Бо вуҷуди даъвати фарзандон ба ҳифзи сарпаноҳи охирини кӯдакону наберагони соҳибкори зиндонӣ Зайд Саидов, субҳи 23-юми апрел мақомоти судӣ мусодираи амволи онҳоро дар маркази шаҳри Душанбе оғоз карданд.
Чор манзил аз чор фарзанди соҳибкори зиндонӣ бар асоси қарори додгоҳ ҳабс шуда буд. Наздикони соҳибкори норозӣ ва сиёсатмадори зиндонӣ Зайд Сайид аз ҳукми додгоҳ ба зинаҳои гуногун шикоят карданд, вале қарор бетағйир боқӣ монд.
Хабарнигорони Радиои Озодӣ имрӯз мушоҳида карданд, ки кормандони мақомот чизу чораро берун ва хонаҳоро холӣ мекунанд.
Кормандони мақомот, ки аз ҷараёни иҷрои қарори додгоҳ назорат мекарданд, аз шарҳи мавзӯъ худдорӣ карданд. Наздикони Зайд Сайид ҳам нахостанд бо хабарнигорон гап зананд.
Хайрулло Саидов. Акс аз бойгонӣ
Хайрулло Саидов, писари калонии Зайд Саид дар саҳифааш дар Фейсбук санади иҷрои қарори додгоҳро нашр кардааст, ки дар он гуфта мешавад, рӯзи 23-юми апрел бо ҳар роҳе хона мусодира хоҳад шуд.
Дар қарор ҳушдор дода шудааст, ки агар хонаҳоро ихтиёран холӣ накунанд, дарҳояшро шикаста вориди он хоҳанд шуд.
Хайрулло Сайидов гуфтааст, ки ба пайвандонаш раҳм накарданд ва шикояташон ба мақомоти болоӣ натиҷа надод.
Мақомот дар солҳои пеш бар асоси ҳукми додгоҳ ширкату корхона ва манзилу мошинҳои марбут ба худи Зайд Саидов ва наздикони ӯ, аз ҷумла фарзандашро мусодира кардаанд.
Зайд Саидов, соҳибкор ва вазири пешини саноати Тоҷикистонро дар моҳи майи соли 2013 дастгир ва сипас бо иттиҳомҳои "сӯиистифода аз мақом, бисёрзанӣ, ришвахорӣ, сохтакории санад, тасарруфи пули давлат ва саркашӣ аз пардохти молиёт (андоз)" 29 сол зиндонӣ карданд.
Худаш ва наздикону тарафдоронаш ин иттиҳомҳоро беасос хонда, гуфтанд, ягона сабаби зиндонӣ шудани ӯ талош барои таъсиси ҳизби сиёсии "Тоҷикистони нав" буд. Созмонҳои байнулмилалии мудофеи ҳуқуқи инсон низ ӯро "маҳбуси сиёсӣ" дониста, борҳо бозбинии ҳукми ӯ ва раҳоияшро аз зиндон талаб кардаанд.