Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

СММ аз гузоришҳо дар бораи шиканҷа дар Тоҷикистон нигарон аст

Tajikistan -- Shahboz Ahmadov, resident of Yovon district, Khatlon region, torture, 27Sep2018
Tajikistan -- Shahboz Ahmadov, resident of Yovon district, Khatlon region, torture, 27Sep2018

Як кумитаи ҳимоят аз ҳуқуқи инсон дар Созмони Милали Муттаҳид мегӯяд, аз гузоришҳо дар бораи ҳалокати муттаҳамон ба ҷиноят бар асари шиканҷа, дарёфти эътироф бо зӯру зулм ва бадрафторӣ бо сарбозон дар сафи нерӯҳои мусаллаҳ дар Тоҷикистон, нигарон аст.

Кумитаи маҳви шиканҷа дар Созмони Милал рӯзҳои 14 ва 15-уми апрел дар шаҳри Женева гузориши намояндагони ҳукумати Тоҷикистонро шунид, ки дар чанд соли гузашта барои аз байн бурдани зулму шиканҷа бахусус дар идораҳои давлатӣ чӣ кор кардааст. Кумита рӯзи якуми май хулосаҳои худро дар бораи гузориши ҳукумат нашр кард.

Кумитаи маҳви шиканҷа мегӯяд, ҳарчанд дар қонунҳои Тоҷикистон барои зӯриву шиканҷа ҷазои сахт таъйин шудааст, иҷрои он камтар ба назар мерасад ва теъдоди онҳое, ки барои шиканҷаи масалан зиндонӣ ё боздоштшудае ҷазо гирифтаанд, бисёр кам аст.

Ба гуфтаи худи ҳукумат, аз соли 2018 то соли 2025 танҳо 13 нафар барои шиканҷа ҷазо гирифтаанд, вале аризаву шикоятҳои расмӣ аз азобу шиканҷа аз тарафи маъмурони интизомӣ аз 100 адад ҳам зиёдтар будааст.

Кумитаи маҳви шиканҷаи Созмони Милал мегӯяд, дар Тоҷикистон масалан, муфаттишон бо истифода аз усулҳои ғайриқонунӣ ба мисли азоб додани муттаҳам онҳоро маҷбур мекунанд, ки гуноҳи нокардаро ҳам ба гардан бигиранд.

Аввали ҳамин сол, Додситонии шаҳри Душанбе гуфт, ки бар зидди ду корманди милиса дар ноҳияи Сино бо иттиҳоми шиканҷа парвандаи ҷиноӣ боз кардааст. Сабаб ҳам ҳалокати Мақсудҷон Саидов, як сокини 36-солаи Кӯлоб будааст, ки пас аз чаҳор рӯзи боздошт ҷасадашро ба хешовандонаш супурданд. Ба гуфтаи наздиконаш ангуштони пойи Сайидов осеб дида буд, ки зоҳиран осори сӯхтагӣ аз нерӯи барқ аст, ки ба ангуштони ӯ гузоштаанд.

СММ гуфт, аз гузоришҳо дар бораи шиканҷа дар Тоҷикистон нигарон аст
лутфан мунтазир бошед

Феълан кор намекунад

0:00 0:04:03 0:00

Кумитаи маҳви шиканҷаи Созмони Милал аз он изҳори нигаронӣ кардааст, ки додгоҳҳои Тоҷикистон ҳанӯз ҳам эътирофотеро, ки бо зӯриву бадрафторӣ ва шиканҷа ба даст омадаанд, ҳамчун далел қабул мекунанд, ки мухолиф ба қонунҳои худи кишвар ва ӯҳдадориҳои байналмилалии Тоҷикистон аст.

Вале Музаффар Ашӯриён, вазири адлия дар ҷаласаи Кумитаи маҳви шиканҷа гуфт, барои аз байн бурдани бадрафторӣ дар солҳои гузашта кори зиёде кардаанд, масалан, ҷазо барои шиканҷаро аз 5 сол то ба 15 соли зиндон боло бурданд.

Ба қавли ӯ, дар болотарин сатҳи ҳукумат ба ин масъала аҳамияти ҷиддӣ медиҳанд ва худи президент Эмомалӣ Раҳмон ҳангоми суханронии солонаи худ дар ҳузури вакилони мардумӣ ва мулоқот бо кормандони идораҳои интизомӣ хостааст, ба ҳеч касе бадрафторӣ ва азобу шиканҷаро раво набинанд.

ҲОДИСАҲОИ БАДАХШОН ЧАРО ТАҲҚИҚ НАШУД?

Кумитаи маҳви шиканҷаи Созмони Милал хулосаҳои хешро дар 15 саҳифа баён кардааст. Яке аз бахшҳои гузориш дар бораи нооромиҳои 4 ва 5 соли пеш дар Вилояти Мухтори Кӯҳистони Бадахшон аст, ки дар ҷараёни онҳо даҳҳо нафар ба ҳалокат расиданд.

Кумитаи Созмони Милал гуфтааст, аз он нигарон аст, ки то ҳол барои қатлҳои худсарона, боздоштҳои ғайриқонунӣ ва истифодаи аз ҳад зиёди нерӯ дар эътирозҳои соли 2021 ва 2022, мустақилона таҳқиқ нашудаанд. Дар ҷараёни тазоҳуроти он солҳо ва саркӯби тазоҳургарон, камаш 40 нафар кушта ва 24 каси дигар захмӣ шуданд.

Мақомоти расмӣ мегӯянд, дар Бадахшон ба зидди унсурҳои ҷиноӣ ва гурӯҳҳои мусаллаҳи ғайриқонунӣ амалиёт анҷом доданд ва ҳар касе, ки ҷазо гирифтааст, барои қонуншиканӣ ва ба ҳам задани тартибу низом ва халалдор кардани зиндагии осудаи мардум ҷазо гирифтааст. Созмони Милал дар гузашта ҳам аз Тоҷикистон талаб карда буд, нооромиҳои Бадахшонро дуруст таҳқиқ кунад ва онҳоеро, ки аз зӯри беш аз ҳад истифода бурдаанд, ҷазои сазовор бидиҳад.

ВАЗЪИ МАҲБАСҲО ДАР ГУЗОРИШИ СММ

Қисмате аз арзёбиҳои Созмони Милал дар бораи вазъи маҳбасҳои Тоҷикистон аст, ки ба гуфтаи Созмони Милал, шароити муносиб надоранд ва ҳуҷраҳояш беш аз ҳад пур ҳастанд ва зиндониён ба ғизову хадамоти беҳдоштии муносиб дастрасӣ надоранд.

Бино ба омори расмӣ дар муддати шаш сол, яъне аз 2019 то 2025 дар зиндонҳо ва муассисаҳои дигари ислоҳии Тоҷикистон 443 нафар фавтида ё ба ҳалокат расидаанд ва дар ин миён соли гузашта соли маргбортарин будааст. Ба гуфтаи худи мақомот соли 2025 89 мавриди маргумири зиндониён сабт шудааст.

Гӯшаҳо

Гуфтугӯ

XS
SM
MD
LG