Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

"Ҷаҳон ба Путин бовар надорад, аммо нуфузи Русия меафзояд"


Владимир Путин
Владимир Путин

Назарсанҷии нави созмони Pew дар 25 кишвари ҷаҳон нишон додааст, ки дар сатҳи байналмилалӣ нисбат ба Русия ва раҳбари он Владимир Путин назари манфӣ доранд. Аммо дар айни замон нуфузи Русия дар ҷаҳон дар ҳоли афзоиш аст.

  • Натиҷаи пурсиши афкори умуми маркази таҳқиқотии Pew рӯзи 6-уми декабр нашр шуд.
Узбекистон ниёз ба сармоягузориҳои бузург дорад ва чашмбароҳи Русия аст. Қирғизистон дар муқобили Чин ба самти Русия ҳаракат мекунад. Вазъи Тоҷикистон ҳам маълум аст. Ҳамаи ин кишварҳо дар Русия теъдоди муайяни муҳоҷироне доранд, ки пеш аз ҳама аз Путин миннатдоранд

Имиҷи манфӣ

Натиҷаҳо ҳокист, ки бо вуҷуди мушкилоти фаровон, аз ҷумла таҳримҳои Амрико, инзивои геополитикӣ ва обрӯи камаш, Путин роҳҳои намоиши қудрати Маскав дар ҷаҳонро пайдо кардааст. Пурсиши Маркази назарсанҷии Pew дар миёни наздики 27 ҳазор сокини кишварҳои аврупоӣ, Амрикову Канада, давлатҳои осиёиву Ховари Миёна аз моҳи май то августи имсол анҷом шудааст.

“Дар манотиқи калидие ба мисли Ховари Миёна, Маскав аз нуфузе бархӯрдор аст, ки дар замони Иттиҳоди Шӯравӣ надошт ва дар ин минтақа Русия пайваста манфиатҳои Амрикоро ба чолиш мекашад”, - омадааст дар таҳқиқот. Маркази Pew мегӯяд, бо ин ки Амрико ва Русия дар сатҳи ҷаҳонӣ дар ҳолати рақобат ҳастанд, дар чашми бисёр кишварҳо нақши Путин ва президенти Амрико Доналд Трамп тақрибан ҳамсон ва манфӣ будааст.

Айни замон, пурсидашудаҳо гуфтанд, ки наметавонанд аз ин ҷиҳат раҳбарони дигар, мисли Трампу президенти Фаронса Эммануэл Макрон ваё садри аъзами Олмон Ангела Меркел ва президенти Чин Сӣ Ҷин Пинро ҳам дар як сатҳ баррасӣ кунанд.

Дар бархе кишварҳо, имиҷи манфии Путин ва Трамп хеле баланд будааст: дар Испания нисбат ба ҳардуи онҳо 83 дарсад ва дар Фаронса 77 дарсад назари манфӣ баён кардаанд. Дар кишварҳои дигар ин нишондод поинтар будааст. Дар муқобил, танҳо Филиппин кишваре будааст, ки дар пурсиш беш аз нисф, яъне 54 дарсад нисбат ба Путин ва Трамп эътимоди баробар доштаанд.

Танҳо 26% гуфтаанд, ки ба Путин эътимод доранд

Муҳаққиқони маркази Pew мегӯянд, дар аксар кишварҳои мавриди пурсиши онҳо, дар бораи Путин назари манфӣ изҳор карда, сабаби инро дар дахолати шахсии ӯ ба моҷароҳои калони байналмилалӣ, назири талоши таъсиргузорӣ ба интихоботи президентии соли 2016-и Амрико, заҳролуд кардани ҷосуси рус Сергей Скрипал ва духтараш дар Бритониё мебинанд.

Доналд Трамп ва Владимир Путин
Доналд Трамп ва Владимир Путин

Дар миёни пурсидашудагон дар 25 кишвари ҷаҳон, танҳо 26 дарсад ба Путин эътимод дошта, гуфтаанд, ки ӯ дар умури байналмилалӣ корҳои дуруст анҷом медиҳад. 63 дарсад гуфтаанд, ки ба ӯ эътимод намекунанд.

Бо ин ки чунин назарҳо нисбат ба раҳбарони дигари ғарбӣ камтар будааст, назари пурсидашудаҳо дар робита ба Меркелу Макрон назар ба Трамп бештар мусбат будааст. Танҳо дар Филиппин (63%), Тунис (55%), Кореяи Ҷанубӣ (53%) ва Юнон (52%) нисбат ба Русия назари нек доштаанд.

Бад буд, бадтар шудааст

Муҳаққиқон мегӯянд, дар муқоиса бо солҳои ахир, дар баъзе кишварҳо назари мардум нисбат ба Русия ва раҳбараш хеле манфӣ шудааст. Масалан, дар Шветсия агар соли 2007 - 59 дарсади мардум дар бораи Путин ва Русия назари хуб надоштанд, соли 2018 шумори онҳо то 79 дарсад афзоиш ёфт.

Дар маҷмӯъ, 42 дарсади ҳамаи пурсидашудаҳо гуфтаанд, ки назар ба даҳ соли пеш нақши Маскав дар саҳнаи байналмилалӣ хеле муҳим шудааст.

Якум ваъда ин буд, ки "ГЭСи Роғунро месозем". Баъдан ваъда доданд, ки мӯҳлати будубоши муҳоҷирони тоҷикро дароз мекунанд. Ин ҳам нашуд. Чанд бор ваъда карданд, ки дар истихроҷи газ ба Тоҷикистон кумак мекунанд. Ин ҳам нашуд.

Таҳлилгарон мегӯянд, ки дар худи Русия ҳам Путин як шахсияти хеле маъруф боқӣ мемонад. Глеб Павловский, собиқ таҳлилгари масоили стратегияи сиёсӣ дар сӯҳбат бо нашрияи “Washington Post” гуфт, “Путин тавонист як обрӯи нирӯ ва қудратро эҷод кунад”.

Бо ин ки дар пурсишҳои дохилӣ мизони маъруфияти Путин кам шуда, дар ҳудуди 66 дарсад қарор дорад, 72 дарсади сокинони ин кишвар гуфтаанд, ки нақши ӯ дар саҳнаи байналмилалӣ хеле муҳим аст. Дар дохил Путинро дар мушкилоти дохилии солҳои охир, бахусус поин рафтани сатҳи зиндагӣ айбдор мекунанд.

Путин ва Русия дар Осиёи Марказӣ: Такягоҳи ҳукуматҳои маҳаллӣ?

Ҷомеашиносони тоҷик мегӯянд, президенти Русия Владимир Путин дар қаламрави Осиёи Марказӣ ҳам як шахсияти муҳим ва таъсиргузор боқӣ мемонад. Нақши боризи раҳбари Русияро коршиносон ба мавқеи суннатии ин кишвар дар минтақа рабт медиҳанд. Онҳо мегӯянд, пас аз касби истиқлолияти ин кишварҳо, дар тасмимгириву самтгириҳои сиёсӣ ҳанӯз нақши Кремл муҳим боқӣ мемонад.

Аксар кишварҳои Осиёи Марказӣ бахше аз тарҳҳои стратегии Маскав, назири созмонҳои Муштарак-ул-Манофеъ, СПАД, Иттиҳоди АвруОсиё, Созмони Ҳамкориҳои Шонгҳой мебошанд, дар хоки Тоҷикистону Қирғизистон ҳазорҳо сарбози рус дар пойгоҳҳои низомии ин кишвар мустақар ҳастанд. “Ҳамаи ин нуфузи Русия дар минтақа аст, барои ҳукуматҳои маҳаллӣ муттакои ҳифзи суботу қудрат”, - мегӯянд таҳлилгарон. Илова ба ин, ҳамаи ин кишварҳо бо Русия додугирифтҳои азими тиҷоративу иқтисодӣ доранд.

Музаффар Олимов
Музаффар Олимов

Ин андешаро ҷомеашиноси дигар Музаффар Олимов, раҳбари маркази назарсанҷии “Шарқ“ ҳам тасдиқ мекунад. Ӯ мегӯяд, дар Тоҷикистон, назар ба кишварҳои дигар, нуфузи Путин ва Русия ҳамеша нисбатан баланд будааст. Ба гуфтаи ӯ, як сабабаш агар дар ҳузури тӯлонии ӯ дар сари қудрат бошад, сабаби дигараш ба нақши ӯ дар саҳнаи байналмилалӣ рабт мегирад.

Решаи нуфузи Путин ва Русия аз куҷо об мехӯрад?

Салими Аюбзод, шореҳи масоили минтақавӣ дар Радиои Озодӣ мегӯяд, дар бораи “нуфузи муассири Путин ва Русия” дар минтақа матбуоти маҳаллӣ ҳам зиёд менависад: “Решааш ҳам дар он аст, ки, масалан, Қазоқистон ҳамеша як ҳаросе дорад, ки ҳодисаҳои шабеҳи Қриму Украина такрор нашавад. Узбекистон низ ниёз ба сармоягузориҳои бузург дорад ва чашмбароҳи Русия аст. Қирғизистон ҳам дар муқобили Чин ба самти Русия ҳаракат мекунад. Вазъи Тоҷикистон ҳам маълум аст. Ҳамаи ин кишварҳо дар Русия теъдоди муайяни мардикоре доранд, ки пеш аз ҳама аз Путин миннатдоранд”.

Салими Аюбзод
Салими Аюбзод

Ӯ гуфт, солҳои охир ҳукуматҳои минтақа талош мекунанд, ки дар тасмимгириҳои сиёсии худ то андозае мустақилияти худро ҳифз кунанд ва инро дар мисоли адами пуштибонӣ аз Русия дар қазияҳои ҷудоиталабии Абхозистону Осетияи Ҷанубӣ, ғасби нимҷазираи Қрим ва шурӯи низоъҳо дар Украина шоҳид шуд. Аксар кишварҳои минтақа, аз ҷумла Тоҷикистон, аз ин ҳама тадбирҳои мавриди интиқоди Русия дастгирӣ накарданд.

Ба андешаи бархе дигар таҳлилгарон, ҳарчанд дар роҳандозии сиёсатҳои дохилӣ кишварҳои минтақа талош мекунанд аз манфитаҳои миллии худ ҳимоя кунанд, дар баъзе масъалаҳои муҳиму стартегӣ, мисли интихоботу самтгириҳои сиёсӣ, боз ҳам бо нигоҳ ба Кремл амал мекунанд.

“Чанд ваъда дод, аммо вафо накард”

Ҷомеашиноси тоҷик Ойниҳол Бобоназарова мегӯяд, дар даҳ-понздаҳ соли охир ҷомеаи суннатан русгарои Тоҷикистон, шоҳиди он шуд, ки президенти ин кишвар ба ваъдаҳои худ вафо накард. Ба гуфтаи ӯ, интизориҳои ҷомеаи Тоҷикистон бештар марбут ба иҷро шудани тарҳҳои иқтисодие ба мисли бунёди нирӯгоҳи Роғун ва ҳам имтиёзҳои корӣ барои муҳоҷирон буд, ки иҷро нашуд.

Ойниҳол Бобоназарова
Ойниҳол Бобоназарова

"Якум ваъда ин буд, ки "ГЭСи Роғунро месозем". Баъдан ваъда доданд, ки мӯҳлати будубоши муҳоҷирони тоҷикро дароз мекунанд. Ин ҳам нашуд. Чанд бор ваъда карданд, ки дар истихроҷи газ ба Тоҷикистон кумак мекунанд. Ин ҳам нашуд. Дар масъалаҳои сиёсӣ бубинед: Путин ягон дафъа дар бораи демократия ва ҳуқуқи инсон суҳбат накардааст"

Ин фаъоли ҷамъиятӣ мегӯяд, нақши Русия дар сиёсат ва дигар бахшҳои Тоҷикистон таъсиргузор боқӣ мемонад, чунки вобастагии зиёд дорад. Масъалаи муҳоҷирати кории беш аз 1 миллион шаҳрванди Тоҷикистон ба Русия дар дарозмуддат ин вобастагиро ногузир ва нақши Маскавро дар ин кишвар зиёд мекунад.

XS
SM
MD
LG