Додгоҳи олии Тоҷикистон ба муҳокимаи шаш маъмури милиса оғоз кардааст. Ҳамаи онҳо кормандони Шуъбаи умури дохилии ноҳияи Сино буда, дар марги боздоштшуда Мақсудҷон Саидов гумонзад ҳастанд. Назари худи онҳо ё вакилони мудофеашон то ин дам маълум нест.
Як манбаи огоҳ аз қазия бо шарти фош нашудани номаш рӯзи 3-юми июн ба Радиои Озодӣ гуфт, "панҷ милисаи гумонзад дар мурофиа ҳузур доранд, аммо як нафарашон нопадид шудааст." Ӯ ҷузъиёт надод. Талоши мо барои гирифтани шарҳи расмӣ дар ин маврид бенатиҷа буд.
Мусоҳиби мо афзуд, "мурофиа ба таври боз мегузарад ва дар баррасиҳои додгоҳӣ хешовандони милисаҳо ва чор вакили мудофеъ иштирок доранд."
Ҳамаи ин шаш корманди пешини пулис ба "қасдан расондани зарари вазнин ба саломатӣ" ва "баромадан аз ҳадди ваколатҳои мансабӣ" муттаҳам мешаванд.
Аз ҷумла, яке аз иттиҳомот ин будааст, ки маъмурони милисаи ноҳияи Синои Душанбе, бар хилофи муқаррарот, бе огоҳии ҳамкорони худ дар Кӯлоб дар ин шаҳр амалиёт анҷом додаанд, ки “як навъ худсарӣ” ба ҳисоб меравад.
Навор дар Инстаграм:
Таҳқиқи парванда тақрибан чаҳор моҳ идома кард. Ин парванда бар пояи ҳодисае боз шуда буд, ки моҳи январи имсол сурат гирифтааст.
Кормандони Шуъбаи дувуми корҳои дохилии ноҳияи Синои Душанбе рӯзи 8-уми январ Мақсудҷон Саидови 36-соларо дар Кӯлоб боздошт карда, ба пойтахт овардаанд. Ӯ ба паҳну фурӯши "кристал", як навъ маводи мухаддир, муттаҳам мешуд. Вале баъди муддати кӯтоҳе ҷасади Мақсудҷонро ба аҳли хонаводааш дода, хостаанд, ки зуд ӯро ба хок супоранд. Маросими дафн рӯзи 12-уми январ сурат гирифт.
Истифода аз шиканҷа барои ҳосил кардани эътирофи "гуноҳ" дар Тоҷикистон яке аз мушкилоти ҷиддӣ дар мақомоти интизомӣ дониста мешавад.
Кумитаи маҳви шиканҷаи Созмони Милал аввали моҳи майи имсол аз "гузоришҳои пайваста дар бораи бадрафторӣ ва шиканҷа, бахусус аз тарафи афсарони милиса ва афсарони идораҳои амниятӣ дар боздоштгоҳ ва зимни бозпурсиҳо" изҳори нигаронӣ кард.
ИНЧУНИН, БИХОНЕД:
СММ аз гузоришҳо дар бораи шиканҷа дар Тоҷикистон нигарон астКумитаи Созмони Милал барои маҳви шиканҷа гуфт, ҳарчанд дар қонунҳои Тоҷикистон барои бадрафториву шиканҷа ҷазои сахт таъйин шудааст, иҷрои он камтар ба назар мерасад ва теъдоди онҳое, ки барои шиканҷаи зиндонӣ ё боздоштшудае ҷазо гирифтаанд, бисёр кам аст.
Ба гуфтаи Вазорати адлияи Тоҷикистон, аз соли 2018 то соли 2025 танҳо 13 нафар барои шиканҷа ҷазо гирифтаанд, агарчӣ шикоятҳои расмӣ аз рафтори тарафи маъмурони амниятиву интизомӣ аз 100 адад ҳам зиёдтар будааст.