Зиндагии беш аз 300 нафар дар сохтмонҳои нотамом: Бе санад, бе лифт. ВИДЕО

Беш аз 300 сокини се бинои навбунёди даҳтабақа дар кӯчаи Раҳимии шаҳри Душанбе (наздикии бинои Додситонии кул) шикоят доранд, ки моликони сохтмон биноро нотамом гузошта, ҳаволаи мардумро ба Худо супурдаанд. Масъули асосии ин се сохтмони нотамом бо ҷурми қаллобӣ ба 16 соли зиндон маҳкум шудааст. Афроди боварноки ӯ бо баҳонаи онки баъзе аз муштариҳо пули хонаро пурра пардохт накардаанд, кори сохтмонро тӯл медиҳанд.

  • Муштариҳо аз он ҳарос доранд, ки агар кор чунин кашол ёбад ва мақомот биноро қабул накунанд, ҳам барои пули додаашон хоҳанд сӯхт ва ҳам барои вақти аз даст рафтаашон. Ҳоло нархи як метри мураббаи хонаҳои навбунёд вобаста ба маҳаллаҳои пойтахт аз 250 доллар то 600-800 доллар ва баъзан аз он бештар ҳам қимат дорад.
Китоби хона надорем, шиносномаи техникии манзил ҳам нест. Бино пурра супурда нашудааст. Ҳукумат ҳанӯз онро қабул накардааст

"Гуфта буданд, баъи се моҳ ба истифода медиҳанд"

Девори биноҳо то ошёнаи даҳум зада шудааст. Аммо биноҳо лифту партовгоҳ ва шароити заруриро барои зиндагӣ надорад. Сокиноне, ки интизор доштанд, ба зудӣ дар хонаҳои комилан омода зиндагӣ мекунанд, акнун маҷбур дар ин нимасохтмонҳо ба сар баранд.

Мардум иддао доранд, ки тамоми манзилҳои се бино пурра фурӯхта шуда, онҳо пулашро

пардохтаанд. Шаҳзод Тоиров, сокини бинои навбунёд дар кӯчаи Раҳимии пойтахт, рӯзи 13-уми сентябр дар суҳбат бо Радиои Озодӣ гуфт, "вақте аз инҷо хона харидам, ваъда доданд, ки баъди ду-се моҳ ба истифода месупоранд. Аммо то ба ҳол моликаш дар зиндон аст. Мегӯянд, барои идомаи кор ба кадом писари холааш боварнома додааст, аммо рости гап намедонам, ки он ҳам ҳаст ё не."

Гузориши видеоӣ дар инҷост:

Браузери шумо HTML5-ро намешиносад

Зиндагии даҳҳо хонавода дар биноҳои нимасохти Душанбе

"Саҳни ҳавлӣ бисёр ифлос аст"

Сокинони ин биноҳои навсохт бо иллати нотамом мондани манзилашон то ҳол ягон ҳуҷҷати сабтиноми манзил надоранд. "Китоби хона надорем, шиносномаи техникии хона ҳам нест, чунки бино пурра супурда нашудааст. То ҳол ҳукумат онро қабул накардааст", - гуфт Шаҳзод Тоиров.

Атрофи ин биноҳои навбунёд, ки зоҳиран зебову муосир сохта шудааст, ба партовгоҳ монанд аст. Сарвар Раҳимова, сокини кӯчаи Раҳимии Душанбе мегӯяд, "якуним сол аст, ки дар ҳамин ҷо зиндагӣ мекунем. Саҳни ҳавлӣ бисёр ифлос аст. Ба сабаби онки ҷойи муайян нест, дар ҳар куҷое хостанд партов мепартоянд."

Аксар сокинони ин бино, ки дигар манзили истиқоматӣ надоранд, ночор дохили хонаҳои нотамомро таъмир карда, зиндагӣ доранд. Аммо шуруъ аз роҳрав то зинапояҳои қисмате аз ин манзилҳо барои зиндагӣ хатарнок боқӣ мемонад.

"Инҷо бисёр хатарнок аст"

Лола Пӯлодова, сокини кӯчаи Раҳимии Душанбе гуфт, "инҷо барои кӯдакон хавфнок аст. Онҳоро ҳамроҳ то поин фароварда, ба мактаб гусел мекунем. Вақте аз мактаб омаданд,, дубора ба боло мебарорем. Чунки метарсем боз аз зинаҳо наафтанд. Ошёнаҳои аввалу дувум ба хайр аст, агар ошёнаи даҳум афтанд чӣ? Бисёр хатарнок аст."

Ба қавли сокинон, Карим Маҳмадшоев, масъули сохтмони ин биноҳо, ки бо онҳо қарордод кардааст, бо ҷурми қаллобӣ, яъне ба чанд нафар фурӯхтани як манзил ба 16 соли зиндон маҳкум шудааст.

Даъвои моликон: Муштариҳо пулро надодаанд

Фаррух Ашӯров, соҳиби замине, ки биноҳои мазкур дар онҷо бунёд шудаанд, аз номи ваколатдор ё одами боварноки Карим Маҳмадшоев, ки барои сокинон дастнорас аст, гуфт: "Баъзе қарздорон ҳастанд. Бояд пулҳоро пурра пардохт кунанд, то сохтмони биноро пурра ба анҷом расонанд. Ба ҳамин хотир кор каме ба таъхир афтодааст."

Дар гузашта ҳам шикояти сокинони биноҳои навбунёд дар робита ба пурра анҷом нашудани манзилҳояшон ва сифати пасти сохтмон дар шаҳри Душанбе сабт шудааст. Ҳамчунин, масъулони чанд ширкати сохтмонӣ бо ҷурми қаллобӣ ба зиндон рафтаанд.

Аз ҷумла, соли 2016 чанд хонавода дар маҳаллаи Ховарони шаҳри Душанбе чанд моҳ дар як бинои сохтмонаш нотамом ба сар бурданд. Ин бино на об дошту на ташноб ва на барқ.

Бунёди хонаҳои баландошёнаи истиқоматӣ дар пойтахти Тоҷикистон 8-10 соли пеш босуръат шурӯъ шуд ва талаботи зиёди сокинон ба манзилҳои зист боиси он шуд, ки ширкатҳои сохтмонӣ ҳам афзуд. Амре, ки боиси бесифат шудани қисме аз биноҳои баландошёна шудааст.

Қаблан шаҳрдори Душанбе Рустами Эмомалӣ аз фаъолияти ширкатҳои сохтмонӣ дар пойтахт нигаронӣ карда, дастур дода буд, ки назорат аз болои кори ширкатҳо шадидтар шавад.