи Абдуллоевҳоро дар як баҳси “ғоибона” дар студияи Радиои Озодӣ дар Душанбе дар рӯбарӯи ҳам қарор дод.

XS
SM
MD
LG