Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Зайд Саидов - як сол дар зиндон (ВИДЕО ва ИНФОГРАФИКА)


Зайд Саидов
Зайд Саидов

Рӯзи 19 май аз боздошти соҳибкори шинохта ва вазири собиқи саноати Тоҷикистон Зайд Саидов дуруст як сол мегузарад, вале зоҳиран умеди вакилонаш ба имкони озодии Саид торафт камтар мешавад.

Рӯзи 19 май аз замони боздошти Зайд Саидов як сол мегузарад. Ин солгарди барои наздикони вазири собиқи саноати Тоҷикистон ва соҳибкори маъруф талх дар ҳоле фаро мерасад, ки як ҳафта қабл аз ин солгард Додгоҳи олӣ баррасии шикояти вакилони ӯро анҷом додаву барои таҳии ҳукм ба хонаи машваратӣ рафтааст.

Аммо Шӯҳрат Қудратов, яке аз вакилони Зайд Саидов рӯзи 18 май ба Радиои Озодӣ гуфт, онҳо зиёд умедвор нестанд, ки ягон додгоҳи Тоҷикистон, ҳатто Додгоҳи олиаш битавонад ӯро сафед кунад: “Ин як парвандаи саропо бофтаву смохта аст. Қазияи Зайд Саидов комилан сиёсист ва ҳукми ӯ на дар додгоҳ содир шудааст, балки ҳар як қадами мақомот аз оғози тафтишот то судури ҳукм дар “болои боло” машварат шуда буд. Ва ҳукми сафеди ӯ ҳам, агар содир шавад, аз ҳамон “болои боло” содир хоҳад шуд, на аз тарафи додгоҳ ё додситонӣ.”

Зайд Саидов

Зайд Саидов 20 марти соли 1958 дар рустои Шодмонии ноҳияи Нуробод ба дунё омада, соли 1983 бахши шабонаи риштаи иқтисодии Донишгоҳи давлатии Тоҷикистонро хатм кардааст. Аз соли 1983 то 1987 дар ширкати “Ритуал” ибтидо иқтисоддон ва баъдан ба ҳайси сармуҳандис кор кард. Солҳои 1987-1988 мудири бахши қаннодии кобинати қаннодиву кулчапазии Душанбе ва солҳои 1988-1991 мудири бахши коркарди сангҳои ширкати “Промстройматериали” буд. Солҳои 1991-1992 мудири корхонаи мармари “Лаъл” буд. Баъди ишғоли Душанбе аз сӯи нирӯҳои Фронти халқӣ ба Маскав паноҳ бурд ва то соли 1988 дар бозори Черкизово кор кард. Бар асоси саҳмияи 30-фоизаи мухолифин дар соли 1999 раиси Кумитаи саноат таъин шуд. Аз соли 2001 то 2007 вазири саноати Тоҷикистон буд. Баъди рафтан аз ин мақом ба соҳибкорӣ баргашт ва бо таъсиси ширкати “Тоҷ сохтмон байналмилал” ба яке аз соҳибкорони пештоз дар бозори сохтмони пойтахти Тоҷикистон табдил ёфт. Ба ҳисоби Кумитаи андоз, ӯ дастикам 13 ширкатро идора мекард, ки дар соҳоти мухталиф – аз сохтмон то дӯхтани либос, аз тавлиди шарбат то корхонаҳои тилову мармарро дар бар мегирифт.
Аз соли 2007 раиси Федеросиюни тенниси рӯи мизи Тоҷикистон буд ва охирин сафари хориҷиаш ба Фаронса қабл аз боздошташро низ ба ҳайси раиси ҳамин ниҳод ба манзури ширкат дар мусобиқоти ҷаҳонии тенниси рӯи миз анҷом дода буд. Аз соли 2007 раҳбарии Анҷумани тавлидкунандагони ватанӣ ва аз соли 2012 раҳбарии Шӯрои анҷуманҳои соҳибкории Тоҷикистонро бар ӯҳда дошт. Вале 12 майи соли 2013, баъди нашри хабари боз шудани парвандаҳо алайҳи Зайд Саидов, аъзои ин Шӯро дар як ҷаласаи ғайринавбатӣ Шӯрои анҷуманҳои соҳибкориро комилан барҳам доданд.
Зайд Саидов 19 майи соли 2013 боздошт ва 25 декабри ҳамон сол ба 26 соли зиндон маҳкум шуд.
Зимнан айбдоркунандаи давлатӣ рӯзи 12 май аз додрас хостааст, то 26 сол ҳукми зиндони ин соҳибкорро бидуни тағйир ба қувваи худ боқӣ гузорад. Шӯҳрат Қудратов мегӯяд, онҳо, албатта, умедвори тантанаи адолат ҳастанд, вале гумон аст, ки дар шароити кунунии Тоҷикистон ягон додрас ҳатто дар парвандаҳои оддӣ бар хилофи хости айбдоркунанда ҳукм барорад.

Зайд Саидов рӯзи 19 майи соли 2013, баъди бозгашт аз сафари Фаронса дар фурудгоҳи Душанбе дастгир ва 25 декабри соли 2013 аз сӯи Додгоҳи олӣ бо ҷароими сангине, чун бар асоси чаҳор банди Кодекси ҷиноии Тоҷикистон - “таҷовуз ба номус”, “бисёрзанӣ”, “қаллобӣ” ва “ришваситонӣ” - ба 26 соли зиндон маҳкум кард. Ба дунбол, аз моҳи март ба ин тараф дастикам 6 корхонаву ширкати марбут ба Зайд Саидов ва наздикони ӯ ба фоидаи давлат мусодира карда шуд.

Аммо бо онки аз боздошти ин соҳибкор як сол мегузарад, дар ҷомиа ҳамчунон сӯҳбатҳое идома доранд, ки оё то куҷо 26 сол ҳукми зиндони ӯ одилона буд? Як суоли то ҳол бозношуда ин аст, ки оё ангезаҳои аслии чунин таъқибу ҳукми шадиди ӯ чӣ буд?

Худи Зайд Саидов ва тарафдоронаш мӯътақиданд, ки парвандаи ӯ ангезаҳои сирф сиёсӣ дорад ва аз ҳамон нишасти хабарии пурсарусадои рӯзи 6 апрели соли 2013 маншаъ мегирад, ки ӯ дар он нишаст аз азмаш барои сохтани ҳизби сиёсии Тоҷикистони нав хабар дод. Он ҳам дар фосилаи ҳамагӣ 7 моҳ аз интихоботи раёсатҷумҳурии Тоҷикистон, ки баъдан, тавре ҳам ки интизор мерафт, Эмомалӣ Раҳмон дар ин маърака барои дарёфти боз як давраи ҳафтсолаи раёсат номзадиашро гузошт ва собиқаи алакай 22-солаи раҳбариаш бар Тоҷикистонро дастикам то соли 2020 тамдид кард.

Мусоҳибаи Зайд Саидов аз Порис бо Озодӣ чанд рӯз қабл аз боздошти ӯ:


Албатта, дар апрели соли 2013 вазъи интихобот чандон рӯшане набуд, ки баъди боздошти Зайд Саидов. Вале боз ҳам бисёриҳо ба инки танҳо азми сохтани ҳизби сиёсӣ ва он ҳам бо ваъдае ки ҳизби Тоҷикистони нав дар интихоботи президентӣ касеро номзад намекунад, битавонад мошини таъқиботии давлати Тоҷикистонро алайҳи як нафар чунин ба ҷунбиш биорад.
Саймуддин Дӯстов
Саймуддин Дӯстов
Саймуддин Дӯстов, раҳбари маркази таҳлилии “Индем” мегӯяд, парвандаи Зайд Саидов дар ҳар сурат ҳадди ақал ду чизро рӯшан кард: “Аввал ин ки дар низоми сиёсии Тоҷикистон барои фаъолияти ҷиддии сиёсӣ шароит вуҷуд надорад ва ҳар касе ки ин воқеъиятро нодида мегирад ё ба баҳс мекашад, ҷону моли худро ба хатар меандозад. Дувум чизе ки рӯшан шуд, ин аст ки рафтани идеалистҳо ва романтикҳо ба сиёсат дар Тоҷикистон оқибат надоштааст. Зайд Саидов бо ҳамин гуна муносибати идеалистиаш қурбони бозиҳои абстрактивӣ шуд.”

Рӯзи 11 майи соли 2013, ҳамагӣ як рӯз баъди сафари Зайд Саидов ба Фаронса дар раъси тими миллии тенниси рӯи миз, мақомот манзилҳои ӯву наздиконашро дар душанбе кофтукоб карда, аз ифтитоҳи парвандаи аввалин алайҳи ин соҳибкор бо иттиҳоми бисёрзанӣ хабар доданд. Зайд Саидов, ки ҳанӯз дар Фаронса буд, дар як мусоҳибааш бо Озодӣ аз Порис гуфт, аз чапу рост зиёд машвараташ медиҳанд, ки муддате барнагардад. Вале ӯ чунин имконро башиддат рад мекард ва аз ҷумла дар он сӯҳбаташ бо Озодӣ ҳам гуфта буд, “ман боварӣ дорам, ки дар Тоҷикистон адолат ҳаст. Аз тарафи дигар, ман ҷинояткор нестам, ки барнагардам.”
Хуршеди Атовуллоҳ
Хуршеди Атовуллоҳ
Хуршеди Атовуллоҳ, раҳбари Маркази таҳқиқоти журналистии Тоҷикистон мегӯяд, дар як соли пеш мақомот мехостанд бо боздошти Зайд Саидов нишон диҳанд, ки ҷанги онҳо бо фасод танҳо бо моҳичаҳои хурд маҳдуд намешавад, балки вазири собиқро ҳам гирифта метавонанд: “Вале бисёриҳо ба иттиҳомоти эълоншуда бовар накарданд. Ҷомиа ба ҳамин фикр монд, ки то даме ки ту аз хатти кашидаи давлат убур намекунӣ, метавонӣ хушу роҳат кору зиндагӣ кунӣ. Вале агар аз ин хат берун пой мондиву рӯ ба сиёсат овардӣ, корат тамом аст. Ҳар як тоҷир ё мансабдорро бо иттиҳомоти иқтисодие, ки алайҳи Зайд Саидов эълон шуд, метавон аз пояш гирифт. Вале инҷо болои ӯ иттиҳомти сангини “таҷовуз ба номус”-ро ҳам бор карданд, ки ман ва фикр мекунам, бисёриҳо ба ин иттиҳом бовар надоранд. Сохта буд хеле.”

Аз 26 сол ҳукми зиндони ӯ 19 солаш барои “таҷовуз ба номус”-и духтарест, ки вакилони Саидов айни иттиҳоми “таҷовуз ба номус” ва гӯё аз Зайд Саидов фарзанд доштани аммаи ҳамин духтарро бо далоил рад карданд. Моҷарои бархоста дар атрофи тақаллуби санади падарӣ, ки аз сӯи ширкати маскавии “Био-Папа” дода шудааст, мардумро ба воқеияти иттиҳоми “таҷовуз ба номус” боз ҳам бештар машкук кард.

Саймуддин Дӯстов мегӯяд, талотуми ҳодисот нишон медиҳад, ки он ду духтари даъвогар низ қурбонии вазъият шудаанд ва дар поёни моҳи апрели соли равон ба таври пурасрор аз Оҷонсии зиддифасод комилан ронда шудани Зуҳал Раҳимов – муфаттиши парвандаҳои “таҷовуз ба номус” дар қазияи Зайд Саидов - ба оташи шакку гумонҳо дар атрофи ин қазия равғани бештар рехт.

Флеш-моби тарафдорони Зайд Саидов
Флеш-моби тарафдорони Зайд Саидов
Вале ин ду иттиҳоми ахлоқӣ бо замми иттиҳоми “бисёрзанӣ”, ба гуфтаи як ҳамсӯҳбати мо, нақши худро барои мақомот иҷро кард. Зеро созмонҳои байналмилалӣ ва сафоратҳои давлатҳои бонуфуз аз дахолати зиёд дар парвандае, ки чунин иттиҳомотро дар бар мегирифт, ибо карданд.

Эътирозҳо алайҳи ноҳаққӣ дар ҳаққи ин соҳибкор бештар аз дохили кишвар баланд мешуд ва ҳарчанд ба сари худ бесобиқа буд, он ҳам зиёд тӯл накашид ва бештар дар чордевори матбуот ва шабакаҳои иҷтимоии Интернет маҳдуд мешуд. Танҳо як дафъа - рӯзи 25 августи соли 2013 - наздиконаш аз боми Маркази тиҷории "Пойтахт", ки низ ба Зайд Саидов марбут аст, ба нишони ҳимоят аз ӯ чанд кабӯтару чанд пуфак сар доданд, вале мақомот 3 фарзанду домод ва Маҳмудҷон Қосимов - муовини Саидов дар Гурӯҳи ташаббускори ҳизби Тоҷикистони навро 5-рӯзӣ ҳукми ҳабс дод.

Аз тарафи дигар, Шӯрои анҷуманҳои соҳибкорӣ худро ҳатто барҳам дод, ки Саидов раисаш набошад. Бисёре аз ҳамфикрони ӯ аз Гурӯҳи ташаббускори ҳизби Тоҷикистони нав, ҳанӯз ӯ боздошт нашуда, ин ҳизбро тарк гуфтанд. Ба ҷои онҳо нафарони наве ба нишони ҳамраъйӣ ба ҳизб омаданд, вале бо гузашти як солу як моҳ аз таъсиси Гурӯҳи ташаббускораш Тоҷикистони нав то ҳол натавонист анҷумани муассисонашро барпо кунад.

Аммо Хуршеди Атовуллоҳ, раҳбари Маркази таҳқиқоти журналистии Тоҷикистон мегӯяд, ҳоло, бахусус баъди чунин намоишкорона ва хеле сангин ҷазо додани Зайд Саидов ҷавви ҳоким бар арсаи сиёсии Тоҷикистон чунин шудааст, ки бояд ҳатто барои гирифтани зодрӯзат аз мақомот иҷозат бигирӣ, чӣ расад ба баргузории анҷумани як ҳизби мухолиф: “Бубинед, болои зодрӯзи Маҳмурод Одинаев дар дафтари ҳизби Раҳматуллоҳ Зоиров чигуна тохтанд. Ҳоло онки онҷо як маҳфили зодрӯз буд, ҳамагӣ. Ҳарфе аз сиёсат ё аз Украина набуд. Бисёре аз ҳамсафони Зайд Саидов низ ба фишору таъқиб тоб наоварда, бархеаш аз ҳизб даст кашиданд. Нафарони ангуштшуморе ҳам ки монданд, то ҳол ба даҳон об гирифтаанд. Фикр мекунам, ояндаи ин ҳизб ба мавзеъгирии ҳукумат дар мавриди ояндаи худи Зайд Саидов вобаста аст.”

Аммо аз боздошт ва зиндонӣ кардани Зайд Саидов кӣ бурду кӣ бохт? Хуршеди Атовуллоҳ мегӯяд, онҳое бурданд ё мебаранд, ки соҳиби корхонаву ширкатҳои ӯ мешаванд. Ҷониби бозанда ҳам, ба гуфтаи ҳамсӯҳбатони мо, маълум аст: Яке худи Зайд Саидов, ки як сол боз дар зиндон нишастааст, наздикони ӯ, ки ҳоло аз молу мулкашон маҳрум мешаванд, ва онҳое ки як сол қабл ҳанӯз ба имкони анҷоми як ислоҳоти фарогир дар чорчӯби низоми сиёсии мавҷуда умед доштанд. Ҳатто агар (дар аввал чунин бовар ҳам вуҷуд дошт) ҳизби Зайд Саидов сохтаи худи ҳукумат мебуд.

Зайд Саидов бо Эмомалӣ Раҳмон ва Муҳаммадсаид Убайдуллоев
Зайд Саидов бо Эмомалӣ Раҳмон ва Муҳаммадсаид Убайдуллоев
Дар байни мардум то ҳол боваре вуҷуд дорад, ки Зайд Саидовро шояд акнун таҳти ягон шароите, барои мисол, дар ивази молу мулкаш ва ваъдаи даст назадан ба сиёсат, озод ҳам кунанд. Хусусан ки интихоботи президентӣ ҳам бидуни мушкили зиёде барои Эмомалӣ Раҳмон анҷом ёфт. Аммо Саймуддин Дӯстов мегӯяд: “Онҳое ки ба имкони бозбинии парванда Зайд Саидов бо умед нигоҳ мекунанд, ба назари ман, мисли худи Зайд Саидов идеалист ва беш аз ҳад хушбин ҳастанд. Дар Тоҷикистон фарҳанги афв вуҷуд надорад. Агар дар воқеъ ин ҳукумати феълӣ касеро барои хидматҳои бузургаш афв мекард, Ёқуб Салимовро афв мекард.“

Як чизи дигаре ки ба бовари бисёриҳо, Зайд Саидовро ҳамчунон пушти панҷара нигоҳ медорад, то ҳол – ҳам барои ҷомиаву онҳое ки ӯро мешиносанд, вале асосан барои мақомот – номаълум мондани ангезаҳои аслии иқдоми якбораи ин соҳибкори зоҳиран хеле фурӯтан ва эҳтиёткор ба сохтани ҳизб дар апрели соли гузашта аст ва ҳам ин, ки оё дар асл дар пушти ӯ кӣ меистод?

Як манбаи наздик ба мақомоти раҳбарии Тоҷикистон гуфт, дар “болои боло” то ҳол бар ин назаранд, ки ӯро ҳатман касе аз дохил ё хориҷ ваё шояд ҳатто кишваре ба ин кор таҳрик додааст. Вагарна Зайд Саидов, ки ба гуфтаи ин ҳамсӯҳбати мо, бо вуҷуди собиқаи оппозисиюни исломиаш аз замони омадан ба ҳукумат “любимчик”-и президент ва аҳли хонаводаи ӯ ба ҳисоб мерафт, дар як они замон ба чунин рӯзҳои сахт гирифтор намешуд. Ва онки Зайд Саидов то ҳол пушти панҷара боқӣ мемонад, нишонаи он аст, ки бо вуҷуди як соли боздошту тафтиш пурсандаҳо ба ин суол аз Зайд Саидов посух нагирифтаанд ваё дар воқеъ дар пушти ӯ касе набуду ин ҳама моҷароро бо аҳдофи дигаре, барои мисол, барои расидан ба молу мулк ва тиҷоратҳои пурфоидаӯ сохтанд.
XS
SM
MD
LG