Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

"Менеҷменти тоҷикӣ". Раҳбар бояд чӣ гуна бошад? ВИДЕО


Санҷиши додситонӣ дар Тоҷикистон дар ноҳияи Фархор собит кардааст, навори садое, ки ба Сулаймон Вализода, раиси ин ноҳия нисбат дода мешуд, "монтажшуда аст".

  • Моҳи гузашта дар шабакаҳои иҷтимоӣ сабти садое нашр шуд, ки зоҳиран дар ҷаласаи ҳукумати ноҳияи Фархор сабт шудааст. Дар ин порчаи садо Сулаймон Вализода бо асабоният ба сари зердастонаш доду фарёд мебардорад ва дар баъзе ҷойи навор "дашномҳои зишт" шунида мешавад.
Муносибаташон он қадар хуб нест. Дағал рафтор мекунанд. Дар замони Шӯравӣ раҳбарон чунин набуданд. Як меҳру муҳаббат буд. Ҳурмат буд...

"То болои сарашон набошӣ, кор намекунанд"

Сулаймон Вализода, раиси ноҳияи Фархор, дар суҳбат бо Радиои Озодӣ гуфт, санҷиш сохта будани ин аудиоро собит кард, чун дар он дашномҳоро ворид кардаанд. "Ин як сабти монтажшуда буд. Намедонам кӣ ва бо кадом мақсадро онро паҳн кард", - гуфт Вализода.

Ин қазия дигарбора масъалаи муносибати роҳбару коргар ваё ба истилоҳ вижагиҳои "менеҷменти тоҷикӣ"-ро дар миён гузошт.

Сулаймон Вализода
Сулаймон Вализода

Бархе аз роҳбарони собиқадор дар Тоҷикистон ба ин назаранд, ки дар шароити Тоҷикистон, бидуни садобаландкунӣ, муштзанӣ рӯи миз ва лаҳни тунд идора кардани коргарон душвор ва гоҳе номумкин аст. Яке аз ҳамсуҳбатони мо, ки солҳо дар сохторҳои ҳукуматӣ кор кардааст, ба шарти набурдани номаш гуфт, "дар хислати мо табармусулмонӣ ҳаст. То дод назанӣ, кори дурусту ҳалол намекунанд. Бояд ҳамеша болои сарашон бошӣ ва аз худ дарак диҳӣ. Он вақт кор мекунанд. Як лаҳза фориғ мондӣ, "холабеғам" мешаванд ва корро аз ёд мебаранд."

Видео: Сокинон дар бораи муносибати раисон бо зердастон

Муносибати раҳбаратон бо Шумо чӣ гуна буд?
лутфан мунтазир бошед

Феълан кор намекунад

0:00 0:02:30 0:00

Насли нави менеҷерон: Ба иззати нафс намерасем

Аммо насли нави менеҷерҳо дар Тоҷикистон мегӯянд, дигар бо дағаливу сахтгуфторӣ, ҷанҷол ва ба истилоҳ сиёсат кардан кори ширкату идораро пеш бурда намешавад. Ба фарқ аз раисони пешин, ки обзорашон бештар дӯғу пӯписа ва муштзанӣ рӯи миз буд, мудирони нав мегӯянд, аз фишангҳои таъсирасонии нав ба зердастон кор мегиранд.

Беҳзод Файзуллоев
Беҳзод Файзуллоев

Беҳзод Файзуллоев, раиси ширкати “Бабилон”, мудиряити бузургтарин ширкати мобилии Тоҷикистонро ба уҳда дорад. Дар расонаҳои маҳаллӣ борҳо аз ӯ ҳамчун менеҷери муваффақ ном бурдаанд.

Файзуллоев гуфт, мудирияти ширкати бузург, ки даҳҳо нафар кор мекунанд бидуни қоидаҳои барои ҳама яксон душвор аст. Ҳарчанд ба гуфтаи ӯ ҳолатҳое мешаванд, ки ӯ аз кор ё рафтори кормандон асабӣ мешавад. “Албатта, кӣ асабӣ ваё ғазаболуд намешавад? Одами зинда механдад, мегиряд, асабонӣ мешавад. Лекин кӯшиш мекунам, ба иззати нафси касе нарасам. Фақат инки хиёнати кормандро намебахшам. Дуздӣ кунад, фиреб диҳад, намебахшам. Ҷазо медиҳам, аз кор меронам. Дар дигар ҳолат камбудҳо ислоҳшавандаанд”.

Беҳзод Файзуллоев тарҷибаи 15-солаи мудирияти ширкатеро дорад, ки ба чолишу душвориҳо ва баҳсҳои додгоҳии зиёде рӯ ба рӯ шудааст. Ӯ мегӯяд, аз оғози таъсиси ширкат усулҳои мудириятеро, ки дар шикратҳои хориҷӣ роиҷ аст, ҷорӣ кардааст.

“Шартномаи коллективӣ”

Мо ба кормандон тавре дар ширкатҳои хориҷӣ рафтор мекунанд, муносибат мекунем. Вобаста ба вазъият дар мавридаш мукофот медиҳем, ҷояш шавад, ҷарима мекунем, аз кор меронем. Бар замми ин дар ширкат “шартномаи коллективӣ” дорем, ки дар онҷо ҳама қоидаҳои рафтор дар ширкат зикр шудааст. Ба ҳама кормандон як хел аз рӯи ҳамин қоидаҳо муносибат мекунем”.

Мудирон ва ё менеҷерҳое, ки бо Радиои Озодӣ ҳамсуҳбат шуданд, аз якчанд сифатҳое ном бурданд, ки дар кормандон онҳо таҳаммул карда наметавонанд. Риоят накардани интизоми корӣ, дағалӣ, хиёнат, бемасъулиятӣ ва ё гоҳо камфаъолии кормандонро ҳамсуҳбатони мо аз ҷумлаи сифатҳое ном бурданд, ки зуд-зуд вомехӯранд ва таҳаммулашро надоранд.

"Ба кисаашон зарба зан, ба худ меоянд"

Азиз Зикрияев
Азиз Зикрияев

Азиз Зикрияев, мудири кулли ширкати “Киви-Тоҷикистон”, хадамоти пардохтҳои фавриву электрониро ба муштариён пешниҳод мекунад, гуфт, ҳолатҳое мешавад, ки аз рафтор ваё камбудии корманд асабӣ мешавад, аммо ҳеҷ гоҳ ба худ иҷозаи дашном ваё сухани қабеҳро намедиҳад.

Ӯ гуфт, “дар ширкати мо дашном ва ё сухани қабеҳ задан умуман нест. Мо дар муносибат ба кормандон аз усули зар ваё зӯрӣ истифода мебарем. Системаи бонусҳо дорем. Ӣарои кори хуб бар изофаи маош иловапулӣ медиҳем. Баръакси он, барои онҳое ки саҳлангорӣ мекунанд, аз маошашон медорем. Фишанги молиявӣ хеле хуб кор мекунад, вақте корманд натиҷаи рафторашро дар ҷайбаш эҳсос кард, тағйир меёбад. Ҳоҷат ба дӯғу пӯписа нест”.

"Рафтани як коргари муҳим бар зарари ширкат аст"

Баъзан роҳбарон ҳам маҷбур мешаванд, ки дод бизананд. Ё коргарон гапро гӯш намекунанд, ё дер ба кор меоянд.

Зикрияев гуфт, чун самти ширкати зери роҳбарии ӯ хидматрасонӣ аст, ба рафтор ва гуфтори кормандон ҷиддӣ аҳамият медиҳанд, вагарна як гуфтор ваё рафтори ноҷои корманд метавонад ба обрӯи ширкат латма ворид кунад. “Мо маркази хидматрасонӣ – колл сентр дорем. Муштариҳо зиёд занг мезананд. Дар ҳолатҳои гуногунанд. Баъзеашон асабӣ, дағалгуфторҳо ҳам ҳастанд. Лекин корманд ҳақ надорад, дағалӣ кунад, чун агар як муштарӣ ранҷид, метавонад ба даҳҳо нафар расонад ва обрӯи ширкат латма бинад”.

Зикрияев гуфт, ӯ ҳамчун роҳбар дуздӣ ва фиребгарии кормандонро намебахшад. “Масалан агар коргар дер ояду гӯяд, чархи маршрутка кафид, инро нодида гирифтан мумкин аст. Аммо агар дурӯғ барои фоида бардоштан ваё зиён расонидан бошад, нобахшиданист”, - иброз дошт Зикрияев.

Ин менеҷери ҷавони тоҷик гуфт, ба мушоҳидаи ӯ фазои корӣ дар ширкатҳои хусусӣ нисбат ба давлатӣ оромтар аст ва роҳбарон ба худ иҷозаи таҳқир ва ё дашноми кормандро намедиҳанд. "Чун барои ширкати хусусӣ аз даст додани корманд ба зарари ширкат тамом мешавад. Даромади идораҳои давлатӣ аз омаду рафтани кадом як корманд вобаста нест ва аз ин рӯ роҳбарони идораҳои давлатӣ гоҳе аз мақоми худ сӯиистифода мекунанд", - афзуд ӯ.

Чанде аз сокинони шаҳри Душанбе низ дар суҳбат бо Радиои Озодӣ гуфтанд, ки муносибати раисони ҳозира дар муқоиса ба даврони Шӯравӣ ба самти манфӣ тағйир кардааст:

  • Муносибаташон он қадар хуб нест. Бесавод мегӯянд. Дағал рафтор мекунанд. Дар замони Шӯравӣ раҳбарон чунин набуданд. Як меҳру муҳаббат буд. Ҳурмат буд. Ҳозир ин хел нест.
  • Баъзан роҳбарон ҳам маҷбур мешаванд, ки дод бизананд. Ё коргарон гапро гӯш намекунанд, ё дер ба кор меоянд. Дар куҷое кор кардам, шахсан муомилаи хуб дидам.
  • Ман 25 сол боз дар як ширкати хусусӣ барои қабули меҳмонҳои хориҷӣ кор мекунам. Дар ин муддат боре ҳам дағалӣ надидам. Ба ман хуб рафтор мекунанд.
  • Маҷбур мекунанд, ки ба рӯзнома обуна шав. Ҳеҷ кас гап зада наметавонад. Як гап занӣ, мегӯянд, намехоҳӣ, ҷойро холӣ кун. Ҳуқуқи гап задан надорем.

Дар ҳамин ҳол, коршиносон мегӯянд, мушкили асосии бештари коргарон ин аст, аз одитарин ҳуқуқи худ дар баробари масъулини корхона ва муассиса дифоъ карда наметавонанд. Дар ҳоле, ки ба гуфтаи онҳо, қонунгузории Тоҷикистон заминаи ҳуқуқии бастани қарордодро бо риояи ӯҳдадориҳои дуҷониба миёни кордеҳ ва коргар фароҳам кардааст.

XS
SM
MD
LG