Дар пасманзари афзоиши номуайянӣ дар бораи музокирот барои созиши хатми ҷанг миёни Вашингтону Теҳрон, ҳамлаҳои ҳавоӣ ба Эрон ва зарбаҳои Ҷумҳурии Исломӣ ба Исроил ва кишварҳои дигар идома дорад.
Дар ҳамин ҳол, Вазорати дифоъ ё ҷанги Иёлоти Муттаҳида, ҳарчанд гузоришҳоро дар бораи камбуди силоҳ расман тасдиқ накард, хабар дод, ки бо чанд ширкати дифоии Амрико барои дарёфти муҳиммоти ҷангӣ қарордод бастааст.
Ин чораҳо дар ҳоле рӯйи даст гирифта шудаанд, ки Кохи Сафед гуфт, агар Теҳрон шартҳои Доналд Трампро барои созиши хатми ҷанг қабул накунад, президент омода аст, Эронро "ба ҷаҳаннам табдил диҳад". Теҳрон дар посух гуфт, қасди гуфтугӯ ё музокиротро надорад.
Каролин Левитт, сухангӯи Кохи Сафед, гуфт: "Аносири боқимондаи режими Эрон имкони дигаре барои ҳамкорӣ бо президент Трамп доранд ва бояд ҷоҳталабиҳои ҳастаии худро канор гузошта, даст аз таҳдиди Амрикову муттаҳидонаш бардоранд. Ҳама гуна хушунати бештар ба он сабаб сар мезанад, ки режим намехоҳад дарк кунад, ки онҳо дигар шикаст дода шудаанд ва аз созиш даст мекашанд."
Доналд Трамп рӯзи 25-уми март дар мулоқот бо Ҷумҳурихоҳон ба идомаи музокирот бо Теҳрон таъкид кард, ҳарчанд ба гуфтаи вай, мақомоти Эрон ширкат дар ин гуфтушнидҳоро рад мекунанд.
Ӯ афзуд: "Зимнан, онҳо гуфтугӯ доранд ва бисёр мехоҳанд, ки созиш ба даст ояд. Вале онҳо аз ошкор кардани ин чиз ҳарос доранд, чунки ба ин андешаанд, ки аз сӯйи мардуми худашон кушта мешаванд. Онҳо инчунин ҳарос доранд, ки бо дасти мо кушта мешаванд."
Вазъро ҳамчунин талаби Трамп дар бораи "комилан боз кардани гулӯгоҳи Ҳурмуз" печидатар кардааст. Иқдоми Эрон равуои киштиҳоро дар ин оброҳаи муҳим барои интиқоли нафт мушкил гардонд.
Трамп шоми 21-уми март ба Эрон ҳушдор дода буд, ки "агар дар зарфи 48 соат тангаи Ҳурмузро бе ҳеч гуна таҳдид ва ба таври комил боз накунад, Амрико нерӯгоҳҳои ин кишварро нобуд мекунад". Дертар ин муҳлат барои панҷ рӯзи дигар тамдид шуд.
ИНЧУНИН, БИХОНЕД: Нақшаи амрикоии хатми ҷанги Эрон аз 15 бахш иборат будааст“Бидуни силоҳи ҳастаӣ”
Муҳимтарин шарти Амрико, ки дар тарҳи охир барои поён додан ба ҷанг омадааст, ин ҳамон нуктаест, ки Трамп борҳо ба он таъкид кардааст. Ба гуфтаи вай, Теҳрон ин шартро пазируфтааст. Президенти Иёлоти Муттаҳида рӯзи 24-уми март ба хабарнигорон гуфт: “Онҳо мехоҳанд cозиш кунанд. Онҳо розиянд, ки ҳеч гоҳ ба силоҳи ҳастаӣ дастрасӣ надошта бошанд.”
Дар посухи расмии Эрон, ки рӯзи 25-уми март тавассути телевизиони давлатии ин кишвар нашр шуд, таъкид шудааст, ки Теҳрон ҷангро танҳо вақте ва бо шартҳое поён хоҳад дод, ки худаш мехоҳад.
Бо ин ҳол Аббос Ароқчӣ, вазири корҳои хориҷии Эрон ба он ишора кард, ки раҳбари олии ин кишвар пешниҳодҳои Вашингтонро меомӯзад. Ин ба он маъно аст, ки Теҳрон ҳанӯз пешниҳодҳои Амрикоро пурра рад накардааст.
ИНЧУНИН, БИХОНЕД: Трамп: Амрико "дар ҳоли музокира" барои поён додани ҷанг астИн баҳсҳо дар ҳоле аст, ки бино ба гузоришҳо Амрико ба Ховари Миёна нерӯҳои иловагӣ сафарбар кардааст. Ҳадаф таҳкими нерӯҳои амрикоӣ ва пешниҳоди имконоти бештари низомӣ ва сиёсӣ барои раҳбарияти Амрико гуфта шудааст.
Дар баробари ҳамлаҳо ба Эрону Исроил, иншоот дар қаламрави Лубнон, Баҳрайн, Кувайт, Урдун ва Арабистони Саудӣ низ мавриди зарба қарор гирифтаанд.
Антонио Гутерриш, дабири кулли Созмони Милал, ҳушдор дод, ки ин низоъ Ховари Миёнаро ба як ҷанги васеъмиқёс тела медиҳад ва аз раҳбарон хост, аз тавсеаи хушунатҳо худдорӣ намуда, аз роҳи дипломатӣ пеш раванд.