Осиёи Марказӣ бозори ягонаи харидуфурӯши барқ таъсис медиҳад

Яке аз хатҳои баландшиддате, ки бояд нери барқи изофии Тоҷикистону Қирғизистонро то ба Покистон бирасонад.

Шӯрои мудирони Бонки Ҷаҳонӣ рӯзи панҷшанбе барномаи бузургеро тасдиқ кард, ки нахустин бозори минтақавии нерӯи барқ дар кишварҳои Осиёи Марказиро поягузорӣ мекунад.

Тарҳи мазкур, ки «Пайвастагӣ ва тиҷорати минтақаии бозори барқ» ва ё REMIT унвон гирифтааст, қарор аст, дар як 10-сола ва дар се марҳила иҷро шавад ва бо ҳадафи тақвияти пайванди хатҳои барқ дар саросари Осиёи Марказӣ тарҳрезӣ шудааст. Бонки Ҷаҳонӣ бо нашри як баёнияи расмӣ дар рӯзи 23-уми январ гуфт: «Афзоиши тиҷорати барқ, густариши зарфияти хатҳои интиқол ва бунёди зерсохтҳои лозим барои ба ҳам овардани манобеи энержии таҷдидпазир дар шабака, аз ҳадафҳои аслии ин тарҳ аст.»

Дар марҳилаи аввали барнома, Тоҷикистон, Узбакистон ва Қирғизистон ҳамроҳи Маркази ҳамоҳангсозии мудирияти шабакаҳои кишварҳои Осиёи Марказӣ бо номи «Энергия» аз қарзҳои боимтиёз ва кумакҳои ройгон бо арзиши бештар аз 143 миллион доллар баҳраманд мешаванд. 140 миллион долларро «Анҷумани Тавсеаи Байналмилалӣ», ки вобаста ба Бонки Ҷаҳонист ва 3.2 миллион доллар грант ва ё кумаки ройгонро «Барномаи об ва энергияи Осиёи Марказӣ» (CAWEP) ихтисос медиҳанд.

Ҳар се кишвар ҳар сол дар фасли зимистон ба камбуди нерӯи барқ рӯ ба рӯ мешаванд ва наметавонанд, мардуми худро бо нерӯи барқи доимӣ ва ё дар Узбекистон бо газ таъмин кунанд.

Бонки Ҷаҳонӣ мегӯяд, тақозо ба нерӯи барқ дар Осиёи Марказӣ бо суръат меафзояд ва пешбинӣ мешавад, ки дар сурати идомаи раванди феълӣ, ин тақозо то соли 2050 се баробар зиёдтар шавад.

Ҳамзамон бо рушди иқтисодии минтақа, афзоиши аҳолӣ, тавсеаи саноат ва бузургтар шудани шаҳрҳо, ниёз ба нерӯи барқи арзон, доимӣ ва қобили итминон ба як зарурат табдил шудааст. Бо вуҷуди имкониятҳои зиёд ҳоло тиҷорати нерӯи барқ дар Осиёи Марказӣ бисёр маҳдуд аст ва танҳо ҳудуди 3 дарсад аз кулли тақозоро ташкил медиҳад.

Барномаи «РЕМИТ» дар назар дорад, аз имконоти Тоҷикистону Қирғизистон дар тавлиди нерӯи барқи обӣ, аз нерӯгоҳҳои ҳароратӣ дар Қазоқистон, Туркманистон ва Узбакистон ва ҳамчунин имконоти тамоми минтақа дар тавлиди нерӯи барқи хуршедӣ ва бодӣ истифода барад.

Бонки Ҷаҳонӣ гуфтааст, интизор меравад, дар даҳаи оянда барнома ҳаҷми тиҷорати барқро ба камаш то 15 ҳазор гигават-соат дар сол афзоиш диҳад. Ҳаҷме, ки барои таъмини ниёзи солонаи миллионҳо нафар дар Осиёи Марказӣ кофӣ аст.

Наҷӣ Бенҳассин, мудири минтақаии Бонки Ҷаҳонӣ дар Осиёи Марказӣ, гуфтааст: «Ин барнома аз талошҳои кишварҳои минтақа барои таҳкими ҳамкориҳои энергетикӣ ҳимоят мекунад. То соли 2050, пайванди бештари хатҳои барқ ва тиҷорати нерӯи барқ метавонад, барои минтақа то 15 миллиард доллар суди иқтисодӣ биёрад».

Маблағе, ки барои иҷрои тарҳ пешбинӣ шудааст ва имконияти ба даст оварданаш ҳам вуҷуд дорад, бештар аз як миллиард доллар будааст. Ба гуфтаи Бонки Ҷаҳонӣ, ин пул харҷи тарроҳии бозори минтақаӣ, тақвияти хатҳои интиқол, диҷиталӣ кардани системҳо барои пойдории шабакаҳо хоҳад шуд.

Тарҳи мазкур дар замоне тасвиб шуд, ки Тоҷикистон яке аз солҳои сахти дигари камбарқиро паси сар мекунад. Мардум рӯзона фақат чанд соат нерӯи барқ мегиранд, дигар маҷбуранд, торикӣ ва сардиро таҳаммул кунанд. Корхонаҳои зиёде ҳам кор намекунанд ва муассисаҳои муҳими давлатӣ ва шифохонаҳои ноҳияӣ низ аз нерӯи барқ маҳрум мешаванд.