Раҳмон имзои тафоҳумномаи сулҳро ба Трамп ва Пизишкиён табрик гуфт

Эмомалӣ Раҳмон, раисҷумҳури Тоҷикистон, имзои эъломияи тафоҳумномаи сулҳ байни Амрико ва Эронро, ки мумкин аст, ба муноқиша байни ду кишвар поён диҳад, табрик гуфтааст.

Дафтари матбуоти раёсати ҷумҳурӣ рӯзи 18-уми июн барқияҳои алоҳидаи Эмомалӣ Раҳмонро ба Доналд Трамп ва Масъуди Пизишкиён нашр кард, ки дар онҳо аз имзои тафоҳумнома истиқбол ва гуфта шудааст, ки имзои ин санад ба амният дар тамоми ҷаҳон мусоидат мекунад.

Дар барқия ба номи Доналд Трамп омадааст: "Ин рӯйдоди воқеан ҳам муҳим, ки маҳсули иродаи матин ва заҳматҳои пайвастаи Шумо мебошад, барои истиқрори сулҳу суботи фарогир дар минтақаи Ховари Миёна, ҳамчунин, таҳкими низоми амнияти ҷаҳонӣ аҳаммияти калидӣ дошта, ҷиҳати роҳандозии иқдомҳои нави сулҳомез дар ин ҷода заминаҳои мусоиди устуворро фароҳам меорад."

Айни замон Эмомалӣ Раҳмон ба Масъуд Пизишкиён, раисҷумҳури Эрон гуфтааст: "Мо медонем, ки дастрасӣ ба ин созиши муҳим барои миллати Эрон осон набуд ва маҳсули талошҳои зиёду иродаи қавии он мебошад. Бовар дорам, ки мувофиқаҳои дар ин зимн ҳосилшуда барои таъмини сулҳи устувор ва фарогир дар Ховари Миёна, таҳкими низоми амнияти байналмилалӣ ва фароҳам овардани заминаҳои мусоид ҷиҳати рушди иқтисодиву иҷтимоии пойдор аҳаммияти калидӣ доранд."

Раисҷумҳури Тоҷикистон ҳамчунин ба номи Шаҳбоз Шариф, нахуствазири Покистон, ки миёнҷигари асосӣ байни Амрикову Эрон буд, барқияи табрикӣ фиристода ва нақши ӯро дар расидан ба тавофуқ байни ду тараф муассир номидааст.

Раҳбарони Амрикову Эрон пас аз музокироти дарозу печидае рӯзи 18-уми июн ба эъломияи тафоҳумномаи сулҳ байни ду кишвар имзо гузоштанд, ки хатми тамоми даргириҳоро дар Халиҷи Форс дар назар дорад.

Ҷанг байни Амрикову Эрон ва Исроил моҳи феврали имсол ва баъд аз ҳамлаҳои Амрико ба иншооти атомии Эрон оғоз шуд.

Бо идомаи даргириҳо, Эрон тангии Ҳурмуз, яке аз оброҳаҳои муҳими ҷаҳониро баст, ки 20 дарсади нафту гази моеи ҷаҳон аз он мегузарад. Қатъи ҳаракати киштиҳо аз Ҳурмуз, боис ба болоравии нархи нафту газ дар ҷаҳон, аз ҷумла дар худи Амрико шуд ва иқтисоди ҷаҳониро ҳам ба мушкилот гирифтор кард.