"Нафасгир шудааст." Марги як додситон дар тасодуфи роҳ

Як манбаи Радиои Озодӣ гуфт, "баъди садама низоми барқи мошин аз кор монда, дарҳояш ба таври худкор қуфл шудаанд"

Дар садама ё тасодуфи роҳ дар ноҳияи Ҳамадонии вилояти Хатлон ду кас, аз ҷумла Ҳасан Давлатов, корманди Додситонии ҳарбии шаҳри Душанбе, ҷон бохтааст. Ӯ 27 сол дошт.

Ҳодиса шаби 25-уми июл бо мошини барқии истеҳсоли Чин рӯй дода, Радиои Озодӣ ҷузъиёташро 4-уми август аз манбаъҳояш дастрас кард.

Мақомот ягон шарҳ намедиҳанд.

Яке аз манбаъҳои Радиои Озодӣ дар ниҳодҳои интизомӣ бо шарти фош нашудани номаш гуфт, “Ҳасан Давлатов аз ноҳияи Восеъ ба тарафи Ҳамадонӣ мерафтааст. Мошинаш ба девори бетонии пули рӯдхона зада, чаппа шудааст.”

Ба қавли ӯ, ҳамроҳи ронанда Давлатёр Алиев, сокини ноҳияи Ҳамадонӣ, низ қарор дошта, дар ҷойи ҳодиса фавтидааст. Дар бораи вай маълумоти кофӣ дар даст нест.

Як манбаи дигари Радиои Озодӣ дар Шуъбаи корҳои дохилии ноҳияи Ҳамадонӣ гуфт, “санҷиши ибтидоӣ нишон дод, ки баъди садама низоми барқи мошин аз кор монда, дарҳояш ба таври худкор қуфл шудаанд”.

“Бинобар ин, ронанда ва мусофир натавонистаанд, худро аз дохили мошин берун кашанд ва дар ҳамон ҷо фавтидаанд. Тибқи хулосаи ибтидоӣ, сабаби марги онҳо нафасгирӣ аст,” – гуфт манбаъ рӯзи 4-уми август.

Инро ҳам бихонед:

"Дар вазъияти бад аст." Рӯзгори як ҷабрдидаи садамаи нақлиётӣ дар Тоҷикистон

Ҳоло дар Тоҷикистон аз мошинҳои барқии истеҳсоли Чин зиёд истифода мекунанд. Тайи моҳҳои охир бар асари садамаи ин гуна худравҳо чанд нафар ҷони худро аз даст дода ё маҷруҳ гаштаанд.

Моҳи июни имсол дар як сонеҳаи мошини барқӣ дар вилояти Суғд се нафар ҷон бохтанд.

Дар ҳафт моҳи имсол дар вилояти Хатлон зиёда аз 38 ҳазор поймоли қоидаи ҳаракат дар роҳ сабт шуда, танҳо дар ноҳияи Фархор бар асари садамаи нақлиётӣ 17 кас ҷон бохтаву 13 нафар маҷруҳ шудаанд.

Суръати баланд, беэътиноӣ ба қоидаву қонуни ҳаракат ва мошинҳои куҳна сабаби тасодуфи роҳ ва маргумири зиёд дар Тоҷикистон гуфта мешавад. Беэътиноӣ ба дониши ронандагон ҳангоми имтиҳонгирӣ, ки аз тарафи ниҳодҳои давлатӣ сурат мегирад, аз сабабҳои дигари ин ҳодисаҳо арзёбӣ мегардад.