Хушрӯз Ҷумъаев, маъруф ба Хушом Ғулом, блогер ва фаъоли зиндонӣ аз Вилояти Мухтори Кӯҳистони Бадахшон, дар номае аз маҳбас паём додааст, ки аҳволаш хуб нест ва ба ҷарроҳӣ ниёз дорад. Ӯ 26-сола аст.
Ин пажӯҳишгари таърих ва забонҳои помирӣ соли 2022 ҳамроҳи даҳҳо фаъоли дигар аз Бадахшон бо иттиҳоми "узвият дар гурӯҳи ҷиноӣ" боздошт ва ҳашт сол аз озодӣ маҳрум гашт. Созмонҳои ҳомии ҳуқуқи инсон ҳукми ӯро сиёсӣ номиданд.
Дар номаи кӯтоҳе, ки Радиои Озодӣ нусхаашро рӯзи 24-уми феврал дастрас кард, Хушрӯз Ҷумъаев (Хушом Ғулом) навиштааст, аз аввали соли 2026 аҳволаш "бисёр бад шудааст". "Баъди ташхис пизишк гуфт, ки бояд ҷарроҳӣ шавӣ. Сабаби пайдо шудани бемориро бароям нагуфтанд," – навиштааст ӯ.
Вай дар номае, ки Радиои Озодӣ нусхаашро дорад, аз беморияш ном набурда, вале гуфтааст, он соли 2022 ва пас аз боздошт пайдо шуд ва соли 2023 як ҷарроҳиро аз сар гузаронд. Дӯстонаш бе зикри ном рӯзи 24-уми феврал ба Радиои Озодӣ гуфтанд, ки "узвҳои таносули Хушом Ғулом осеб дида буданд ва соли 2023 аз ҳамин ҳисоб ҷарроҳӣ шуд".
Дар Идораи зиндонҳои Тоҷикистон ба зангҳои мо ҷавоб надоданд, то дар бораи сиҳатии фаъоли зиндонӣ суол кунем.
Гулғунча Очибековна, модари Хушрӯз нахост, ки дар бораи писараш бо Радиои Озодӣ гап занад ва гуфт, ӯ зидди "навиштани ҳар гуна чизи бефоида" дар бораи писараш аст."
ИНЧУНИН, БИХОНЕД: Хушом Ғулом. "Ба шеър, мусиқӣ ва таърих шавқ дошт, аммо..."Дар охири соли 2021 ва то миёнаи соли 2022 гурӯҳе аз сокинони ВМКБ алайҳи рафтори кормандони мақомоти интизомӣ эътироз карданд. Моҳи май ва июни соли 2022 эътирози сокинон саркӯб ва даҳҳо фаъоли помирӣ боздошт шуданд, ки Хушрӯз Ҷумаъев (Хушом Ғулом) яке аз онҳо буд. Ӯро барои таъсиси гуруҳи, ба гуфтаи мақомот, ҷиноии “Комиссияи 44” муттаҳам карданд.
Ин комиссия моҳи ноябри соли 2021 пас аз эътирози 4-рӯза дар шаҳри Хоруғ ва дар натиҷаи созиши мақомот бо муътаризон таъсис шуд. Аъзои аслии ин комиссия – намояндагони ҷомеаи шаҳрвандии ВМКБ дар ҳамкорӣ бо мақомот тафтиши кушта шудани сокини ноҳияи Роштқалъа Гулбиддин Зиёбеков, ба ҷавобгарӣ кашидани гунаҳкорон ва ба ин тартиб ҳал кардани буҳрони сиёсиро дар минтақа бар уҳда гирифтанд.
Онҳо чанд дафъа бо нияти ҷалби таваҷҷуҳ ба вазъият дар вилоят ба раиси ҷумҳури Тоҷикистон, раиси порлумон ва созмонҳои байнулмилалӣ муроҷиат карданд. Аммо баъд аз воқеаҳои моҳи майи соли 2022 ин комиссия гуруҳи муташаккили ҷиноӣ эълон шуд ва аъзои фаъоли онро аз 8 то 29 сол зиндонӣ карданд.
Ҷумъаев баъди эътирозҳои моҳи ноябри соли 2021 дар Хоруғ ба аъзои “Комиссияи 44” кумак мекард, дар ҳоле ки худ узви он набуд.