Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Блогери филиппинӣ: “Табиати Тоҷикистон ҷаззоб аст, аммо шароит хуб нест”

 Андреа Константино
Андреа Константино

Мухтасар

  • Андреа Константино

Андреа Константино, блогери 25-сола аз Филиппин, ки дар поёни соли 2025 дар Тоҷикистону кишварҳои дигари Осиёи Марказӣ будааст, мегӯяд, аз табиати Тоҷикистон хушаш омад, аммо чанд камбудиро ҳам дид. Ӯ ҳоло дар хонааш дар шаҳри Манила аст ва бардошташро аз ин сафар, ки дидани кишварҳои ба истилоҳ ҳавзаи "истон" меномад, дар суҳбат бо Радиои Озодӣ баён дош

АЗ ТОҶИКИСТОНУ ҚИРҒИЗИСТОН ТО ЭРОН

Радиои Озодӣ: Сафари шумо ба кишварҳои Осиёи Марказӣ, тавре хабар ёфтем, аз Қирғизистон сар шудааст. Дар онҷо ва гӯшаҳои дигари минтақа чандрӯзӣ будед?

Андреа Константино: "Ман дӯст медорам, ки барои ошноӣ дар ҳар кишвари нав тӯлонитар биистам. Дар Қирғизистон се ҳафта будам. Сипас ду ҳафта дар Қазоқистон, се ҳафта дар Узбекистон ва каме беш аз як ҳафта дар Тоҷикистон истодам. Ба Туркманистон ва баъдан Афғонистону Эрон низ рафтам."

Радиои Озодӣ: Дар навиштаҳои худ ба ин кишварҳо баҳогузорӣ кардед. Кадоме бештар хушоянд буду кадоме камтар?

Андреа Константино: "Кӯҳнавардӣ ва дидани табиат машғулияти дӯстдоштаи ман аст. Дар Қирғизистон барои сафари ғайриодӣ ба табиат шароит бисёр хуб аст. Қазоқистонро ҳам зиёд дӯст доштам, вале ба бовари ман, ҳар кишвар зебоиҳои худро дорад. Масалан, дар Қирғизистон бештар табиатро мебинӣ. Дар Қазоқистон ҳам зебоиҳои шаҳр ва ҳам табиатро. Табиати Тоҷикистон низ ҷаззоб аст. Бояд гуфт, дар Тоҷикистон аз назари зербиноҳои ҷаҳонгардӣ (туристӣ) шароит ҳанӯз хуб нест. Масалан, аз як ҷо ба ҷои дигар рафтан чандон осон нест ва шумо сафарҳои дохилиро бояд хеле дақиқ барномарезӣ кунед. Ман бояд бо мардуми маҳаллӣ суҳбат мекардам ва дар асл ҳамин кор ҳам як бахши бисёр хуб ва ҷолиби сафар буд. Яъне, бояд аз як ҳолати роҳат берун шуда, хеле боҳушона роҳамро пайдо мекардам. Туркманистон ҳам ҷолиб буд. Дар Узбекистон маконҳои сайёҳӣ бештар бо биноҳои қадимӣ ва хӯрок вобаста аст ва ин ҳама, албатта, олӣ мебошад, вале барои ман чандон муносиб нест. Ман, ки кӯҳнавардиву табиатро дӯст медорам, саёҳатро ба Қирғизистон, Қазоқистон ва Тоҷикистон бартар медонам."

Радиои Озодӣ: Пас, дар ин кишварҳо аз куҷоҳо дидан кардед?

Андреа Константино: "Дар Қирғизистон Сонкӯлро дидам, ба Ратсекахат, ки се ҳазор метр баландтар аз сатҳи баҳр аст, баромадам. Дар онҷо дар меҳмонхона сайёҳони дигареро дидам, ки пештар намешинохтам ва мо ҳамроҳ як мошинро киро карда, кишварро гаштем. Дар Тоҷикистон ба Искандаркӯл ва Ҳафткӯл рафтем. Замоне ки ман дар онҷо будам, ба кӯҳҳои Помир рафтан нашуд, вале бисёр мехоҳам биравам. Эҳтимол имсол боз ба Тоҷикистон меравам, то дар кӯҳҳои Помир бигардам."

НОРОҲАТӢ АЗ РАФТОРИ РОНАНДАГОНИ ТАКСӢ

Радиои Озодӣ: Дар бораи баъзе бардоштҳои манфӣ аз Тоҷикистон, масалан аз рафтори баъзе ронандаҳои таксӣ навиштед. Мешавад муфассал бигӯед, ки чӣ шуд?

Андреа Константино: "Бале. Ман дар Тоҷикистон дар хонаи як дӯстам истодам, ки дар канораҳои Душанбе ҷойгир аст. Зимнан, дар хонаи тоҷикӣ истодани ман шояд яке аз беҳтарин таҷрибаҳо буд, чун ба назари ман муҳиташ хеле хос аст. Як дӯстам аз Тоҷикистон чор сол пеш бо ман дар Норвегия барои гирифтани унвони доктори илм мехонд. Ман дар хонаи онҳо истода, барои ба Душанбе расидан аз такси истифода мекардам, ки дар канори роҳ қатор истода буданд. Ин нақлиёти мусофирбар рақам доранд ва дӯстам ҳам машварат дод, ки ба фалон мошин бояд нишинам. Ростӣ, ҳоло рақамашро фаромӯш кардам. Ман ба назди ронандаҳои такси рафтам. Либоси хоксорона пӯшида будам ва онҳо маро ҷиддӣ нагирифтанд. Ман пурсидам, ки “барои расидан то маркази шаҳри Душанбе чанд пул мешавад?” Онҳо хандида, китфамро қапиданд. Ман ҳайрон шудам, ки чаро чунин мекунанд, чун ман фақат нархи роҳро пурсидам. Дар аввал ба хандаи онҳо ман ҳам бо ханда ҷавоб додам, вале баъд дарк кардам, ки ин ҳолат хушоянд нест. Онҳо аз ҳад зиёд бо даст ба ман мерасиданд. Бовар дорам, ки бо занҳои маҳаллӣ ё дигарҳо ҳеч гоҳ чунин рафтор намекунанд. Шояд онҳо мехостанд худро дӯстона вонамуд кунанд, вале ин дахолат ба ҳарими хусусии ман буд. Ман ҳам гуфтам, “ба ман нарас” ва аз он ҷо дур шудам. Мардум ҳам медиданд, вале касе чизе нагуфт. Шояд ҳамин ҳолати ноамнтарин буд, ки аз сарам гузашт. Яъне, агар дар рӯзи равшан бо духтари ҷавоне чунин рафтор мешаваду тамошобинон ҳарфе намезананд ва дӯстам ҳам наздам набуду танҳо будам, фикр кардам, ман чӣ кор мекардам?"

Блогери филиппинӣ аз хубу бади сафараш ба Тоҷикистон гуфт
лутфан мунтазир бошед

Феълан кор намекунад

0:00 0:07:11 0:00

"БУРҚА НЕ, ҲИҶОБ ДОШТЕМ"

Радиои Озодӣ: Шумо гуфтед, дар ин сафар ба Афғонистон ҳам рафтед, вале ба ин бовар кардан хеле сахт аст. Кишваре зери назари "Толибон", ҷое, ки занҳо таҳти назорати шадид ҳастанду озодиҳо саркӯб мешавад. Ҳокимони ҳозираи Афғонистон ба шумо раводид (виза) доданду чизе напурсиданд?

Андреа Константино: "Раводиди сафарро ба Афғонистон танҳо аз консулгариву сафоратҳое мегиред, ки онҳоро ҳукумати "Толибон" эътироф мекунад. Визаро ман дар Тирмиз гирифтам. Дар онҷо визаро дар як рӯз медиҳанд. Дар Афғонистон ман мехостам бо занҳои зиёде суҳбат кунам. Қарор буд дар Афғонистон бо як роҳбалади зан гардам, вале дар остонаи сафар аз ӯ паёме гирифтам, ки боздошт шудааст ва гуноҳаш ин будааст, ки барои ҳам мардон ва ҳам занон дар як гурӯҳ роҳбаладӣ кардааст. Ман дар Узбекистон бо як сайёҳи дигаре мисли худам – духтари 25-сола аз Австралия – вохӯрда, қарор кардем ҳамроҳ ба Афғонистон биравем. Дар онҷо як роҳбалади ҷавон ба мо кумак кард. Сафарро ба Афғонистон ҳеч гоҳ фаромӯш намекунам."

Радиои Озодӣ: Шумо ба Афғонистон бо бурқа ворид шудед?

Андреа Константино: "На, ман бурқа надоштам, ҳиҷоб пӯшида будам. Мо дар рӯзи аввали сафар ба бозори Мазори Шариф рафтему либос харидем, вале бурқа неву ҳиҷоб доштем. Вақте аз сарҳад гузаштему роҳбалад пешвоз гирифт ва ба Мазори Шариф рафтем, ӯ гуфт, аввал бояд либос бихарем. Зимнан, дар онҷо бо ду хоҳаре вохӯрдем ва онҳо ба мо дар харидани либос ёрӣ карданд. Мо баъд ҳамроҳ хӯрок хӯрдем ва ин хоҳарон моро ба хонаашон даъват карданд. Он ҷо аъзои оилаашон буданд ва онҳо хостанд, ки мо дар хонаашон биистем, ҳарчанд мо меҳмонхонаеро иҷора гирифта будем. Мо даъвати онҳоро пазируфтем ва дар хонаи онҳо дар Мазори Шариф мондем. Роҳбалади мо як каме ҳарос дошт, гуфт, “мисли ҳолати одамрабоӣ менамояд”, вале ман эҳсоси хубе доштам. Мо ҳамон шаб мондем, хонаашон дар фосилаи 30 дақиқа дар беруни Мазори Шариф буд. Дар хонаи онҳо хоҳарони дигар, падару модар, амаку янгаҳояшон буданд ва моро хеле гарм қабул карданд. Онҳо ҳазора буданд. Роҳбалади мо ҳам ҳазора буд. Ин мардумро "Толибон" хеле зиёд азияту озор додаанд. Мо инчунин ба Кобулу Бомиён ва Ҳирот рафтем."

Радиои Озодӣ: Барои гардишгарӣ дар дохили Афғонистон бояд иҷозатнома ҳам медоштед?

Андреа Константино: "Бале, вақте аз посгоҳи марзӣ дар Тирмиз ба Афғонистон гузаштем, он ҷо боз як идорае буд, ки бояд худро сабтином мекардем. Дар ин идора тамоми санадҳои моро нусхабардорӣ карданд. Баъди ин дар гӯшаҳои дигари кишвар, масалан, барои ворид шудан ба масҷид ё мақбарае ё кадом ҷои таърихие бояд иҷозатнома мегирифтем. Ин иҷозатнома мисли иҷозатномаи сафар ё иҷозатномаи махсус барои ворид шудан ба масҷид ном дошт. Иҷозатномаро Вазорати фарҳанги онҳо медиҳад ва барои гирифтанаш ба шумо роҳбалад ёрӣ мерасонад: маълумотро дар бораи шумо дар аризаи интернетӣ ба вазорат мефиристад. Ба назари ман, агар ин нафар дар вазорат робитаву шинос дорад, барои ӯ иҷозатномаро осон медиҳанд. Аз ин рӯ, мо на барои ҳама ҷое, ки дидан мехостем, иҷозатнома дарёфт кардем ё он дер омад. Ман, ки Ҳинду Покистон ва Осиёи Марказиро дида будам, барои ман дар Афғонистон ҳам бисёр ҷойҳо гуё шинос менамуд. Осори таърихии мисли Роҳи Абрешим ҳам дар бисёр маконҳои Афғонистон мушоҳида мешуд. Масалан, масҷидҳое, ки дар Узбекистон ҳастанд, ба масҷидҳои Афғонистон ё Эрон монанданд. Агар шумо хаёлан "Толибон"-ро ба назар нагиред, Афғонистон мисли як давлати дигари Осиёи Марказӣ менамояд."

Радиои Озодӣ: Вале муошират бо "Толибон" ё дидани намояндагони мусаллаҳи "Толибон" шуморо натарсонд?

Андреа Константино: "Вақте дар оилаи мо шуниданд, ки ба дидани Афғонистон меравам, ҳама маро “девона” номиданд. Росташро гӯям, тамоси мо бо "Толибон" бисёр маҳдуд буд. Ман аз роҳбаладамон сипосгузор ҳастам, ки худи ӯ ҳам талош мекард бо онҳо зиёд рӯ ба рӯ нашавад. Азбаски ӯ ҳазора буд, мо гоҳо медидем, ки каме меларзид. Ин албатта таҷрибаи аввалини роҳбаладии ӯ ҳам буд. Ӯ ба мо ҳамеша таъкид мекард, ки “агар шумо бо онҳо хуб муомила кунед, онҳо ҳам вокуниши хубе нишон медиҳанд”. Ман албатта ба ин назарам, ки бояд бо ҳама хуб бошед. Ростӣ, ёдам ҳаст, ки баъди ворид шудан ба хоки Афғонистон ва гузаштан аз рӯи пул як каме ҳолати изтироб доштам. Вале баъди шунидани саргузаштҳои занон, ки худашон омада бо мо ҳамсӯҳбат мешуданд, ман ҳам хеле оромтар шудам. Масалан, мо дар фурудгоҳи Кобул будем ва ду зане пеши мо омада, бе ин ки аз онҳо чизе пурсем, ба сӯҳбат шурӯъ карданду аз саргузаштҳои худ гуфтанд. Онҳо зоҳиран мехостанд, ки ба як нафаре аз берун қиссаи худро бигӯянд. Якеаш гуфт, ки духтур буд ва баъди омадани "Толибон" бекор монд. Ӯ мегуфт, ки эҳсос мекунад, ки ҷаҳон гуё дигар дар фикри занони Афғонистон нест. Як зани дигаре, ки дар роҳ вохӯрдем, дар гузашта омӯзгори математикаву физика дар донишгоҳ буд, ӯ дар Эрон таҳсил карда ба Афғонистон баргашта буд. Ва ҳоло ин профессори донишгоҳ дар як дӯкони фурӯши қолин ёрӣ мерасонад. Ман аз он шигифтзада шудам, ки як зане бо вуҷуди доштани чунин ихтисоси баланд ҳоло ба як фурӯшандаи қолин табдил шудааст. Ин як истеъдоди аздастрафта аст. Тасавввур кунед, ки чӣ гуна ин занҳои донишманд метавонистанд барои рушди иқтисоди кишвар саҳмгузор шаванд. Ё духтарони варзишгаре, ки дар Ҳирот вохӯрдем ва онҳо дар орзуи иштирок дар бозиҳои олимпӣ буданд. Дилам реш шуд. Ин яке аз ҳолатҳои дардноктарин буд, ки дар Афғонистон таҷриба кардам."

Гӯшаҳо

Гуфтугӯ

XS
SM
MD
LG