Вазири адлияи Тоҷикистон ба шикояти наздикони Маҳмадалӣ Ҳайит ва Саидумар Ҳусайнӣ, муовинони пешини раиси ҳизби дар Тоҷикистон мамнӯи наҳзати исломӣ, посух дод. Дар ҳоле ки пайвандон аз шиканҷа, фишор ва вазъи саломати нохуби ҳардуи онҳо дар зиндон нигарон буданд, Музаффар Ашӯриён масъулияти таҳқиқро ба дӯши Додситонии кул гузошт.
Музаффар Ашӯриён
Вазири адлия 21-уми июл дар посух ба суоли хабарнигори Радиои Озодӣ гуфт, "агар нисбат ба ягон нафар аз ҷониби кормандони Сарраёсати иҷрои ҷазои ҷиноятӣ шиканҷа ё муносибати дигари бераҳмона раво дида шуда бошад", таҳқиқи он ба салоҳияти додситонӣ вогузор шудааст.
Пайвандони Маҳмадалӣ Ҳайит дар оғози моҳи июн бо ӯ мулоқот карда, сипас дар суҳбат бо Радиои Озодӣ дар бораи шиканҷа шуданаш хабар доданд.
Дертар, Муҳаммадиқбол Ҳусайнӣ, писари Саидумар Ҳусайнӣ, аз афзоиши фишори равонӣ ва вазъи нохуби саломати падараш дар зиндон шикоят кард.
Вазири адлия бо ишора ба номи Маҳмадалӣ Ҳайит ва Сайидумар Ҳусайнӣ гуфт, "доим таҳти назорат ҳастанд. Онҳое, ки ба ягон бемории музмин гирифтор бошанд, таҳти назорати сохтори тиббии вазорат ҳастанд. Масъалаи таъминот бо дору, табобати ҳамешагӣ бошад, табобат гирифтанд. Инҳо таҳти назорати Сарраёсати иҷрои ҷазои ҷиноятӣ ҳаст."
Тасдиқи дурустии ҳарфҳои вазири адлия дар бораи шароити зиндонҳо душвор аст. Хабарнигорони мустақил солҳо боз аз зиндонҳо дидан намекунанд. Ҳомии ҳуқуқ, Стив Свердлов, чанде пеш дар мусоҳиба бо Радиои Озодӣ гуфт, зиндонҳои Тоҷикистон ҳамчунон мушкили зиёд доранд, аз ҷумла вуҷуди шиканҷа, ҳуҷраҳои тангу пур аз зиндонӣ ва маҳбусони бемор, ки саривақт муолиҷа намешаванд.
Дар муддати шаш сол (2019-2025) дар зиндонҳо ва муассисаҳои дигари ислоҳии Тоҷикистон 443 нафар фавтида ё ба ҳалокат расидаанд ва дар ин миён соли 2025 соли маргбортарин будааст.
"Ман касеро дашном надодам"
Гулбибӣ Ҳаитова
Дар нишасти хабарии Вазорати адлия мавзӯи ҷарима шудани хоҳари Маҳмадалӣ Ҳайит баъди шикояти ӯ дар бораи шиканҷа шудани бародараш баҳс шуд. Гулбибӣ Ҳаитова, ки охири моҳи июн барои додхоҳӣ ба Сарраёсати иҷрои ҷазои ҷиноятӣ рафта буд, бо иттиҳоми вайрон кардани тартиботи ҷамъиятӣ 546 сомонӣ (60 доллар) ҷарима шуд.
Вазири адлия дар инҷо ҳам бе овардани ҷузъиёт гуфт, "ҳар касе тартиботро вайрон кардааст, нисбаташ санад тартиб дода мешавад". Гулбибӣ Ҳаитова рӯзи 21-уми июл иттиҳоми мақомотро рад кард.
“Ман на ягон дашном додам, на ягон сухани бад гуфтам. Онҷо бисёриҳо шоҳид буданд. Онҷо дурӯғ аз болои ман ариза додаанд. Имрӯз дар дастгоҳ ҳам гуфтам, ки маро туҳмат карданд. Дар додгоҳ ҳам гӯш накарда гуфтанд, ки аз болои шумо се баёнот ҳаст», - гуфт Гулбибӣ Ҳаитова.
Маҳмадалӣ Ҳайит ва Саидумар Ҳусайнӣ, муовинони пешини раиси Ҳизби дар Тоҷикистон мамнӯи наҳзати исломӣ, соли 2016 дар мурофиаи паси дарҳои баста ба зиндони якумрӣ маҳкум шудаанд.
Мақомот онҳоро ба терроризм ва талош барои ғасби қудрат гунаҳкор дониста, гуфтаанд, ҳукм бар асоси далелҳои собит содир шудааст, вале худи онҳо ва наздиконашон ҳамаи иттиҳомотро беасос ва дорои ангезаҳои сиёсӣ меҳисобанд.