Дар ҳоле, ки Кумитаи андоз Ширкати кӯҳӣ-саноатии Тоҷикистону Чинро бузургтарин қарздор аз молиёт эълон кард, ҳукумати шаҳри Гулистон мегӯяд, ин корхона ҳама уҳдадориашро иҷро кардааст.
Масъулони Кумитаи андоз моҳи июли имсол гуфтанд, ки ширкати чинӣ ба қарздори асосӣ дар назди буҷаи Тоҷикистон табдил шудааст. Онҳо қарзи ширкатро 243 миллион сомонӣ, баробар ба 26 миллион доллар, ҳисоб карданд.
Аммо раиси шаҳри Гулистони вилояти Суғд мегӯяд, Ширкати кӯҳӣ-саноатии Тоҷикистону Чин "дар мавриди пардохти андоз мушкилӣ надорад".
Дафтари кории ширкат дар шаҳраки Зарнисори Гулистон ва кони истихроҷи он дар ноҳияи Мастчоҳ ҷойгир аст.
Илҳом Пӯлодзода
Илҳом Пӯлодзода, раиси шаҳри Гулистон, дар суҳбат бо хабарнигорон гуфт, "уҳдадорие, ки ширкат дар соли 2026 гирифта буд, пурра пардохта истодааст. Мумкин аст, 243 милион сомонӣ дар натиҷаи гузаронидани ягон санҷиш аз тарафи Кумитаи андоз пайдо шуда бошад. Аз рӯи нақша гирем, корхона дар назди мақомоти шаҳру вилоят қарздор нест. Назорат мекунем, ки масъулиятҳои худро иҷро кунанд. Иҷро карда истодаанд. Ҳатто барзиёд."
Намояндагони Ширкати кӯҳӣ-саноатии Тоҷикистону Чин то кунун масъаларо шарҳ надодаанд. Хабарнигорон аз сардори Идораи молиёт ё андоз дар шаҳри Гулистон тафсилот хостанд.
Исмат Холзода, сардори Идораи андоз дар Гулистон гуфт, "корхонаи мазкур дар тобеияти корхонаҳои андозсупорандагони калон мебошад. Бинобар ин, маълумотномаи он ба мо пурра дастрас нест. Мувофиқи маълумоте, ки дар мақомоти андоз ҳаст, корхонаи мазкур қарз надорад. Шояд дар натиҷаи корҳои назоратӣ ягон маблағ муайян шуда бошад".
Ширкати саноати кӯҳии Тоҷикистону Чин, ки дар вилояти Суғд ба коркарди маъданҳои кӯҳӣ, истеҳсоли консентрати сурб ва руҳ машғул аст, дар гузашта ҳам дар пардохти молиёт ё андоз мушкил дошт.
Соли 2024 дар пайи суст шудани фаъолияти ин корхонаи чинӣ, буҷаи ноҳияи Мастчоҳ ва шаҳри Гулистон иҷро нашуд.
Шаҳрдори Гулистон мегӯяд, ҳоло вазъи корхона беҳбуд ёфтааст.
"Дар солҳои 2025 ва 2026 таҷҳизоти нав оварданд, ки иқтидори истеҳсолро зиёд мекунад. Бар замми корхонаашон дар шаҳраки Зарнисор, боз дар шаҳри Истиқлол низ як корхонаи калони саноатиро таъсис дода истодаанд, ки рӯзҳои наздик фаъол мегардад", - афзуд Илҳом Пӯлодзода.
Ҳузури густaрдаи ширкатҳои чинӣ дар Тоҷикистон ва вобаста шудани буҷаи кишвар ва ноҳияҳо аз ин корхонаҳо дар гузашта нигарониҳоеро ба миён оварда буд. Рӯзноманигор ва коршиноси иқтисодӣ Абдулло Ашӯров пештар дар як суҳбат бо Радиои Озодӣ гуфта буд, "хуб аст, ки ширкатҳои чинӣ барои буҷа манбаи нави андозсупорӣ шудаанд, аммо давлат набояд аз ҳад зиёд вобастаашон шавад."
Ширкатҳои чинӣ майли зиёде ба маъданҳои кӯҳӣ дар Тоҷикистон доранд ва солҳои охир таваҷҷуҳро ба вилояти Суғд бештар кардаанд. Ин аст, ки ба иттилои намояндагони ҳукумат дар шимоли Тоҷикистон, то ду сол пеш Русия сармоягузори асосӣ ба иқтисоди вилоят буд, аммо ҳоло ҷояшро Чин гирифт.
Ҳарчанд намояндагони ҳукумат дар шимоли Тоҷикистон аз тарҳҳои ба гуфтаашон бузургу корхонаҳои азим ва ҷойҳои кории офаридаи Чин ситоиш мекунанд, баъзе нигарониҳо аз пайомади кори онҳо вуҷуд дорад. Як таҳқиқи Радиои Озодӣ дар соли 2024 нишон дод, ки чиниҳо дар истихроҷи маъдан ва ҳам кишоварзӣ аз фанноварӣ ва моддаҳои кимиёии зараровар истифода мебаранд.