Мақомоти Тоҷикистон эълон карданд, ки аз рӯзи 5-уми октябр байни ин кишвар ва Эрон низоми комил ё пурраи бераводид амал мекунад ва мардуми ду тараф метавонанд, бо шиносномаи хориҷӣ аз тамоми роҳҳо ба қаламрави якдигар ворид шаванд.
Сафорати Тоҷикистон дар Теҳрон дар як баёнияи расмӣ гуфт, "низоми бидуни раводид байни Тоҷикистон ва Эрон пурра ба татбиқ расид."
Пештар имтиёзи сафари бераводид танҳо барои шаҳрвандоне дода шуда буд, ки бо парвози мустақими ҳавопаймо байни Тоҷикистону Эрон сафар мекарданд.
Инро ҳам бинед:
Аз як сӯ Эрон, аз сӯе Амрико. Чаро Душанбе таҳдидҳоро нодида мегирад?Тасмими нав дар ҳоле эълон шудааст, ки таҳримҳои Амрико алайҳи ширкатҳои ҳавопаймоии Эрон ба парвозҳои мустақим миёни Ҷумҳурии Исломӣ ва баъзе аз кишварҳо, аз ҷумла Тоҷикистон, таъсир расондааст.
Акнун, дар сурате ки парвози мустақими ҳавопаймоҳо набуд ё арзиши сафар гарон шуд, шаҳрвандони Тоҷикистону Эрон метавонанд ба воситаи кишварҳои севум бо ҳавопаймо ё аз роҳи заминӣ байни ду кишвар равуо кунанд.
Сайидҷон Шафизода, муовини сардори Раёсати иттилоот ва матбуоти Вазорати корҳои хориҷии Тоҷикистон, гуфт, тартиби нав “дар гузаргоҳҳо, аз ҷумла гузаргоҳҳои заминӣ, фурудгоҳҳои байналмилалӣ ва хатсайрҳои ҳавоӣ аз кишварҳои сеюм… амалӣ карда мешавад."
Он шаҳрвандони Тоҷикистону Эрон, ки шиносномаи хориҷӣ доранд, метавонанд бидуни раводид ба кишвари якдигар ворид шаванд, аз он хориҷ гарданд ё то 30 рӯз дар давоми се моҳ дар он ҷо иқомат дошта бошанд.
ИНЧУНИН, БИХОНЕД:
Ҳавопаймоҳо аз Теҳрон ба Душанбе омадаанд, аз Машҳад неЗамони иҷрои “чора”-и нав аз он ҷиҳат муҳим арзёбӣ мешавад, ки парвозҳои мустақими байни Тоҷикистону Эрон дар ҳафтаҳои охир ба сабаби таҳримҳои Амрико бо душворӣ дучор гаштаанд.
Вазорати молияи Амрико рӯзи 8-уми сентябр алайҳи ширкатҳои ҳавопаймоии Эрон, аз ҷумла "Вориш”, ки байни Эрону Тоҷикистон парвоз анҷом медод, таҳрим ҷорӣ кард.
Вашингтон гуфт, ин иқдом бахше аз маъракаи фарогир барои маҳдуд кардани даромад ва шабакаҳои ҳамлу нақле аст, ки аз ҳукумати Эрон ва Сипоҳи посдорони инқилоби исломӣ пуштибонӣ мекунанд.
Ба иттилои Вазорати молияи Амрико, Эрон барои интиқоли силоҳ, нерӯҳои низомӣ, фанновариҳо ва пули нақд ба фоидаи Сипоҳи посдорон ва гурӯҳҳои зери ҳимояти он дар минтақа аз ширкатҳои зоҳиран тиҷоратии ҳавопаймоӣ истифода кардааст.
Мақомоти Амрико ҳамчунин ширкатҳои ҳавонавардии Эрон ва шабакаҳои вобаста аз онҳоро муттаҳам кардаанд, ки барои дастрасӣ ба ҳавопаймоҳо, қисмҳои эҳтиётӣ ва фанновариҳои истеҳсоли Амрико бо истифода аз ширкату миёнравон дар хориҷ таҳримҳоро давр мезананд.
Ҳоло ширкатҳои хориҷие, ки ба ширкатҳои ҳавопаймоии Эрон хидмат мерасонанд, зери таҳримҳои эҳтимолии Амрико хоҳанд монд. Дар натиҷа, хатар ба фурудгоҳҳо, ширкатҳои хидматрасон, фурӯшандагони билет ва ширкатҳои дигаре, ки бо ҳавопаймоҳои эронӣ ҳамкорӣ мекунанд, бештар мешавад.
Мақомоти Тоҷикистон ва Эрон ошкоро нагуфтаанд, ки густариши низоми сафари бидуни раводид оё дар посух ба таҳримҳои Амрико роҳандозӣ шудааст ё не.
ИНЧУНИН, БИХОНЕД:
Оё Тоҷикистон ба макони нави муҳоҷирати эрониён табдил меёбад?Ёддошти тафоҳум байни Тоҷикистон ва Эрон дар бораи лағви раводид ё виза 8-уми ноябри соли 2023 дар шаҳри Душанбе имзо шуд ва ҳукумати Тоҷикистон онро моҳи январи соли 2024 тасдиқ кард.
Қоидаҳои сафари осон ба қаламрави ду кишвар аз рӯзи 3-юми феврали соли 2025 ҳукми иҷро гирифтанд ва аз он замон то кунун, танҳо онҳое бевиза ба Тоҷикистон омада ва ё ба Эрон рафта метавонистанд, ки бо ҳавопаймо сафар карда бошанд. Мусофироне, ки аз қаламрави кишварҳои дигар ё роҳҳои заминӣ мехостанд, ё ба Тоҷикистон ва ё ба Эрон бираванд, бояд раводид мегирифтанд.
Муносибати ин ду кишвар, ки дар гузашта сарду печида буд, аз соли 2019 ба ин сӯ ба таври чашмрас бештару беҳтар шудааст. Тоҷикистону Эрон, ки пайванди забонӣ, фарҳангӣ ва таърихӣ доранд, ҳамкориҳоро дар бахши сиёсату иқтисод густариш додаанд.
Гузориши видеоиро дар инҷо бинед:
Браузери шумо HTML5-ро намешиносад
Низоми комили бераводид байни Тоҷикистону Эрон