Дар чанд рӯзи ахир шикоятҳо аз кори бонки "Душанбе Сити" дигарбора зиёд шуд ва бархе муштариён мегӯянд, сари вақт пулашонро фиристода наметавонанд ё маблағашон намегузарад.
Намояндагони "Душанбе Сити" бо вуҷуди дарёфти нома мавзӯъро шарҳ надоданд. Онҳо дар саҳифаи фейсбукии худ мушкилро ба такмили низоми ҳамёни электронӣ рабт дода, аз муштариёнаш узр пурсидаанд.
Тоҷинисо Сафарова, сокини шаҳри Душанбе як ҳафта боз наметавонад вориди ҳамёни "Душанбе сити" шуда, аз онҷо маблағ гузаронад. Маҷбур шуд барои ҳалли мушкил ба филиали бонк дар Душанбе муроҷиат кунад.
"Ман дар Тошканд будам, аз он ҷо пул гузаронидам бо тариқи "Душанбе Сити". Маблағ гузашт, лекин хостам, ки боз гузаронам нашуд, тамоман барнома маҳкам шуд"-, афзуд ӯ.
Дар ду ҳафтаи ахир ва махсусан дар остонаи Иди Қурбон, ки мардуми Тоҷикистон ба маблағ зиёд эҳтиёҷ доранд, нигарониҳо аз кори бонки "Душанбе Сити" дар шабакаҳои иҷтимоӣ зиёд шуд. Бархе муштариён шикоят доранд, ки барои ҳалли мушкилашон ба бонк тамос мегиранд, вале касе посух намедиҳад.
Видеоро инҷо бинед:
Браузери шумо HTML5-ро намешиносад
Муштариён аз пардохтҳои электронии Душанбе Сити Бонк нороҳат будаанд
Музаффар Одинаев, сокини шаҳри Душанбе мегӯяд, мушкили "Душанбе Сити Бонк" мушкили ду ҳафтаи ахир набуда, дар гузашта ҳам зиёд пеш омадааст.
"Ман дар ҳамёни худам се ҳазор сомонӣ гузаронидам. Ба ман паёмак омад, ки пул гузаштагӣ аст. Расид доштам. Дар рақамҳои худат пул мепартоӣ, "расид"-ро бурда, нишон медиҳӣ, ки ман хато накардаам, лекин дар система пул нест. Ман як моҳ даводав кардам, вале се ҳазорамро гирифта натавонистам, дигар ҳамон хел аз пушташ нашудем", - гуфт Музаффар Одинаев.
Ин соҳибкор мегӯяд, ҳолатҳое ҳам шуд, ки мизоҷон маблағи харидро тариқи ҳамёни "Душанбе сити" мепардозанд, вале маблағ намегузарад.
"Муштарӣ меравад, лекин пул намегузарад баъд занг мезанед, мегӯянд пардохт бекор шуд,"- афзуд Музаффар Одинаев.
Дар идораи "Душанбе Сити Бонк" мавзӯъро шарҳ надоданд ва ба номаи расмии Радиои Озодӣ то лаҳзаи таҳияи гузориш посухе наомад. Ин бонк дар саҳифаи фейсбукии худ навистааст, ки "дар пайи роҳандозии навсозӣ ва такмили низоми ҳамёни электронӣ, дар дастрасӣ ба барнома нуқсонҳои муваққатии техникӣ ба миён омаданд".
"Душанбе Сити Бонк" бо узрхоҳӣ аз муштариёнаш иддао намудааст, ки чунин тадбир барои бехатарии маблағ ва иттилооти марбут ба муштариён буда, ҳоло мушкил бартараф шудааст.
Вале баъзе муштариён мегӯянд, ҳанӯз ҳам ҳамёни электронии бонк гоҳе дуруст кор намекунад.
"Душанбе Сити" яке аз се бонки Тоҷикистон аст, ки моҳи ноябри соли 2025 барои кумак ба Русия аз сӯи Иттиҳоди Аврупо таҳрим шуд ва танҳо моҳи апрел ин маҳдудиятҳо бекор шуданд. Дар гузашта низ шикоятҳо аз сатҳи хадамоти ин бонк, ки ба шахсони баландпоя ва наздик ба мақомот нисбат дода мешавад, садо додаанд, вале масъулонаш на ҳамеша ба нигарониҳо посух медиҳанд.