"Наход ман фарзанд, келин ва набераи худамро кушам?"

Ҳикмат Шодиева, модари Искандар Маликӣ

Додситонии шаҳри Исфара ба модари Искандар Маликӣ, корманди пешини ҳукумати шаҳри Исфара, ки ҳамроҳи зану фарзандаш ба таври фоҷиабор ҷон бохтанд, барои "дар хатар гузоштани ҳаёти наздикон" шашуним соли зиндонро талаб кардааст.

Мурофиа 29-уми апрел дар шаҳри Хуҷанд баргузор шуд ва қарор аст ҳафтаи оянда ҳукми ниҳоӣ бароварда шавад. Ин ҳодиса моҳи декабри соли гузашта рух дод ва ҷараёни таҳқиқи он пайвандони ду ҷонибро норозӣ гузошт.

Ҳикмат Шодиева, як зани 62 сола мегӯяд, ки ӯ ба марги писару хонаводааш гунаҳкор нест ва дар рӯзи ҳодиса барои наҷоти онҳо ҳарчӣ аз дасташ меомад, кардааст.

"Наход ман фарзанди худамро кушам, наход келину набераамро кушам. Тӯҳмат карда истодаанд".

Муфаттишон сабаби марги Искандар Маликӣ (Шафеиён), ҳамсар ва духтарашро "заҳролудшавӣ аз гази карбон" гуфтанд. Шодиева баъди панҷ моҳи ҳодиса аввалин бор ҳодисаро нақл кард.

Видеоро инҷо тамошо кунед:

Браузери шумо HTML5-ро намешиносад

Додситон барои модари Искандар Маликӣ 6 сол зиндон талаб кард

Ҳикмат Шодиева дар суҳбат ба Радиои Озодӣ гуфт, "оча, ман намози хуфтанамро хонам гуфтанду ба ҳаммом рафтанд. Аз ҳаммом омада гуфтанд, ки оча, банди дилам дард мекунад. Ман гуфтам, ки чаро инхел, он кас ман намедонам, фишорам шояд баланд шуда истодааст. Ҳамин тавр хун партофтанду дар ҷояшон мурданд. Ақаллан пояшонро наҷунбониданд".

Модари Искандар Маликӣ ба даъват накардани "Ёрии таъҷилӣ" ва "дар хатар гузоштани ҳаёти наздикон" гумонзад аст. Ҳикмат Шодиева шаби ҳодиса ҳамроҳи писару келин ва набераҳояш будааст. Ба ӯ аз 2 то 7 сол зиндон таҳдид мекунад. Феълан мурофиаи додгоҳии ӯ дар шаҳри Хуҷанд ҷараён дорад ва рӯзи 29-апрел додситони шаҳри Исфара ба Шодиева 6 солу 6 моҳи зиндонро талаб кард.

Ҳикмат Шодиева мегӯяд, шаби ҳодиса талош кард, ки ба писари дигараш занг занад, аммо телефони ӯ хомӯш буд. "Ман худам ба ягонҷо телефон карда наметавонам. Рухшона (наберааш) бо телефони модараш занг зад. Ман рақами Ёрии таъҷилиро намедонам, ман як зани қишлоқӣ ҳастам. Дар қишлоқи мо мошини Ёрии таъҷилӣ нест".

Бо гузашти моҳҳо мақомоти шаҳри Исфара масъаларо расман шарҳ надодаанд. Танҳо дар як маврид ва он ҳам дар нишасти хабарии моҳи январ сардухтури бемористони Исфара гуфт, ҷузъиёти қазия дар ихтиёри намояндагони ҳифзи ҳуқуқ аст.

ИНЧУНИН, БИХОНЕД:

Як моҳ гузашт, чаро асрори марги 3 узви як оила дар Исфара кушода нашуд?

Тайибиддин Муҳаммадов, сардухтури Бемористони Исфара он вақт гуфт, "он чизе, ки нисбат ба оилаи Маликӣ гуфта мешавад, заҳролудшавии омехта аст. Ин дар дасти мақомоти ҳифзи ҳуқуқ ҳаст. Заҳролудшавии ботулизм ё чизи дигар ба қайд гирифта нашудааст.”

Аммо Муҳайё Маъруфзода, модарарӯси Искандар Маликӣ мегӯяд, дар ин маврид шубҳа ва суолҳои зиёд дорад. "Дар хонае, ки онҳо зиндагӣ мекарданд, аз фарши гарму барқ истифода мешуд. Он ҷо сандалӣ, бухории аловӣ ва ангишт нест. Чаро гази карбон мегӯянд, на гази моеъ, на гази пропан, на гази бутан? Бисёр шубҳаовар аст. Ман намедонам чаро боз кардани ин ҷиноят тӯл мекашад?"

Қарор аст ҳафтаи оянда додрас ҳукмро хонад. Аммо интизор намеравад, ки ин ҳукм низ ҳамаи ҷузъиётро бозгӯ кунад. Ҳикмат Шодиева ва дигар пайвандони Искандар Маликӣ аз чунин ранг гирифтани қазия нигаронанд. Онҳо мегӯянд, бо оилаи Искандар муносибати хуб доштанд ва аз деҳаи Вешисти шаҳри Панҷакент гоҳ-гоҳ ба аёдати фарзанду оилааш меомаданд.

Додгоҳ шаҳри Хуҷанд

Ҳарду ҷониб аз Додгоҳ ва мақомоти ҳифзи ҳуқуқ талаб доранд, ки ҳодиса одилона баррасӣ шавад. Ба андешаи онҳо, дар парванда номи дигарон низ ҳамчун шоҳид омадааст, вале дар мурофиаҳо иштирок намекунанд. Радиои Озодӣ бо яке аз онҳо ҳамсуҳбат шуд ва оиди ҳодиса нахост ибрози назар кунад.

Аз Искандар Маликӣ (Шафеиён) се кӯдак мондааст ва онҳоро Муҳайё Маъруфзода, нигоҳубин мекунад. Якеашон ширхора аст.

Искандар Маликӣ (Шафеиён) солҳои дароз дар идораҳои давлатӣ дар Суғд кор кардааст. Вазифаи охиринаш мудири шуъбаи ташкилӣ ва кор бо кадрҳои дастгоҳи ҳукумати Исфара буд. Вай тақрибан ду сол пеш аз ин вазифа ронда шуд ва тибқи иттилои дарёфтӣ соҳибкорӣ мекард. Шафеиён дар муноқишаи моҳи январи соли 2022 дар марзи Тоҷикистону Қирғизистон сахт захмӣ шуда буд.