Иёлоти Муттаҳида субҳи 13-уми июл мавҷи нави ҳамлаҳоро алайҳи Эрон анҷом дод. Фармондеҳии марказии Амрико бо нашри изҳороте гуфт, "нерӯҳои мо ба Эрон зарбаҳои бештар заданд, то тавоноии онҳоро барои ҳамла ба киштиҳои мулкӣ ва тиҷорӣ кам кунанд.”
Як мансабдори аршади амрикоӣ ба хабарнигорон гуфтааст, нерӯҳои Иёлоти Муттаҳида радар, анбори мушаку паҳподҳо ва макони истиқрори мушакандозҳоро ҳадаф қарор доданд.
Расонаҳои давлатии Эрон аз чанд таркиш дар минтақаҳои наздик ба Ҳурмуз, аз ҷумла Бандар Аббос, Сирик ва вилояти Бушеҳр гузориш доданд. Санҷиши мустақилонаи ин хабарҳо феълан имкон надорад.
IRIB ё шабакаи байнулмилалии телевизиони Эрон гуфт, дар Бандар Аббос садои се таркиш ва дар Сирик садои ду таркиш шунида шуд. Дар ҷазираи Қишм низ таркиш рух додааст. Ҳамаи онҳо дар баландие аз оброҳаи Ҳурмуз ҷойгир мебошанд.
Эрон дар посух ба самти Кувайт, ки як кишвари ғанӣ аз нафт ва ҳампаймони Амрико дониста мешавад, ҳамлаҳои ҷавобӣ анҷом дод. Ҷумҳурии Исломӣ ҳамчунин ба Қатар зарба задааст, ки дар гуфтушунидҳо нақши миёнҷиро иҷро мекунад. Имороти Муттаҳидаи Араб бори аввал дар ду моҳи охир шоҳиди ҳамла шуд.
Як рӯз пеш аз ин низ ҳадафҳое дар атрофи оброҳаи муҳими Ҳурмуз шоҳиди ҳамлаҳои ҳавоӣ буданд. Амрико онро посух ба зарбаҳои Теҳрон ба киштиҳои тиҷорӣ ва ҳамзамон иддаои бастани гулӯгоҳи Ҳурмуз номид.
Доналд Трамп, раисҷумҳури Амрико, рӯзи 12-уми июл дар суҳбат бо телевизиони CNN гуфт, "мо онҳоро бисёр сахт задем" ва афзуд, "пеш аз ин ҳамла Вашинтон ва Теҳрон барои расидан ба созиш хеле наздик омада буданд".
Трамп, инчунин, иддао кард, ки бо вуҷуди изҳороти Эрон дар бораи бастани гулӯгоҳи Ҳурмуз, ҳаракат дар ин гузаргоҳи муҳим давом дорад. "Гулӯгоҳ боз аст," – афзуд ӯ.
Фармондеҳии марказии Амрико ҳам гуфт, ин гузаргоҳи обӣ, ки тавассути он 20 дарсад аз нафти хоми ҷаҳон мегузарад, барои ҳаракати киштиҳо боз мебошад.
Тавсеаи амалиёти ҳарбӣ дар ҳолест, ки зоҳиран талошҳои дипломатӣ дар Умон дучори нокомӣ шудаанд. Теҳрон гуфт, вазири корҳои хориҷии Эрон Аббос Ароқчӣ бо ҳамтои умониаш Саид Бадр Албусаидӣ мулоқот ва роҳҳои ҳаракати амни киштиҳоро дар оброҳаи Ҳурмуз баррасӣ намуд.
Аз ин пеш Умон гуфт, музокираҳо бо Эрон бо ҳадафи расидан ба созиши мутобиқ ба қонунҳои байнулмилалӣ дар робита бо гардиши киштиҳо дар сатҳи фаннӣ ва сиёсӣ идома мекунанд. Дар ин гуфтугӯҳо намояндагони расмии Амрико иштирок намекунанд.