Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

"Озодии Зайд Саидов ду роҳ дорад - ё афви умумӣ, ё президент ӯро бубахшад". ВИДЕО


Мақомоти вазорати адлияи Тоҷикистон дар робита ба хулосаи Кумитаи ҳуқуқи башари Созмони Милали Муттаҳид оид ба парвандаи соҳибкори зиндонии тоҷик Зайд Саидов, назари худро баён карданд. Кумитаи ҳуқуқи башари Созмони Милали Муттаҳид дар хулосаи ахираш аз Ҳукумати Тоҷикистон тақозо кард, ки Зайд Саидовро дар муддати 180 рӯз озод ва ба ӯ ҷуброн пардохт кунад.

Рустами Шоҳмурод, вазири адлияи Тоҷикистон рӯзи 18-уми июл зимни нишасти хабарӣ дар посух ба ин суоли хабарнигори Радиои Озодӣ, ки "Аз нигоҳи қонунгузории Тоҷикистон назари вазорати адлия дар ин робита чӣ аст ва оё имкон дорад Зайд Саидов озод шавад", гуфт, ки ин вазоратхона то ба ҳол пешниҳоди Кумитаи ҳуқуқи башари Созмони Милали Муттаҳидро дарёфт накардааст.

"Озодии Зайд Саидов ду роҳ дорад - ё афви умумӣ, ё президент ӯро бубахшад"
лутфан мунтазир бошед

Феълан кор намекунад

0:00 0:01:50 0:00

Вазири адлияи Тоҷикистон дар идома гуфт, ки "аммо ду шароит вуҷуд дорад, яке шомил шудан ба аф, ва дувум бахшида шудани гуноҳаш аз тарафи президенти Тоҷикистон. Танҳо дар ҳамин ду шароит, имкони озод шуданаш вуҷуд дорад."

"Мақомоти тоҷик бояд иштибоҳҳои худро ислоҳ кунанд"

Хулосаи Кумитаи ҳуқуқи башари Созмони Милали Муттаҳид пас аз се соли муроҷиати наздикони Зайд Саидов содир шуд. Дар хулосаи 12-саҳифаии Кумитаи ҳуқуқи башари СММ, ки рӯзи 16 июл пахш шудааст, нуктаҳои асосии парвандаи Зайд Саидов аз оғоз то анҷом мавриди таҳлил қарор гирифтааст.

Зайд Саидов апрели соли 2013 бо ташкили як нишасти хабарӣ гуфт, ки мехоҳад ҳизби нави сиёсӣ таъсис бидиҳад, ки барои ислоҳи вазъи иқтисодии Тоҷикистон равона мешавад. Вале як моҳ баъди боздошт ва ба ҷавобгарии ҷиноӣ кашида шуд.

Муаллифони хулосаи Кумитаи ҳуқуқи башари СММ мегӯянд, давоми се соли омӯзиши парвандаи Зайд Саидов ба ин натиҷа расиданд, ки дар қазияи ӯ чандин муқарраротҳои Паймони байналмилалии ҳуқуқи сиёсӣ ва шаҳрвандӣ нақз шудаанд. Ин ниҳод талаб кардааст, ки мақомоти Тоҷикистон бояд ин иштибоҳҳои худро ислоҳ кунанд.

Дар хулосаи Кумитаи ҳуқуқи башар аз мақомоти тоҷик тақозо шудааст, ки Зайд Саидовро озод кунанд ва дар ҳолати ҷой доштани зарурат, мурофиаи ӯро ба тарзи одилона баргузор намоянд. Ба ақидаи муаллифони гузориши Кумитаи ҳуқуқи башари СММ, ҳаққи Зайд Саидов барои таъсиси ҳизби сиёсӣ ва муҳокимаи одилона поймол шудааст.

Вазорати адлия: Муроҷиати СММ хусусияти тавсиявӣ дорад

Асадулло Ҳакимов, сардори Раёсати муносибатҳои байналмилалии Вазорати адлия дар як сӯҳбат бо хабарнигори Радиои Озодӣ дар ҳошияи нишасти матбуотии ин сохтор рӯзи 18 июл гуфт, муроҷиати Кумитаи созмони миллал дар мавриди Зайд Саидов ба Тоҷикистон хусусияти тавсиявӣ дорад. Вай гуфт, дар сурати ба дастгоҳи президенти Тоҷикистон расидани он, ба мақомоти зидахл фиристода мешавад ва мо мавқеи Тоҷикистонро дар нисбати он рушан хоҳем кард. Асадулло Ҳакимов, аз ҷумла гуфт:

“Шикоятҳои инфиродие, ки ба Кумитаи ҳуқуқи инсони СММ мерасанд, аз онҷо ба мо тавсия дода мешавад, ки баррасӣ карда шавад. Мо ин муроҷиати СММ-ро меомӯзем, ки шикоят чӣ гуна пешниҳод шудааст ва воқеият дорад ё не. Чунки вақте ки мо дар инстансияҳои дохилӣ баррасӣ мекунем, аз се марҳила иборат ҳастанд. Зинаи аввал ва зинаи дуввум кассатсионӣ буда, зинаи севвум назоратӣ аст. Ва мо вобаста ба ин уҳдадорӣ дорем ва агар дар ин зинаҳо ба таври кифоя масъала ҳалли худро наёфта бошад, Кумитаи ҳуқуқи инсони СММ як бори дигар тавсия медиҳад, ки парванда як бори дигар баррасӣ карда шавад. Ба шарте, ки инстансияҳои дохилӣ пурра анҷом наёфта бошанд", гуфт Ҳакимов.

Ӯ гуфт, ки баъди ба таври расмӣ ба ҳукумат расидани муроҷиати Созмони миллал, мавқеи ҷониби Тоҷикистон рӯшан хоҳад шуд.

"Наздикони Саидов: Аз аввал ҳамааш ғайриқонунӣ буд"

Дар ҳамин ҳол, наздикони Зайд Сайидов, соҳибкори тоҷик, ки ба 29 соли зиндон маҳкум шудааст, мегӯянд, хулосаи Кумитаи ҳуқуқи башари Созмони Миллали Муттаҳид умедвории онҳоро барои озодии ӯ бештар кардааст. Наздикони ин соҳибкори зиндонӣ бовар доранд, ки ин кор ба озодии ӯ аз зиндон мусоидат мекунад.​

Хайрулло Саидов, писари Зайд Саидов рӯзи 18-уми июл дар сӯҳбат ба Радиои Озодӣ гуфт, тақозои Кумитаи ҳуқуқи башар баёнгари он аст, ки ҳатто ин созмон ба бегуноҳии падараш итминон дорад ва исбот кардааст, ки ӯ ғайриқонунӣ зиндон шудааст.

Хайрулло Саидов афзуд, баъди ин умедворанд, ки роҳбарияти давлат ба парвандаи падари ӯ тавваҷҷуҳи хос мекунанд ва ин таваҷҷуҳ ба озодии Зайд Саидов суръат мебахшад. Аммо писари Зайд Саидов мегӯяд, тақозои аслии онҳо ин на кам кардани ҳукми ӯ, балки озодии комили падараш аст.

Чун ба қавли ӯ, "аз аввал то охир ҳамааш ғайриқонунӣ ва тӯҳмат аст. Мо комилан ба озодӣ умедворем ва инки ҳатто як нукташ гуё гуноҳ бошад, мо қабул надорем. Мо дар ду додгоҳ бо чӣ заҳматҳое бегуноҳии ӯро исбот кардем. Ҳамааш супоришӣ буд ва ин ҷойи баҳс надорад. Ҳатто "тақозои замон", ки худи қозии парванда гуфта буд, худ баёнгари вазъ буд."

Зайд Саидов соли 2013, баъди талоши таъсиси ҳизби "Тоҷикистони нав" боздошт ва дар доираи чанд парванда ба 29 соли зиндон маҳкум шуд. Ӯву ҷонибдоронаш ин ҳукмро "сиёсӣ" хонданд.

Соҳибкори муваффақе, ки ба кунҷи зиндон рафт

ЗайдСаидов баъди эълони ташкили ҳизби нав ба "дарди сар" гирифтор шуд.
ЗайдСаидов баъди эълони ташкили ҳизби нав ба "дарди сар" гирифтор шуд.

Зайд Саидови 57-сола, вазири собиқи саноати Тоҷикистон ва аз соҳибкорони муваффақи кишвар рӯзи 19-уми майи соли 2013, ҳангоми бозгашт аз сафари Фаронса дар Фурудгоҳи байналмилалиии Душанбе боздошт ва 25-уми декабри ҳамон сол бо иттиҳоми сӯиистифода аз мақом, бисёрзанӣ, ришвагирӣ ва таҷовуз ба номус, ба 26 соли зиндон маҳкум шуд.

Соли 2015 ӯро дар мурофиаи дигар ба сохтакории ҳуҷҷат, суистифода аз ваколатҳои мансабӣ, тасарруфи маблағҳои давлатӣ ва саркашӣ аз андоз айбдор ва 3 соли дигарро ба ҳукми зиндонаш илова карданд. Соли 2014 ҳадди аққал 8 корхонаву ширкатҳои марбут ба Зайд Саид ва наздикони ӯ, аз ҷумла фабрикаи дӯзандагии "Гулистон" ва корхонаи "Тоҷикмармар" мусодира ва давлатӣ шуд.

Ӯву тарафдоронаш аммо иттиҳомоти қабливу кунуниро рад мекунанд ва онро сиёсӣ меноманд. Зайд Саид апрели соли 2013 бо ташкили як нишасти хабарӣ гуфт, ки мехоҳад ҳизби нави сиёсӣ таъсис бидиҳад, ки барои ислоҳи вазъи иқтисодии Тоҷикистон равона мешавад. Вале як моҳ баъди боздошт ва ба ҷавобгарии ҷиноӣ кашида шуд.

Ҳукми 29 соли зиндони яке аз шахсиятҳои шинохта дар фазои тиҷоратии Тоҷикистон ва соҳибкоре, ки ба ҳукумат хеле наздик буд, аз ҷониби созмонҳои байналмилалии мудофеи ҳуқуқи инсон маҳкум шуд. Даъватҳо ба бозбинии ҳукми Зайд Саидов то ба ҳол нодида гирифта шудааст.

  • Акси 16x9

    Радиои Озодӣ

    Радиои Озодӣ ахбореро нашр ва масъалаҳоеро инъикос мекунад, ки дар расонаҳои давлатии Тоҷикистон намебинед ва ё расонаҳои дигар аз инъикоси онҳо худдорӣ меварзанд. Мо ба мардум хабарҳои саривақтӣ ва санҷидашударо мерасонем ва гузоришҳои таҳлилӣ, мусоҳибаҳои ҷолибро бо сиёсатмадорон ва афроди хабарсоз пешкаш мекунем.

XS
SM
MD
LG