Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Сипоҳи посдорон мегӯяд, тангаи Ҳурмузро баст. Севумин ҳамлаи Амрико ба минтақаҳое дар Эрон

Хабаргузории “Аxios” ба нақл аз як мақоми баландпояи амрикоӣ навишт, ки артиши Иёлоти Муттаҳида дар вокуниш ба ҳамлаи Сипоҳи посдорон ба як киштии тиҷорӣ, нуқтаҳоеро дар наздикии тангаи Ҳурмуз ҳадаф қарор додааст.

Ин хабаргузорӣ ҳамчунин аз қавли як мақомдори дигари амрикоӣ навишт, аз ҷумлаи ҳадафҳое, ки мавриди ҳамла қарор гирифтаанд, радарҳо, анборҳои мушак ва паҳпод, маҳалҳои партоби мушак ва паҳпод ва ғайра будаанд.

СЕНТКОМ ё Фармондеҳии марказии артиши Иёлоти Муттаҳида низ дар шабакаи Х (Твиттери собиқ) навишт, “соати 7:15 дақиқаи аср ба вақти шарқи Амрико неруҳои Фармондеҳии марказии Иёлоти Муттаҳида севумин даври ҳамлаҳои ин ҳафтаро зидди Эрон оғоз карданд. Ин иқдом пас аз он сурат гирифт, ки неруҳои Сипоҳи посдорони инқилоби исломӣ ошкоро ба киштии контенербар бо парчами Кипр (Қибрис) ҳангоми убур аз тангаи Ҳурмуз ҳамла карданд”.

Аз замони оғози оташбас байни Эрон ва Амрико, ин севумин ҳамла дар минтақаҳои гуногуни Эрон аст.

Пештар артиши Амрико ба шимоли Эрон ва мавзеъҳое дар тангаи Ҳурмуз зарба зада буд.

Сипоҳи посдорони Эрон бо нашри як баёния аз ҳамлаҳо ба чаҳор пойгоҳи нерӯҳои амрикоӣ дар Кувайт ва Баҳрайн хабар дод.

Дар ин баёния омадааст, ки неруҳои баҳрӣ ва фазоии Сипоҳ пойгоҳҳои Амрико дар "Арифҷон" ва "Али Ас-Солим" дар Кувайт ва "Ҷуффайр" ва "Шайх Исо" дар Баҳрайнро "дарҳам кӯбиданд".

Сипоҳи посдорон ҳушдор додааст, ки дар сурати идомаи ҳамлаҳои Амрико ба Эрон, дигар пойгоҳҳои низомиёни Амрико дар минтақа ҳам ҳадаф қарор хоҳанд гирифт.

Гӯшаҳо
XS
SM
MD
LG