Ратко Младич, собиқ фармондеҳи низомии сербҳои Босния, ки бо гуноҳи наслкушӣ ва ҷиноятҳои ҷангӣ ба зиндони умрбод маҳкум шуда буд, рӯзи 27-уми август даргузашт. Вай 84-сола ва бо лақаби “Қассоби Босния” маъруф буд.
Ӯ, ки шонздаҳ сол аз ҷавобгарӣ мегурехт, соли 2011 дастгир ва соли 2017 ба зиндон маҳкум шуд. Младичро масъули маъракае донистанд, ки ҳадафаш поксозии қавмӣ ё куштану рондани ғайрисербҳо аз ҳудуди Босния дар ҷанги солҳои 1992-1995 буд. Дар ин даргирӣ, ки як минтақаи гуногунмиллати Югославияи собиқро аз ҳам пошид, беш аз 100 ҳазор нафар кушта шуданд.
Нерӯҳои зери итоати Младич моҳи июли соли 1995 шаҳри Сребренитсаро, ки ҳамчун минтақаи амни Созмони Милал таъйин шуда буд, тасарруф карданд. Одамони Младич нахуст ба паноҳҷӯёни босниягӣ ширинӣ дода, саъй карданд, ки онҳоро ором созанд.
Видеоро дар инҷо бинед:
Браузери шумо HTML5-ро намешиносад
“Қассоби Босния” дар зиндони Созмони Милал даргузашт
Худи Младич гуфта буд, "ҳар касе, ки мехоҳад ин сарзаминро тарк кунад, метавонад биравад." Аммо пас аз чанд соат нерӯҳои ӯ ҳазорон марду писари мусулмонро ба қатл расонданд. Чизе, ки ҷинояти ваҳшатбор дар Аврупо пас аз поёни Ҷанги Дувуми Ҷаҳон хонда мешавад.
Рамиза Гурдич, сокини Сребренитса, моҳи июли соли 2020 дар суҳбат бо Радиои Озодӣ гуфт, "ман пайвандонамро баргардонда наметавонам. Ҳамзамон омилони ҷиноятро бахшида наметавонам. Ва ҳам наметавонам интиқом бигирам. Майли интиқомситонӣ надорам."
Инро ҳам бинед:
Модари Меҳрудин 25 сол аст, боқимондаҳои ҷасади писарашро меҷӯяд. ВИДЕОДодгоҳи Ҳейг ё Гаага гуфт, Ратко Младич дастури наслкуширо додааст. Вай ҳамчунин раҳбарии муҳосираи шаҳри Сараево, пойтахти Боснияро бар уҳда дошт. Дар чаҳор сол дар ин шаҳр тахминан 10 ҳазор нафар бар асари тирандозӣ кушта шуданд.
"Младич дар бораи шахсан аз нишонзанҳо ё снайперҳо тирборон кардани мардуми Сараево чунон сухан мегӯяд, ки гуё ин як намуди варзиш ё як навъ фароғат бошад," – гуфт Дермот Грум, додситони Додгоҳи ҷиноӣ 16-уми майи соли 2012.
Ратко Младич соли 1942 дар деҳаи Бозановичи, ки он замон бахше аз давлати дастнишондаи фашистии Хорватия буд, ба дунё омадааст. Вай дертар сарбози артиши Югославия шуд. Ӯро соли 1991, вақте ин кишвар рӯ ба фурӯпошӣ овард, барои мубориза бо хорватҳои ҷудоихоҳ фиристоданд. Младич дар авҷи муноқишаи Босния дар соли 1994 гуфт, танҳо аз сербҳо муҳофизат мекунад.
Ратко Младич дар додгоҳ
Ратко Младич пас аз поёни ҷанг пинҳон шуд ва асосан сербҳое, ки ӯро қаҳрамон медонистанд, барояш паноҳгоҳ медоданд. Вай соли 2011 аз сӯйи нерӯҳои вижаи пулиси Сербистон боздошт шуд.
Сербистон зери фишорҳои сахти байнулмилалӣ Младичро барои муҳокима ба додгоҳи Ҳейг ё Гаага супурд. Вакилони мудофеаш хоҳони сабукӣ ба Ратко Младич буданд, аммо додситонҳо дар суханони ниҳоии худ аз додгоҳ талаб карданд, ки ӯро ба зиндони умрбод маҳкум кунад. Чун, ба гуфтаи онҳо, ҳар ҳукми сабуктаре нисбат ба "Қассоби Босния" шармовар хоҳад буд.
"Замони он фаро расидааст, ки генерал Младич барои ҷиноятҳояш алайҳи ҳар як қурбонӣ ва ҷомеаҳое, ки аз байн бурд, посух бигӯяд," – гуфт Алан Тайгер, додситони Додгоҳи байнулмилалии ҷиноӣ.
Бо марги Ратко Младич як саҳифаи торик дар таърихи Югославияи собиқ баста шуд, агарчи хотираҳои талхи шоҳидон ва хонаводаи ҷонбохтагону ҷабрдидагон ҳанӯз боқист.