Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

З.Саидов: "Ҳаргиз ба давлат ва миллат хиёнат накардаам"


Зайд Саидов
Зайд Саидов

Зайд Саидов гуфтааст, ки "агар давлат аз зиндонӣ шудани ман манфиате бинад, ман омодааам, ки зиндонӣ шавам".

Зайд Саидов, соҳибкори шинохта ва раҳбари гурӯҳи муассисони ҳизби "Тоҷикистони нав" рӯзи 11-уми декабр дар сухани ниҳоияш дар додгоҳ худро бегуноҳ хонд ва хостори сафед эълон кардани худ шуд. Шӯҳрат Қудратов, вакили мудофеи Зайд Саидов пас аз анҷоми мурофиаи додгоҳӣ ба "Озодӣ" гуфт, ки зерҳимояш дар мурофиа баён кард, ки дар содир кардани ҷиноятҳо худро гунаҳкор намедонад.

Зайд Саидов қазияи ба сараш омадаро дорои ангезаи сиёсӣ хонда ва гуфтааст, ки аз иқдомаш доир ба таъсиси ҳизби "Тоҷикистони нав" бар намегардад. Зайд Саидов афзудааст, бо он ки парвандааш ангезаи сиёсӣ дорад, аммо ӯ ба давлату ҳукумат ва миллат хиёнат накардааст.

Ба гуфтаи Шӯҳрат Қудратов, Зайд Саидов дар мурофиаи имрӯза ҳудуди дувуним соат сӯҳбат кардааст. Суд ҳамакнун ба хонаи машваратӣ рафтааст ва бинобар печидагии қазия, шояд дар ҳудуди як ҳафта, ҳукми худро эълон намояд.

Яке аз пурбаҳстарин мурофиаҳои судии Тоҷикистон дар ҳоли анҷомёбист. Дар курсии айбдоршаванда - яке аз соҳибкорони шинохтаи кишвар Зайд Саидов аст, ки дар қонуншиканиҳои иқтисодӣ ва ҷиноӣ айбдор мешавад. Аз оғоз ӯ ба бегуноҳии худ исрор варзидааст, вале аз назари коршиносон, гумон аст, ки додгоҳ ҳукми дигаре ба ҷуз айбдоркунии соҳибкорро содир кунад.


Вакилони Зайд Саидов: "Суд ба хато роҳ надиҳад"

Рӯзи душанбеи 9-уми декабр вакилони мудофеи Зайд Саидов дар мурофиаи додгоҳии ӯ, ки анҷомаш наздик ба назар мерасад, мавқеи худро дар бораи ин қазия ироа карданд.

Вакилони мудофеи Заид Саидов мегӯянд, ки ӯ гуноҳ надорад ва қурбонии дасисаи сиёсӣ шудааст. Фахриддин Зокиров, яке аз вакилони Зайд Саидов рӯзи душанбеи 9-уми декабр ба дунболи мурофиаи навбатӣ дар сӯҳбат ба хабарнигорон гуфт, онҳо барои радди ҳар иттиҳоми додситонӣ далели мушаххас доранд ва ин ҳамаро ба таври катбӣ ба додгоҳ ва додгустари қазия, пешниҳод карданд.

лутфан мунтазир бошед
Embed

Феълан кор намекунад

0:00 0:03:22 0:00
Линки мустақим


Ҷаноби Зокиров гуфт, «имрӯз ман вобаста ба чанд қазияи тақаллубкорӣ, аз ҷумла марбут ба қазияи Низомхон Ҷӯраев баромад кардам, вобаста ба ҳолатҳои аризаи Окушев ва Каретский, Шӯҳрат Қудратов баромад намуд. Айбдоркунандаи давлатӣ ба ҳангоми баромад танҳо такя ба маводаҳое кард, ки дар тафтишотӣ пешакӣ оварда шуда буданд, аммо ҷониби ҳимоя ба ғайр аз маводҳои тафтишоти пешакӣ, ҳамаи он маводҳое, ки дар рафти мурофиаи судӣ мо дастрас кардем, ба он такя намудем. Мо танҳо як чизро аз суд хоҳиш кардем, ки дар хонаи машваратӣ аз ҳама чизи даҳшатноктарине, ки ба ҳамин қазия оварда расонад, ба хатогӣ роҳ надиҳад.»

Зайд Саидов яке аз соҳибкорони шинохта аст, дар татбиқи тарҳҳои сохтмонии кишвар саҳм дорад ва иттиҳоме, ки мақомот алайҳи ӯ матраҳ кардаанд, қисме ҳам ба фаъолияти ӯ дар ширкати сохтмонӣ марбут мешавад. Аммо иттиҳоми вазнинтар аз ин, таҷовуз ба номуси духтари ноболиғ аст, ки ба назар мерасад дар ин мурофиа ҳамчун қартаи асосӣ истифода шавад. Худи Саидов ҳамагуна иттиҳомро рад кардааст ва мегӯяд, мақомот дар ҳоле аз пайи ӯ шуданд, ки мехост, ба майдони сиёсат ворид шавад. Аммо бо назардошти наздикии Саидов ва ҳалқаҳои баландпоя дар Тоҷикистон, то ҳол рӯшан нест, ки чаро Саидов якбора мавриди таъқиб қарор гирифт ва дар паси ин қисса, ки матбуот ҳар рӯз дар бораи он менависад, чӣ қиссаи дигар пинҳон аст?

Фахриддин Зокиров рӯҳияи зерҳимояи худро беҳтар арзёбӣ кард ва гуфт, ки ӯ барои суханронии ниҳоӣ дар додгоҳ омодагӣ мегирад. Зимнан, қазияи Зайд Саидов пӯшида мегузаранд ва хабарнигорон ба он роҳ надоранд. Дар ҳоле, ки ин қазия ҳеҷ таҳдиде ба амнияти ҷомеа надорад, чаро ба он муҳри сиррӣ заданд ва чаро аз вуруди фаъолони ҳуқуқи башар ва хабарнигорон ба мурофеа ҷилавгирӣ мешавад?

Зайд Саидов, 7 моҳ пеш аз сӯи Оҷонси назорати молиявӣ ва мубориза бо фасоди Тоҷикистон дар шаҳри Душанбе боздошт шуд ва то имрӯз дар боздоштгоҳи муваққати КДАМ ба сар мебарад. Мурофиаи додгоҳии Зайд Саидов, се моҳи пеш оғоз гардида ва ҳамакнун ба марҳилаи ниҳоӣ наздик мешавад.

Аммо бархе аз ҳуқуқшиносони тоҷик, ки ҷараёни ин мурофиаро пайгирӣ мекунанд, мегӯянд, баъд аз ин қадар ҷаласаҳои додгоҳӣ иттиҳомот дар нисбати Зайд Саидов ҳамоно қатъиву қавӣ боқӣ мондааст. Далели инро Ойниҳол Бобоназарова, ҳуқуқдони тоҷик дар сиёсӣ ва супоришӣ будани қазияи Зайд Саидов медонад.

Ойниҳол Бобоназарова
Ойниҳол Бобоназарова
Хонум Бобоназарова мегӯяд, дар кишваре, ки қонун барои як гурӯҳ амал мекунад, вакилони мудофеъ ҳеҷ нақше намебозанд ва натиҷаи мурофиа низ аз қабл маълум аст, ки ба фоидаи Зайд Саидов анҷом намёбад. Хонум Бобоназарова ҳамчунин афзуд, «ин ҷо аслан гап сари он намеравад, ки стратегияи адвокатҳо муваффақ буд ё не. Бубинед, чӣ қадар онҳо талош ва арз ва шикоят карданд, ҳатто то дараҷае, ки яке аз онҳоро заданд. Вале ягон хоҳиши онҳо иҷро нашуд. Ҳатто агар аз хориҷа низ ягон нафари беҳтаринро меоварданд, вай ҳеҷ кор карда наметавонист.»

Бо ин ҳама интизор меравад, ки рӯзи сешанбеи 10-уми октябр Исҳоқ Табаров, вакили дигари Зайд Саидов дар додгоҳ сухани ҳимоявии худро ироа кунад ва ҳамчунин худи Зайд Саидов низ сухани ниҳоиро бигӯяд.

Зимнан Зайд Саидов, собиқ вазири саноати Тоҷикистон аз рӯи чанд банди Кодекси ҷиноӣ, аз ҷумла гирифтани пора (моддаи 319), қаллобӣ, бисёрзанӣ (моддаи 170), тамаъҷӯӣ (моддаи 250), сӯистифода аз ваколатҳои хидматӣ (моддаи 314), таҷовуз ба номус (моддаи 138), маҷбур сохтан ба исқоти ҳамл ва алоқаи ҷинсӣ бо нафаре, ки ба синни 16 нарасидааст, дар умум 15 далел муттаҳам мешавад.

Вакилони Зайд Саидов: "Суд набояд ба хато роҳ диҳад"
лутфан мунтазир бошед

Феълан кор намекунад

0:00 0:02:30 0:00
XS
SM
MD
LG