Дар ҷомеаи Тоҷикистон таваҷҷуҳи мардум ба сиёсат то рафт кам мешавад. Дар бисёр маврид одамон намехоҳанд, ки дар мавзуъҳои сиёсӣ суҳбат кунанд. Баъзеҳо метарсанд ва бархеи дигар баҳсҳои сиёсиро "кори беҳуда" мешуморанд.
- Ҷомеаи Тоҷикистон, ки замоне яке аз фаъолтарин ҷомеаҳои сиёсӣ дар минтақа буд, бо гузашти солҳо хеле кам алоқамандии худро ба ин гуна мавзӯъҳо ва ё ҳодисаҳои муҳими дигар нишон медиҳад.
Дахолати давлат дар ҳаёти шахсӣ натиҷаи бетафовутии сиёсист. Мардум дар чаҳорчӯбаҳои танге ҷо карда мешаванд, зеро ки онҳо ҳеҷ гуна мушорикати сиёсиеро нишон намедиҳанд.
Муҳаққиқи бритониёӣ Ҷон Хизершоу дар яке аз мусоҳибаҳояш бо Радиои Озодӣ тоҷиконро яке аз ғайрисиёситарин мардуми олам ном бурда буд. Далелаш ин буд, ки мардум ҳар чӣ бештар аз сиёсат канор мераванд ва ҳатто аз сӯҳбат дар бораи он худдорӣ меварзанд. Бо ин вуҷуд, чунин пуштгардонӣ ваё камфаъолӣ дар сиёсат на ҳамеша ҷой дошт.
Нуқтаи оғоз
Фаъол шудани ҷомеаи маданӣ (шаҳрвандӣ)-и Тоҷикистон дар поёни солҳои 80-ум мушоҳида шуд, ки он замон зиёиён, донишҷӯён ва ҷавонон бо талошҳои худ барои ҷунбиш ё ҳаракати миллӣ фаъолияти бесобиқаеро нишон доданд. Маҳз дар ҳамин давра қонун "Дар бораи забони давлатӣ" қабул гардид ва, инчунин, созмонҳои зиёди ҷамъиятиву сиёсӣ таъсис дода шуд.
Моҳиятан дар ин даврон бояд асосҳои рақобати солими сиёсӣ барои оянда дар кишвар шакл мегирифт. Аммо сатҳи баланди минтақагароӣ (маҳалгароӣ) дар шуури сиёсии мардум боис ба натиҷаи зарурӣ нашуд ва танҳо эҳтимоли сар задани мухолифатҳои шаҳрвандиро шиддат бахшид. Рӯзноманикор ва коршиноси тоҷик Нуралӣ Давлат ғайрисиёсӣ будани ҷомеаи муосири тоҷикро маҳз бо мухолифатҳои сиёсии ҳизбу ҳаракатҳо дар солҳои 90-ум алоқаманд медонад.
"Баъди фурӯпошии ИҶШС ин мухолифатҳо ба ҷанги шаҳрвандӣ кашонид, ки аз 100 то 150 ҳазор кушта дод", - гуфт Нуралӣ Давлат рӯзи 27-уми декабр дар суҳбат бо Радиои Озодӣ. Илова бар паёмадҳои ҷанги шаҳрвандӣ, ин коршинос, набуди фарҳанги сиёсии зарурӣ, дониш ва адами имкони амалӣ кардани зарфиятҳои шахсиятиро аз омилҳои бепарвоӣ ё бетарафӣ ба сиёсат медонад.
ИНЧУНИН, БИХОНЕД: Мақоми зан дар сиёсат. Як қадам ба пеш, ду қадам ба қафоФаъолшавии маҷбурӣ
Воқеан, нигариши манфӣ нисбат ба фаъолияти сиёсиро мешавад аз теъдоди зиёди тоҷикистониҳое, ки ҷанги шаҳрвандиро пушти сар гузоштаанд, шунид. Бо ин вуҷуд, агар омори расмии ҳузури мардум дар ҳавзаҳои интихоботии интихоботи президентии соли 2013 ва порлумонии 2015-ро сарфи назар кунем, пас, сатҳи иштироки мардум ҳолати комилан баръкс - фаъолмандии бузурги сиёсиву шаҳрвандиро миёни сокинон нишон медиҳад.
Дар интихоботҳои соли 2013 иштироки мардум 86,64% ва дар соли 2015 87,7%-ро ташкил дод. Дар ҳамин ҳол, ба гуфти хабарнигор ва шореҳи сиёсӣ Хайрулло Мирсаидов, ки борҳо равандҳои интихоботро дар Тоҷикистон назорат кардааст, омори расмӣ дар ҳеч сурат баёнгари фаъолмандии сиёсии шаҳрвандон нест. Ӯ гуфт, "агар фишор ва истифодаи имконоти маъмурӣ дар маҳалҳо набошад, ин гуна сатҳи баланди иштироки мардумро таъйин кардан имконнопазир аст".
Интихоботҳо дар Тоҷикистон ҳеч гоҳ мутобиқ ба меъёрҳои байналмилалӣ эътироф нашудаанд.
Мирсаидов омили аслии камфаъолии сиёсии шаҳрвандонро дар иқдомоти беш аз ҳад шадиди мақомоти ҳифзи ҳуқуқ медонад, ки талош мекунанд пеши роҳи мунтақидони ҳукуматро бигиранд. Ба андешаи ӯ, ин сабаб шуд, ки мардум метарсанд ҳатто дар доираи хонавода дар мавриди сиёсат суҳбат кунанд.
"Бетафовутии сиёсӣ ҳоло ба зиндагии шаҳрвандон таъсиргузор шудааст. Мо шоҳиди хеле корҳое ҳастем, ки аз ҷониби давлат манъ шудаанд. Дахолати давлат дар ҳаёти шахсӣ натиҷаи бетафовутии сиёсист. Мардум дар чаҳорчӯбаҳои танге ҷо карда мешаванд, зеро ки онҳо ҳеҷ гуна мушорикати сиёсиеро нишон намедиҳанд", - бовар дорад коршинос.
Қонунгузории шадид
Гузашта аз ин, мушорикати сиёсӣ дар Тоҷикистон акнун кори чандон безарар нест ва баъзе фикрҳои ошкори сиёсӣ метавонад ҳамчун даъвати оммавӣ ба ҷинояткорӣ арзёбӣ шавад. Моҳи июни имсол порлумони Тоҷикистон ба моддаи 179-и Кодекси ҷиноӣ тағйирот ворид кард, ки мутобиқи он барои даъвати оммавии содир кардани ҷинояти дорои характери террористӣ ва тавҷеҳи оммавии фаъолиятҳои террористӣ, ҷазо пешбинӣ шудааст.
Коршиносон он замон гуфта буданд, ки қабули ин тағйирот зарурати рӯз аст, вале хатари ин ҳам вуҷуд дорад, ки ин меъёри қонун аз ҷониби мақомоти ҳифзи ҳуқуқ нодуруст маънидод шуда, дар натиҷа иқдомҳои саркӯбгаронаро афзоиш диҳад.
ИНЧУНИН, БИХОНЕД: Мардум “зиракии сиёсӣ”-ро чӣ гуна мефаҳманд? ВИДЕОЧанде пештар, моҳи майи соли 2018 сокини вилояти Хатлон Алиҷон Шарифов, ки баъзан дар шабакаҳои иҷтимоӣ зери наворҳои видеоии раиси ҳизби дар Тоҷикистонин мамнӯи наҳзати исломӣ Муҳиддин Кабирӣ "лайк" мегузоштааст, барои 9,5 сол зиндонӣ шуд. Додгоҳ ӯро бо ҷурми "Даъвати оммавӣ барои зӯран тағйир додани сохтори конститутсионии Тоҷикистон бо истифода аз расонаҳо ва ё интернет" муҷрим шинохт.
"Итоаткорӣ ва қаноатмандӣ -- вижагиҳои аслии рафтори сиёсӣ"
Ҳафиз Бобоёров, доктори улуми фалсафа ва муқими Олмон, мегӯяд, ин ки шаҳрвандон комилан аз сиёсат канорагирии кардаанд, дуруст нест. Рафтори сиёсии онҳоро вижагиҳое чун сабр, қаноатмандӣ ва итоаткорӣ ташкил медиҳад. Ин вижагиҳоро ҳатто миёни онҳое, ки дар ҳукумат ҳастанд ва онҳое, ки худро мухолиф мешуморанд, низ мешавад дид, зеро аксари аъзои ҳар ду гурӯҳ комилан зери итоати пешвоёни худ қарор доранд. Ӯ чанд омилро сабаби камфаъолии рафтори шаҳрвандон медонад:
"Нахуст, фарҳанги иштироки шаҳрвандӣ ҳанӯз ба таври лозим ташаккул наёфтааст. Аз як тараф, шаҳрванди Тоҷикистон иштироки фардии худро дар сиёсат, аз он ҷумла дар интихобот бетаъсир мешуморад. Бештари шаҳрвандон мушорикати сиёсиро на ҳамчун ҳуқуқи фардӣ, балки масъулияти ҷамъӣ мепазиранд; Дувум - шароити иҷтимоӣ, бахусус муҳоҷирати меҳнатии бахши бузурги ҷавонони тоҷик дар Русия ва дигар кишварҳо боис гардидааст, ки онҳо аз ҳаёти сиёсии Тоҷикистон бегона гарданд. Ҳамчунин, кору фаъолият ва даромади иқтисодии онҳо дар хориҷи кишвар норизоятии сиёсию иҷтимоии онҳоро то андозаи чашмрас коҳиш медиҳад. Сеюм, алтернативаи муносиб барои иваз кардани низоми мавҷудаи сиёсӣ дар Тоҷикистон дар ҳолати ҷанинӣ аст, ки метавонад тавлид шавад ва ё дар ҳамин шакл аз байн равад."
На ҳама худро ғайрисиёсӣ медонанд
Вақте гап дар бораи ҷисми фаъоли ҷомеа меравад, пеш аз ҳама бояд рӯйи донишҷӯён ва ҷавонон ҳисоб кард. Маҳз ҳамин қишр бештарин гуруҳи иҷтимоӣ ва сиёсии қодир ба амалҳои фаъол мебошад. Вале созмонҳои алтернативии дигаре, ки дар баробари созмонҳои ҳукуматгаро дар Тоҷикистон аз манофеи ҷавонон ҳимоят кунанд, вуҷуд надоранд.
Соли 2017 тибқи як фармони Эмомалӣ Раҳмон Соли ҷавонон эълон шуда буд. Раиси ҷумҳур дар суханрониҳои худ ҳангоми дидор бо ҷавонон борҳо аз насли нав даъват кард, ки "аз пайвастан бо созмонҳои террористӣ, нашъаҷаллобӣ худдорӣ кунанд ва ба ҷойи ин ба илму ҳунар рӯ биоваранд ва дар корҳои сиёсиву ҷамъиятии кишвар фаъолона иштирок кунанд".
Бо вуҷуди ин, дар майдони сиёсӣ гурӯҳҳои фаъоли ҷавонон каманд ва ҳамаи онҳо, маъмулан худро ҳамчун ҳомиёни хатти муқаддами давлат ва мақомот нишон медиҳанд. Гурӯҳҳое, ки ҳар гуна қарори сиёсиро ба чолиш бикашанд, вуҷуд надоранд.
Ҳаракати ҷавонони Тоҷикистон "Авангард" яке аз ҳамин гуна гурӯҳҳо ва эҳтимол фаъолтарин созмони пуштибони сиёсатҳои ҳукумат ва раисҷумҳур мебошад. Ин созмон моҳи августи соли 2015 бо мақсади мубориза бо паҳншавии терроризму экстремизм миёни ҷавонон таъсис дода шудааст ва доим бо ҷавонон дидор мегузоранд ва дар назди сафоратхонаҳои кишварҳои аврупоиву созмонҳои байналмилалӣ ҳамоишҳои эътирозӣ алайҳи фаъолиятҳои ҳизби дар Тоҷикистон мамнӯи наҳзати исломӣ ва дигар гуруҳҳои мухолиф, баргузор мекунад.
Раҳбари ин созмон Мардихудо Давлатов бо ин ақида, ки ҷомеаи Тоҷикистон як ҷомеаи ғайрисиёсист, розӣ нест. "Ҳоло мо дар як қарни иттилоотӣ ба сар мебарем ва ҷавонон комилан огоҳанд, ки дар давру бари онҳо чӣ мегузарад. Онҳо имкон доранд, ки дар доираи имконоти пешбининамудаи қонун дар сиёсат ширкат кунанд", - мегӯяд Давлатов.
Ӯ мегӯяд, идеяи таъсиси созмон аз аввал танҳо аз ҷониби ҷавонон пешниҳод шуда буд ва ҳадафи аслӣ ҳимояти манофеи давлат ва миллат буду ҳаст. Ба суоли Радиои Озодӣ дар мавриди ин, ки оё ӯ қасд надорад, бо ин роҳ барои худ карйераи сиёсӣ бисозад, посух дод, ки мақсади ӯ танҳо ҳимояи манфиатҳои давлат ва мардум аст.
ИНЧУНИН, БИХОНЕД: Тазоҳуроти "доброволтсҳо". Роҳ ба сӯи куҷост?Бо ҳамин тартиб, аксари коршиносон бар ин назаранд, ки мушорикати сиёсӣ дар Тоҷикистон дар чаҳорчӯбаҳои муайяни идеологӣ маҳдуд карда шудааст ва талошҳои ҷалби ҷавонон ба ҳаёти ҷамъиятию сиёсӣ бо ҳадафи пуштибонӣ ва ҳифозат аз сиёсатҳои давлат ба вуқӯъ мепайвандад.
Вокуниш ба рӯйдодҳои гуногуни сиёсӣ, мисли инки дар қонунгузорӣ пазируфта шудааст ва ё изҳороти мансабдоре дар кишвар ба назар намерасад. Пешоҳанги рақобати ҳизбӣ ва сиёсӣ ҳизби ҳокими халқӣ-демократӣ боқӣ мондааст.
Ба ҷуз ин, дар кишвар 6 ҳизби сиёсии дигар вуҷуд дорад, ки тақрибан 5-тои онҳо дар порлумон намоянда доранд -- Ҳизби аграрӣ, ислоҳоти иқтисодӣ, сотсиалистӣ, деморкатӣ ва коммунистӣ. Се ҳизби дигари мухолиф - Ҳизби коммунистии Тоҷикистон, Ҳизби сотсиал-демократии Тоҷикистон ва Ҳизби он замон қонунии Наҳзати исломии Тоҷикистон натавонистан садди панҷ дарсадиро дар интихоботи моҳи марти соли 2015 убур кунанд.
Ҳарчанд ду узви Ҳизби коммунист ба таври худпешбарӣ аз ҳавзаҳои ҷудогона вориди порлумон шуда буданд, вале раёсати онзамонии ҳизб онҳоро эътироф накарда буд. Аз соли 2015 ҲНИТ дар Тоҷикистон ба таври расмӣ ҳаракати террористӣ эътироф карда шуд.