Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Хушом Ғулом. "Ба шеър, мусиқӣ ва таърих шавқ дошт, аммо..."


Хушом Ғулом
Хушом Ғулом

Хушрӯз Ҷумъаев, маъруф ба Хушом Ғулом, блогер, фаъол ва пажӯҳишгари 24-солаи таърих ва забонҳои помирӣ дар аввали моҳи декабри соли 2022 ба ҳашт сол зиндон маҳкум шуд.

Хушомро дар миёни мухотабони тоҷикзабон намешинохтанд, зеро ӯ блоги худро умдатан ба забони шуғнӣ ва гоҳе ба забони русӣ гардонандагӣ мекард. Ба гуфти дӯстонаш, ӯ таҳсилоти ибтидоӣ ва олии худро дар Русия гирифта, сипас, ҷиддан ба омӯзиши фарҳанг, таърих ва забонҳои помирӣ машғул шуд.

Наздиконаш ҳамчунин мегӯянд, ӯ бо Улфатхоним Мамадшоева, ки ба 21 сол ва Музаффар Муборакшоев, узви “Комиссияи 44”, ки ба 29 сол зиндон маҳкум шуд, робитаи наздик дошт. Саҳифаҳои Хушом Ғулом дар шабакаҳои иҷтимоӣ баёнгари робитаи ӯ бо ин ду нафар аст.

“Хушом ба шеър, мусиқӣ ва таърих шавқ дошт. Бо роҳандозии ду тарҳ “Помере зивен” ва “Помере инфо” таъриху фарҳанги Бадахшонро тарвиҷ медод. Ҳифзи мероси таърихии Помир ва тавсеаи забонҳои бе хатти помириро рисолати худ медонист.

Ӯ рӯйи таҳияи алифбои помирӣ кор мекард ва ба дурустӣ бовар дошт, ки мо аз ин тариқ мероси фарҳангии ниёгони худро ҳифз кунем. Ба дунболи тағйири навъи нигоҳ ба забонҳои помирӣ буд, ки дар зеҳни аксарият ба унвони лаҳҷаи забони тоҷикӣ талаққӣ мешуданд, дар ҳоле ки забонҳои комилан ҷудо ҳастанд.

Ҳадафи ӯ дар мухолифат қарор додани фарҳанги асили Помир бо фарҳанги умумии Тоҷикистон набуд. Баръакс, ӯ ояндаи Бадахшонро мунҳасиран дар ҳайати Тоҷикистон медид ва ифтихор мекард, ки теъдоди зиёди зодагони Бадахшон дар пешбурди ҷумҳурӣ саҳми назаррасе доштаанд. Ӯ ният дошт, шоирон ва нависандагони ҷавонро ҳимояти иттилоотӣ кунад, барои олимони маъруфи Помир осорхона созад ва ба корҳои тарҷумонӣ даст бизанад”, - нақл яке аз дӯстони наздики Хушом Ғулом.

Хушрӯз Ҷумъаев 20-уми майи соли 2022, чанд рӯз баъд аз боздошти Улфатхоним Мамадшоева, дастгир шуд. Ӯро барои таъсиси гуруҳи, ба гуфтаи мақомот, ҷиноии муташаккил “Комиссияи 44” муттаҳам карданд.

Ин комиссия моҳи ноябри соли 2021 пас аз эътирози 4-рӯза дар шаҳри Хоруғ ва дар натиҷаи созиши мақомот бо муътаризон таъсис шуд. Аъзои аслии ин комиссия – намояндагони ҷомеаи шаҳрвандии ВМКБ дар ҳамкорӣ бо мақомот тафтиши кушта шудани сокини ноҳияи Роштқалъа Гулбиддин Зиёбеков, ба ҷавобгарӣ кашидани гунаҳкорон ва ба ин тартиб ҳал кардани буҳрони сиёсиро дар минтақа бар уҳда гирифтанд.

Онҳо чанд дафъа бо нияти ҷалби таваҷҷуҳ ба вазъият дар вилоят ба раиси ҷумҳури Тоҷикистон, раиси порлумон ва созмонҳои байнулмилалӣ муроҷиат карданд. Аммо баъд аз воқеаҳои моҳи майи соли 2022 ин комиссия гуруҳи муташаккили ҷиноӣ эълон шуд ва аъзои фаъоли онро аз 8 то 29 сол зиндонӣ карданд.

Ҷумъаев баъди эътирозҳои моҳи ноябри соли 2021 дар Хоруғ ба аъзои “Комиссияи 44” кумак мекард, дар ҳоле, ки худ узви он набуд.

Вазорати умури хориҷии Амрико рӯзи 8-уми декабри соли 2022 нигаронии худро дар мавриди маҳкумиятҳои тӯлонимуддати зиндон барои рӯзноманигорон, блогерон ва фаъолони ҷомеаи шаҳрвандии Тоҷикистон, ки аз ҳаққи озодии баён истифода карданд, иброз кард.

“Мо хоҳони муҳокимаҳои боз ва одилонаи додгоҳӣ ҳастем ва афроде, ки ба ноҳаққ боздошт шудаанд, бояд озод шаванд”, гуфта мешавад дар баёнияе, ки дар сафҳиа Твиттери Вазорати хориҷаи ИМА нашр шуд.

Созмонҳои байнулмилалии ҳуқуқи башар ҳукумати Тоҷикистонро барои боздошти фаъолони ҷомеаи шаҳрвандии ВМКБ танқид карданд. Аз ҷумла, Дидбони Ҳуқуқи Башар аз ҳукумати Тоҷикистон хсот, то аз боздоштҳои ғайриқонунӣ ва муҳокимаҳои ноодилонаи сокинони ВМКБ даст бардорад.

Гуфтугӯ

XS
SM
MD
LG