Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Ҷон Маккейн – Аз қаҳрамони ҷанг то рамзи сиёсат


Ҷон Маккейн, шаш дафъа узви Сенати Амрико аз аёлати Аризона ва қаҳрамони ҷанг, ки тақрибан шаш соли умрро дар асорат дар яке аз зиндонҳои Ветнам паси сар кардааст, аз саратони мағз даргузашт. Ӯ 81 сол дошт.

Аз Маккейн раҳбарони демократ ҳам дар амон намонданд. Ӯ яке аз мунтақидони сарсахти сиёсати президент Барак Обама дар марвиди хуруҷи нирӯҳо аз Ироқ буд.

Дафтари сенатор Маккейн дар як иттилоия гуфт, ӯ баъд аз зуҳри 25-уми август дар канори ҳамсараш – Синди ва дигар аъзои оила ҷон дод. Дар ин иттилоия гуфта шудааст, Маккейн 60 сол содиқона ба Иёлоти Муттаҳида хидмат намуд.

Хонум Синди дар "Твиттер" навишт, ки бо рафтани Ҷон Маккейн қалбаш шикаста шуд. Вай гуфтааст, бахташ омад кард, ки бо ин марди, ба қавли ӯ, фавқулодда 38 сол ишқу зиндагии муштарак дошт. "Ӯ ҳамон тавре ки зиндагӣ кард, ҳамон тавр рафт – Дар иҳотаи одамоне, ки зиёд дӯсташон медошт ва дар маҳалле, ки барояш бисёр мақбул буд", - афзудааст ӯ.

Ҷон Маккейн
Ҷон Маккейн

"Ҳамаи мо дар назди Маккейн қарздорем"

Пас аз онки хабари маризии Маккейн расонаӣ шуд, президенти Амрико Доналд Трамп ҳамлаҳои лафзиашро ба сенатор идома дод. Маккейн баъзан аз сиёсати президенти ҳамҳизбаш интиқод мекард.

Трамп баъди марги Маккейн дар Твиттер эҳтирому ҳамдардии амиқи худро ба хонаводаи сенатори ҷумҳурихоҳ баён кард ва гуфт, "дуову қалби мо бо шумост".

Раиси ҷумҳури собиқи Амрико Барак Обама гуфт, ҳамаи мо дар назди Маккейн қарздор ҳастем. Вай дар изҳороташ ёдоварӣ кард, ки бо Ҷон Маккейн намояндаи наслҳои гуногун буда, аз ҷомеаҳои мухталиф бархостаанд ва дар сатҳи баландтарини сиёсат рақобат доштанд.

Аз Маккейн гоҳе ба хотири омодагиаш барои ҳамкорӣ бо демократҳо дар масоили мушкил тавсиф мекунанд.

Таваллуд дар хонаводаи низомӣ

Маккейн рӯзҳои охири умрашро дар канори хонавода ва дӯстон дар Аризона гузаронд. Дар онҷо китоби навбатии ӯ бо номи "Мавҷи ноором" нашр шуд ва телевизиони НВО низ филми ҳуҷҷатиеро дар борааш намоиш дод.

Маккейн рӯзи 29-уми августи соли 1936 дар як урудгоҳи нирӯҳои дарёии Панама дар хонаводаи низомӣ ба дунё омад. Бо пайравӣ аз паадру бобояш, ӯ низ Академияи нирӯи дарёиро соли 1958 дар Анаполис хатм кардааст.

Баъд аз даҳ сол ӯ барои иштирок дар ҷанги Ветнам даъват шуд. Ҷангандаи Маккейн моҳи октябри соли 1967, ҳангоме ки 31 сол дошт, дар Ханой зада шуд ва ӯ бо ду дасту пойи шикаста асир афтод. Беш аз панҷ соли умрашро дар асорат пушти сар кард.

Новобаста аз шиканҷаи зиёд дар зиндони Ветнам, Маккейн пешниҳоди раҳоии пеш аз муҳлатро қабул накард ва гуфт, ҳамроҳи охирин зиндонии амрикоӣ ин маҳбасро тарк хоҳад намуд. "Ман ошиқи кишвари худ будам, вақте дар кишвари бегона зиндонӣ шудам", — гуфт ӯ ҳангоми суханронӣ дар маросими пешниҳоди номзадиаш аз ҳизби ҷумҳурихоҳ дар интихоботи соли 2008.

"Ман ин кишварро барои бовар, оқилӣ, адолат ва меҳрубонии мардумаш дӯст доштам. Ман дӯсташ доштам, чун ин танҳо як кишвар набуд, идеяе буд, ки арзиши муборизаро дошт. Ман дигар ҳеҷ вақт мисли пешина набудам. Бештар ба худам тааллуқ надоштам. Ман мутааллиқ ба кишварам будам", - афзуд ӯ.

Аз қаҳрамони ҷанг ба рамзи сиёсат

Аммо амалкардҳои ӯ дар минбаъда нишон дод, ки Ҷон Маккейн мисли пешина мутааллиқ ба худаш буд. Ҳамчун сенатор президентҳоро новобаста аз ҳизбашон ба чолиш мекашид. Ҳамин тавр, дар чашми ҷомеа ӯ аз як қаҳрамони ҷанг ба рамзи сиёсат табдил шуд.

Дар давраи аввали ворид шуданаш ба Конгресс алайҳи тасмими президент Роналд Рейган дар мавриди ҷойгир кардани туфангдорони дарёӣ дар Бейрут баромад. Ин нигаронии Маккейн баъди онки моҳи октябри соли 1983 як террористи маргталаб ба урудугоҳ омада ва 241 туфангдори дарёиро кушт, собит шуд.

Аз Маккейн раҳбарони демократ ҳам дар амон намонданд. Ӯ яке аз мунтақидони сарсахти сиёсати президент Барак Обама дар мавриди хуруҷи нирӯҳои амрикоӣ аз Ироқ буд.

Дар нақши мухолифи аслии президент

Ин вазъ замоне ки Кохи Сафед ба ихтиёри Доналд Трамп гузашт, низ тағйир накард. Маккейн нақши мухолифи аслии раиси ҷумҳурро иҷро мекард. Ҳарду баъзан ба хотири сиёсати берунӣ, бахусус дар масоили Сурияву Русия ва Чин вориди баҳс мешуданд.

Дар сатҳи байналмилалӣ Маккейн бо рӯиростгӯиҳояш машҳур буд ва ин боис гардид, ки муносибаташ бо чанд нафар қатъ шавад.

Президенти Русия Владимир Путин дар як суҳбати соли 2017 гуфта буд, ки Маккейн яке аз мунтақидони қадимии ӯст. Маккейн замоне гуфта буд, ки дар муқоиса ба гуруҳи тундрави "Давлати исломӣ", Путин таҳдиди бузургтаре ба ҷаҳон аст.

XS
SM
MD
LG