Оғози муҳосираи баҳрии Эрон аз сӯи Амрико

Фармондеҳии маркази артиши Амрико ё СЕНТКОМ аз оғози даври нави муҳосираи баҳрии Эрон хабар дод. Эрон ҳам гуфт, ки дар вокуниш пойгоҳҳои Амрикоро дар Ховари Миёна ҳадаф қарор додааст.

Фармондеҳии марказии артиши Амрико cоати 23:30 дақиқа ба вақти Теҳрон, бо нашри паёме дар шабакаи Х навишт, "нерӯҳои Амрико муҳосираи баҳрӣ алайҳи киштиҳое, ки аз ва ба бандарҳои Эрон сафар мекунанд, ва ноҳияҳои соҳилии ин кишварро оғоз карданд".

СЕНТКОМ дар идомаи паём навишт, "дар ҳоли ҳозир беш аз 20 нови ҷангии Амрико ва садҳо ҳавопаймоҳои низомӣ машғули амалиёт дар Ховари Миёна ҳастанд. Нерӯҳои амрикоӣ ҳамчунон ҳушёр, омода ва омодаи ҷанг мебошанд".

Аз сӯи дигар, Вазорати молияи ИМА таҳримҳои наверо алайҳи чандин фард, ниҳод ва киштиҳои вобаста бо Эрон, эълон кард. Бар асоси баёнияе, ки дар вебсайти Вазорати молияи ИМА нашр шуд, 10 фард, ҳамчунин 22 ширкати киштиронӣ ва ҳамчунин 20 киштии борбар шомили киштиҳои тиҷорӣ ва борбар, ба ин феҳрист афзуда шуданд.

Дар ҳамин ҳол, Сипоҳи посдорони Эрон таҳдид кард, ки дар посух ба муҳосираи дигарбораи тангаи Ҳурмуз аз сӯи Амрико, Вашингтон бояд "мунтазири баста шудани дигар роҳҳои содиротии нафт ва газ, ки манфиатҳои Амрико ва ҳампаймонҳояшоро таъмин мекунад, бошад".

Ин ниҳоди сиёсӣ-низомии Эрон ҳамзамон таъкид кардааст, ки то поёни ҳамлаҳои Амрико, тангаи Ҳурмуз баста хоҳад монд. Сипоҳи посдорон дар баёнияи ахири худ гуфт, ки маркази таъмин ва пуштибонии Амрико дар яке аз бандарҳои Кувайтро "ба оташ кашида ва нобуд" кардааст.

Як киштии амрикоӣ дар обҳои Халиҷи Форс.

Сипоҳ ҳамчунин иддао кардааст, ки маркази назорати фармондеҳӣ, анборҳои калони таҷҳизоти низомӣ ва махзанҳои маводи сӯхти флоти панҷуми баҳрии Амрико дар Баҳрайнро ҳам "нобуд кардааст". Сипоҳи посдорон дар баёнияи худ гуфтааст, ки ин ҳамлаҳоро дар посух ба зарбаҳои Амрико анҷом додааст.

Артиши Ҷумҳурии исломӣ ҳам мегӯяд, бори дигар пойгоҳи Ал-Азрақи Урдунро ҳадафи ҳамлаҳои паҳподӣ қарор додааст. Артиши Урдун гуфт, се мушаки баллистикиро, ки вориди ҳарими ҳавоии ин кишвар шуда буданд, раҳгирӣ ва сарнагун кардааст.

Ҳамлаҳои мушакии Эрон асосан аз сӯи Сипоҳи посдорон анҷом мешавад. Ин ниҳод то кунун дар бораи ҳамлаи эҳтимолӣ ба Урдун хабар ё баёнияе нашр накардааст.