Ҳузури бештари Рустами Эмомалӣ дар канори падар. Оё интиқоли қудрат наздик аст?

Рустами Эмомалӣ (чап) бо падараш Эмомалӣ Раҳмон (рост) ҳангоми ба истифода додани Театри Миллӣ. Шаҳри Душанбе, моҳи августи 2026

Гоҳе дар ифтитоҳи мактабу кӯдакистону варзишгоҳ ва гоҳе дар сафарҳои хориҷӣ ё қабули сарони давлатҳо. Рустами Эмомалӣ, писари калонии раисҷумҳури Тоҷикистон, акнун ҳарчи бештар дар маъракаҳои расмӣ ва телевизионҳои давлатӣ дар канори падараш зоҳир мешавад.

Чанде пеш ҳардуи онҳо Владимир Путин, раисҷумҳури Русияро дар Душанбе якҷоя пешвоз гирифтаву гусел карданд. Маскав то ҳол дар Осиёи Марказӣ, аз ҷумла Тоҷикистон, нуфузи чашмгир дорад. Ва маҳз рӯйдоди охир гуфтугӯҳоро дар бораи эҳтимоли интиқоли қудрат дар Тоҷикистон, ки соли оянда бояд интихоботи президентӣ баргузор кунад, гарм кард.

Коршиносон ба бахши Осиёи Марказии Радиои Озодӣ гуфтанд, ки бештар нишон додани Рустами Эмомалӣ ба мардум як бахши омодагӣ барои додани курсӣ аз падар ба писар аст. Онҳо ҳамзамон ба чанд суоли муҳим ишора мекунанд:

  • Рустами Эмомалии 38-сола ҳамчун сиёсатмадор то чӣ ҳад мустақил аст?
  • Оё пуштибонии бозигарони хориҷиро ба даст оварда метавонад?
  • Ва бе пуштибонии мустақими падар метавонад гурӯҳҳои бонуфузро дар дохили кишвар зери назорат гирад?

Падару писар

Дар аксу наворҳои хадамоти матбуоти президент, роҳбари Тоҷикистон ва писари ӯ, ки ҳамзамон раиси Маҷлиси Миллӣ ва шаҳрдори Душанбе аст, дар ҳафтаҳои охир ҳарчи бештар якҷо дида мешаванд.

Эмомалӣ Раҳмон ва Рустами Эмомалӣ рӯзи 10-уми ноябр дар ифтитоҳи омӯзишгоҳе дар ҳудуди Академияи Вазорати корҳои дохилӣ дар пойтахт иштирок карданд. Аз он пеш, дар охири моҳи октябр, як меҳмонхонаи боҳашамат дар пойтахт, чанд корхона ва як маркази тиббиро ба истифода доданд.

Ба гуфтаи хабарнигори яке аз телевизионҳои давлатӣ дар Тоҷикистон, ки ба далели амниятӣ нахост номаш бурда шавад, ба расонаҳо тавсия дода мешавад, ки ҳар рӯз Эмомалӣ Раҳмон ва писараш Рустами Эмомалиро дар барномаҳо нишон диҳанд ё аз онҳо ном баранд.

Эмомалӣ Раҳмон ва писараш Рустами Эмомалӣ ҳангоми ифтитоҳи Бемористони байналмилалии Душанбе. 13-уми ноябри соли 2026

Яке аз коршиносони тоҷик (дар хориҷа қарор дорад, вале барои зарар нарасидан ба наздиконаш дар Тоҷикистон нахост номаш зикр шавад) ҳузури якҷоя ва зуд-зуди Эмомалӣ Раҳмону писарашро "бахше аз як маъракаи барномарезишудаи сиёсӣ" номид. Ӯ гуфт: "Албатта, омодагӣ ба интиқоли қудрат тақрибан даҳ сол ё ҳатто пештар аз он шуруъ шудааст. Ба назари ман, хадамоти матбуоти президент дидаву дониста Рустами Эмомалиро бештар дар канори падараш нишон медиҳад, то ҷомеа ба тадриҷ ӯро ҳамчун роҳбари ояндаи давлат бипазирад. Дар ин сурат худи интиқоли қудрат ҳамчун як қадами табиӣ ва мантиқӣ қабул хоҳад шуд."

Брюс Паннир, рӯзноманигор ва пажӯҳишгари амрикоии масоили Осиёи Марказӣ, ҳузури пайвастаи Рустами Эмомалиро дар канори падараш чунин шарҳ дод: "Ӯро ошкоро барои он омода мекунанд, ки президенти навбатии Тоҷикистон гардад. Ҳама мефаҳманд, ки президенти оянда маҳз ӯ хоҳад шуд. Вай бо ҳамаи президентҳои кишварҳои Осиёи Марказӣ мулоқот кардааст."

Инро ҳам бинед:

Аз Путин... то Раҳмон. Кӣ чӣ гуна умри ҳукуматашро дароз кард?

Ба андешаи Паннир, барои Рустами Эмомалӣ муҳим аст, ки аз пуштибонии роҳбари Русия Владимир Путин ва раисҷумҳури Чин Си Ҷинпин бархӯрдор гардад, зеро ин ду давлат дар Осиёи Марказӣ нуфуз ва ҳузури фаровон доранд. Дар айни замон ӯро зарур будааст, бо роҳбарони кишварҳои ҳамсоя дар минтақа низ забон ёбад.

"Ризоят"-и ҳамсояҳо

Рустами Эмомалӣ дар аввали моҳи ноябри имсол бо сафари расмӣ ба Узбекистон, рафт. Ин кишвари сернуфуси Осиёи Марказӣ пас аз Қазоқистон дувумин иқтисоди бузурги минтақа аст.

Рустами Эмомалӣ дар шаҳрҳои Тошканд ва Бухоро буд ва рӯзи 4-уми ноябр бо президенти Узбекистон Шавкат Мирзиёев мулоқот намуд. Ҷое, ки роҳбари Узбекистон ба вай барои, ба гуфтааш, "саҳми бузург дар тақвияти ҳамкориҳои стратегии байни ду давлат, фаъолияти босамар дар заминаи тавсеаи муколамаи байни порлумонҳо” ордени "Барои хидмати фидокорона" дод.

Шавкат Мирзиёев (рост), раисҷумҳури Узбекистон бо Рустами Эмомалӣ (чап), раиси Маҷлиси Миллӣ ва писари президенти Тоҷикистон. Тошканд, 4-уми ноябри 2026

Барои як коршиноси тоҷик, ки бахши Осиёи Марказии Радиои Озодӣ бо ӯ суҳбат кардааст ва номаш ба далели амниятӣ нашр намешавад, ин мулоқот танҳо бахше аз густариши муносибатҳои байнипорлумонӣ ва ҳамкории дуҷониба нест. "Мулоқоти Рустами Эмомалӣ бо Шавкат Мирзиёев дар рӯзи 4-уми ноябр мулоқоти нахустини онҳо набуд. Аммо онро метавон ҳамчун нишонаи пуштибонии Тошканд аз номзадии ӯ арзёбӣ кард," – афзуд коршинос.

Ҷоизаи Узбекистон ба Рустами Эмомалӣ мукофоти нахустини хориҷии ӯ нест. Қосимҷомарт Тоқаев, раисҷумҳури Қазоқистон, соли 2025 ӯро бо ордени дараҷаи дуюми "Дӯстӣ" сарфароз кард.

Ӯ як бародар ва ҳафт хоҳар дорад ва шавҳарони баъзе аз хоҳаронаш низ ба шахсиятҳои бонуфуз табдил ёфтаанд. Рустам метавонад ҳамзамон аз чанд самт бо мухолифат рӯ ба рӯ гардад.
Брюс Паннир

Суҳбатҳо дар бораи эҳтимоли наздик шудани интиқоли қудрат дар Тоҷикистон пас аз мулоқоти моҳи ноябри Эмомалӣ Раҳмон ва Владимир Путин бештар гарм шуд. Президенти Русия шаби 20-уми ноябр, баъди сафар ба Чин ва иштирок дар нишасти Ҳамкории Осиёву Уқёнуси Ором, ногаҳон ба Душанбе омад. Ин дувумин мулоқоти ду раҳбар дар ҳашт рӯзи охир буд. Онҳо рӯзи 12-уми ноябр дар Маскав дидору гуфтугӯ доштанд.

Дар хабарҳои расмӣ дар бораи гуфтушунидҳои Раҳмон ва Путин ба баррасии масъалаи эҳтимоли интиқоли қудрат ягон ишора нашудааст. Хадамоти матбуотии президенти Тоҷикистон хабар дод, ки ҷонибҳо мавзӯи муҳоҷират ва амнияти минтақаро баррасӣ карданд.

Расонаҳои давлатии Русия навиштанд, ки дар рӯзномаи мулоқот вазъ дар сарҳади Афғонистон ва ҳузури минбаъдаи пойгоҳи низомии 201-уми Русия дар Тоҷикистон ҷой дошт. Худи президенти Русия рӯзи 19-уми ноябр, ҳангоми ҳузур дар Чин, изҳор дошт, ки мехоҳад дар Душанбе бо Раҳмон масъалаи Афғонистонро баррасӣ кунад.

Эмомалӣ Раҳмон ва писараш Рустами Эмомалӣ ҳангоми гусели раисҷумҳури Владимир Путин дар Фурудгоҳи Душанбе

Кремл чӣ мехоҳад?

Марз бо Афғонистон ва ҳузури низомии Русия дар Тоҷикистон ҳамоно бахши муҳими муносибатҳои Маскаву Душанбе мемонанд. То соли 2005 сарҳадбонони рус марзи Тоҷикистонро бо Афғонистон нигоҳбонӣ мекарданд. Дертар ин масъулият ба дӯши нерӯҳои марзбонии Тоҷикистон гузашт. Мақомоти Русия борҳо аз омодагии худ барои бозгашт ба марзи Тоҷикистону Афғонистон сухан гуфтаанд, аммо Душанбе ин пешниҳодҳоро напазируфтааст.

Пойгоҳи низомии Русия дар Тоҷикистон бузургтарин пойгоҳи хориҷии нерӯҳои хушкигарди артиши он кишвар ба шумор меравад. Воҳидҳои ин пойгоҳ дар шаҳрҳои Душанбе ва Бохтар ҷойгир буда, замони ҳузури он дар Тоҷикистон то соли 2042 дароз карда шудааст. Дар гузашта шумори низомиёни пойгоҳи 201-и Русия дар Тоҷикистон ҳудуди 6-7 ҳазор номбар мешуд. Дар оғози таҷовузи Русия ба хоки Украина дар соли 2022 гуфта шуд, ки Маскав бахше аз низомиёни худро аз Тоҷикистон ба ҷанг фиристодааст. Теъдоди ҳозираи онҳо маълум нест.

Хурсанд Хуррамов

"Агар Раҳмон тасмим гирад, ки мақоми президентиро ба писараш супорад, барои нухбагони сиёсии тоҷик омодагии Кремл ба ҳамкорӣ бо ӯ бисёр муҳим хоҳад буд. Ба ҷуз ин, барои худи Маскав суоли асосӣ ин аст, ки оё раисҷумҳури оянда ба созишҳои марбут ба пойгоҳи низомии Русия дар Тоҷикистон пойбанд хоҳад монд ва ҳамкории наздикро дар соҳаи амният чӣ гуна идома хоҳад дод," – гуфт Хурсанд Хуррамов, таҳлилгари тоҷик, дар суҳбат бо Радиои Озодӣ.

Дар ҳамин ҳол, ба гуфтаи як коршинос, ки номаш ба далели амниятӣ нашр намешавад, пуштибонии шарикони хориҷӣ танҳо як бахши эҳтимоли интиқоли қудрат аст. Ба гуфтаи ӯ, дар дохили кишвар чеҳраҳои дигари воқеии сиёсӣ намондаанд ё ҳадди ақал аз худ дарак надодаанд, ки бо Рустами Эмомалӣ рақобат кунанд.

Ӯ бар ин назар аст, ки Маскав дар ин раванд нақш доштааст ва ба ҳар ҳол вориси эҳтимолӣ маҷбур мешавад бо раҳбарияти сохторҳои қудратӣ ба мувофиқа бирасад: "Ба ҷуз аз хонаводаи президент, ман раҳбарияти хадамоти махсус ва Вазорати корҳои дохилиро иштирокдорони асосии интиқоли қудрат медонам. Ба назари ман, Маскав ҳамоно ба ин сохторҳо таъсир дорад ва ҳар вориси эҳтимолӣ маҷбур мешавад аз пуштибонии онҳо баҳраманд гардад."

"Курсиҳои меросӣ"

Ба гуфтаи Брюс Паннир, интиқоли қудрат дар Тоҷикистон дар замони барҳаёт будани Эмомалӣ Раҳмон метавонад ба Рустами Эмомалӣ имкон диҳад, ки таҷрибаи мустақилонаи идораи давлатро ба даст оварад ва ҳамзамон дар солҳои аввали президентӣ аз пуштибонии падараш бархӯрдор бошад.

Вай гуфт: “Маҳз барои ҳамин, фикр мекунам, ки Рустам ҳанӯз дар замони зинда будани падараш президент хоҳад шуд, эҳтимол пас аз интихоботи президентии соли 2027. Чунин ҳолат дар Туркманистон ҳам рух дод. Қурбонқулӣ Бердимуҳаммадов аз президентӣ канор рафт ва писараш Сардор Бердимуҳаммадов ҷойи ӯро гирифт. Ин гузариш осон набуд ва дар он вазъият ҳузури Бердимуҳаммадови калонӣ, ки барои роҳнамоии писараш боқӣ монд, нақши муҳим бозид.” Қурбонқулӣ Бердимуҳаммадов соли 2022 мақоми президентиро ба писари 40-солааш дод.

Сардор Бердимуҳаммадов соли 2022 президенти Туркманистон шуд ва дар ин мақом падараш Қурбонқулӣ Бердимуҳаммадовро иваз кард

Фарид Тухбатуллин, роҳбари созмони Ташаббуси туркманӣ дар умури ҳуқуқи инсон (Вена), гуфт, омода кардани Сардор Бердимуҳаммадов ба ин мақом хеле пештар оғоз шуда буд.

"Вай дар намояндагии доимии Туркманистон дар Созмони Милал, порлумон ва ҳукумат кор кардааст. Агар таҳсили ӯро дар Академияи дипломатии Вазорати корҳои хориҷии Русия дар Маскав ба ҳисоб гирем, карйераи ӯ аллакай аз соли 2011 оғоз шудааст. То тирамоҳи соли 2016 маълумоти зиёде дар бораи ӯ вуҷуд надошт, аммо баъдан, дар охири ҳамон сол, расонаҳои давлатии Туркманистон ба таблиғ шуруъ карданд ва ӯ дар интихоботи порлумонӣ иштирок намуд. Он вақт бори аввал вакили порлумон интихоб шуд. Баъд ҳар сол ба мақомҳои баланд таъйин мешуд, то таҷриба андӯзад," – афзуд Тухбатуллин.

Сардор Бердимуҳаммадов соли 2017 дар чорабиниҳои байналмилалӣ бештар пайдо шуд. Дар моҳи май ҳайати Туркманистонро дар Ҳамоиши байналмилалии иқтисодӣ дар Қазон роҳбарӣ кард ва бо президенти Тотористон Рустам Минниханов мулоқот намуд. Пас аз як ҳафта раиси Шӯрои Федератсияи Русия Валентина Матвиенко бо ӯ дар ҳошияи Конгресси зистмуҳимтии Нева гуфтугӯ кард. Ҳамон сол дар ҳамоиши сарони давлатҳои Осиёи Марказӣ бо президенти вақти Қазоқистон Нурсултон Назарбоев мулоқот анҷом дод, ҳарчанд расман ҳайати Туркманистонро раиси порлумон Акҷа Нурбердиева сарварӣ мекард.

Бердимуҳаммадови хурдӣ моҳи сентябри соли 2017, ки он вақт вакили порлумон буд, ба ғолибони Бозиҳои осиёӣ ҷоиза дод ва сипас як маҷмааи тиббиро ифтитоҳ кард. Ба гуфтаи коршинос Фарид Тухбатуллин, то он вақт вакилони порлумон ягон иншооти сохтмониро ифтитоҳ намекарданд ва ин кор танҳо салоҳияти президент ба ҳисоб мерафт.

Сардор Бердимуҳаммадов соли 2018 муовини вазири корҳои хориҷӣ, соли 2019 раҳбари вилояти Аҳал, соли 2020 вазири саноат ва соли 2021 муовини раиси ҳукумат шуд. Ӯ дар аввали соли 2022 номзад ба мақоми президентӣ шуд ва баъдан ба ин мақом расид. Падараш аз сиёсат пурра нарафт. Ӯ раиси "Халқ Маслаҳати" аст ва то ҳол дар сохтори идораи кишвар таъсир дорад.

Илҳом Алиев, раисҷумҳури Озарбойҷон

Интиқоли қудрат аз падар ба писар дар як кишвари дигари пасошӯравӣ, Озарбойҷон, низ иҷро шудааст. Ҳайдар Алиев, раисҷумҳури Озарбойҷон, соли 2003 мансаби худро ба писараш вогузор кард. Ӯ дар интихобот номзадии худро ба фоидаи писари 42-солааш, Илҳом Алиев, ки он вақт сарвазир буд, пас гирифт.

Мухолифони ҳукумат дар Озарбойҷон, ки солҳои зиёд мегуфтанд дар кишвар интиқоли қудрат аз падар ба писар ҷараён дорад, пароканда буданд ва натавонистанд барои Алиеви хурдӣ рақиби ҷиддӣ пешбарӣ кунанд. Ҳайдар Алиев ду моҳ пас аз интихобот даргузашт. Писараш то ҳол президент аст. Тибқи маълумоти расмӣ, Илҳом Алиев дар интихоботҳои солҳои 2003, 2008, 2013, 2018 ва 2024 пирӯз эълон шудааст.

Оё Рустами Эмомалӣ мустақил аст?

Рустами Эмомалӣ аз соли 2013, замоне ки 26 сол дошт, дар мансабҳои баланди давлатӣ кор мекунад. Ӯ нахуст раиси Хадамоти гумрук ва сипас раиси Оҷонси мубориза бо коррупсия буд. Аз соли 2017 шаҳрдори Душанбе ва аз соли 2020 раиси Маҷлиси Миллии Тоҷикистон аст.

Як коршиноси тоҷик, ки ба далели амниятӣ нахост номаш фош шавад, мақоми раиси палатаи болоии порлумонро барои эҳтимоли интиқоли қудрат муҳим донист. Бар асоси Қонуни асосӣ ё Конститутсия, ҳангоми фавт, истеъфо ё бемории президент дар Тоҷикистон, ваколатҳои ӯ муваққатан ба раиси Маҷлиси Миллӣ мегузаранд. Дар ин ҳолат интихоботи президентӣ бояд дар муҳлати се моҳ баргузор шавад.

Коршинос мегӯяд, мансаби шаҳрдори Душанбе ба Рустами Эмомалӣ имкон додааст, ки худро ҳамчун як "мудири сеормаҳсул" нишон диҳад. Бо вуҷуди ин, мусоҳиби мо шубҳа дорад, ки Рустами Эмомалӣ худро ҳамчун сиёсатмадори мустақил нишон дода бошад. Ба арзёбии ӯ, фаъолияти сиёсии Рустам зери пуштибонии падараш гузаштааст ва имконияти қабули қарорҳои мустақил маҳдуд будааст.

Ҳамсуҳбати мо ёдовар шуд, ки дар замони баҳсҳои марзӣ бо Қирғизистон дар соли 2021 ва ҳодисаҳои Вилояти Мухтори Кӯҳистони Бадахшон дар соли 2022 Рустами Эмомалӣ мустақилона мавзеъгирӣ накард, ҳарчанд ба гуфтаи ӯ, "метавонист аз ин вазъият барои таҳкими нуфузи сиёсияш истифода барад." Вай ҳамчунин ба овозаҳо дар бораи равобити душвори Рустами Эмомалӣ бо раҳбарияти ниҳодҳои қудратӣ ишора кард.

Рустами Эмомалӣ бо падараш президент Эмомалӣ Раҳмон

Ба андешаи коршинос, агар писари президент ба қудрат расад, эҳтимол касони ба худ вафодор ё содиқро ба вазифаҳои калидӣ таъйин кунад. Аммо ба назари ӯ, "мушкили асосӣ метавонад дар дохили худи хонаводаи ҳоким ба вуҷуд ояд."

"Аз низои дохили элита ҷойи гурез надорад. Дар кишвари хурде, ки манбаъҳои асосӣ аллакай тақсим шудаанд, ӯ маҷбур мешавад дастрасиро ба ин захираҳо ҳатто барои баъзе аз пайвандони худ маҳдуд кунад, то мавқеи шахсони ба худ наздикро мустаҳкам созад. Аз рӯи он ки чӣ гуна муқовимати онҳоро паси сар мекунад ва муносибаташро бо ниҳодҳои қудратӣ ба роҳ хоҳад монд, метавон дар бораи тавоноии ӯ барои нигоҳ доштани қудрат хулоса кард," -- мегӯяд коршинос.

Брюс Паннир

Брюс Паннир, коршиноси умури Осиёи Марказӣ, низ бар ин назар аст, ки пас аз канор рафтани Эмомалӣ Раҳмон, Рустами Эмомалӣ метавонад на танҳо бо муқовимати мансабдорон ва намояндагони элита, балки бо мухолифат дар дохили хонаводаи худ низ дучор шавад: "Ӯ як бародар ва ҳафт хоҳар дорад ва шавҳарони баъзе аз хоҳаронаш низ ба шахсиятҳои бонуфуз табдил ёфтаанд. Рустам метавонад ҳамзамон аз чанд самт бо мухолифат рӯ ба рӯ гардад. Тавоноии ӯ барои идора кардани кишвар ҳамоно зери суол аст. Вай таҷрибаи қабули мустақилонаи қарорҳоро надорад."

Ба гуфтаи ин таҳлилгар, Эмомалӣ Раҳмон дар солҳои ҷанги шаҳрвандии Тоҷикистон (1992-1997) ба қудрат расид ва дар панҷ соли аввали раҳбарӣ таҷрибаи идора кардани кишварро дар шароити буҳронӣ ба даст овард: "Рустам одат кардааст, ки одамон дастурҳои ӯро иҷро мекунанд, зеро аз падараш метарсанд. Бе пуштибонии падараш, эҳтимол барои ба даст овардани ҳамкорӣ душворӣ кашад."

Ба андешаи Брюс Паннир, Эмомалӣ Раҳмон метавонад интиқоли идорашавандаи қудратро беҳтар шуморад, то худ дар канори писараш бимонад ва барои муқобила бо фишори гурӯҳҳои бонуфуз ба ӯ кумак кунад. Суоли инки худи Эмомалӣ Раҳмон то чӣ ҳад ба чунин сенария омода аст, ҳамоно боз мемонад.

Дар бораи эҳтимоли интиқоли қудрат дар Осиёи Марказӣ на танҳо дар Тоҷикистон суҳбат мекунанд. Дар Узбекистон низ Саида Мирзиёева, духтари калонии президент Шавкат Мирзиёев ва раҳбари дастгоҳи ӯ, аз ҷониби баъзе аз нозирони сиёсӣ ҳамчун вориси эҳтимолии падараш арзёбӣ мешавад. Ба гуфтаи Муҳиддин Кабирӣ, раиси Паймони миллӣ, як созмони мухолифи ҳукумати Тоҷикистон, интиқоли қудрат аз падар ба фарзанд метавонад барои элитаҳои сиёсӣ нишонаи субот намояд, аммо чунин низом барои ҷомеа ва давлат хатарҳои ҷиддӣ дорад.

"Ин паёми ҷиддӣ ба наслҳои оянда дорад, ки новобаста аз истеъдод, амбитсия ва барномаҳо, ҳеч нафари берун аз оилаҳои қудратманд дар Осиёи Марказӣ наметавонад даъвои ин ё он мақоми сиёсӣ ва ҳатто иқтисодиро дошта бошад. Як муҳоҷирзода, як мусулмонзода дар Амрико метавонад сенатор интихоб шавад, аммо мардум дар Осиёи Марказӣ, дар ватани худашон, аз ин имконият маҳрум хоҳанд буд, агар ба ин ё он хонаводаи ҳоким пайванд надошта бошанд," – гуфт ӯ.