Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Додгоҳ ҳукм кард, ки "Қассоби Босния" то охири умр дар ҳабс монад. ВИДЕО


Ратко Младич. Додгоҳи байналмилалии Гаага (Ҳейг), 8-уми июни 2021
Ратко Младич. Додгоҳи байналмилалии Гаага (Ҳейг), 8-уми июни 2021

Додгоҳи Созмони Милали Муттаҳид дар Гаага шикояти фармондеҳи собиқи сербҳои Босния Ратко Младичро барои бозбинии ҳукмаш рад кард. Додгоҳ соли 2017 ӯро барои нақшаш дар ҷиноятҳои ваҳшатнок дар Аврупо пас аз поёни Ҷанги Дувуми Ҷаҳон ба ҳабси умрбод маҳкум карда буд, вале Младич бозбинияшро талаб дошт.

Қарори ниҳоии Додгоҳи байналмилалӣ дар мавриди Ратко Младич рӯзи 8-уми июн содир шуд, вале ба сабаби маҳдудиятҳои вобаста ба коронавирус рӯзноманигорон ба он роҳ наёфтанд. Ҳукми додгоҳ ба маънои он аст, ки генерали собиқи 79-сола боқии умрашро дар зиндон сипарӣ хоҳад кард.

Боздошт пас аз 16 соли фирор

Ҳодисаҳое, ки дар парвандаи Младич тасвир мешаванд, ҳамчун ҷиноятҳои мудҳиштарин пас аз Ҷанги Дуюми Ҷаҳон шинохта шудаанд. Вай 16 сол аз чанги қонун пинҳон шуда буд, вале дар ниҳоят аз рӯйи чанд иттиҳом ба додгоҳ кашида шуд. Трибунали байналмилалӣ барои Югославияи собиқ Младичро дар даҳ ҳодисаи наслкушӣ ва ҷиноятҳои зидди башарият гунаҳкор донист.

Дар ҷараёни муноқишаи байниқавмии Югославияи собиқ беш аз сад ҳазор нафар ҳалок шуданд. Дар моҳи июли соли 1995 сарбозони Младич Сребренитсаро ишғол карданд.

Ратко Младич дар байн. Соли 1993
Ратко Младич дар байн. Соли 1993

Ин шаҳр аз ҷониби Созмони Милал минтақаи амниятӣ эълон шуда буд. Дар аввал сарбозони Младич ба гурезаҳои боснӣ шоколад тақсим мекарданд, аммо пас аз чанд соат сарбозон ҳазорҳо мусулмонро парронданд. Додгоҳи Гаага муайян кард, ки фармони наслкуширо Младич додааст.

Ратко Младич дар мурофиа изҳори пушаймонӣ накард, баръакс, ба сӯйи модари яке аз қурбониёни куштор дар Сребренитса ишораи душманона намуд. Мунира Шубасич, намояндаи "Модарони Серебренитса", мегӯяд, "ӯ ба ман ишора кард, ки гулӯямро мебурад. Аз айвон ба ӯ ишора намуда, гуфтам, ки ту худат дар зиндон ҳастӣ."

"Ҷиноят" ё "муҳофизат аз мардум"?

Младич, инчунин, муҳосираи Сараево, пойтахти Боснияро роҳбарӣ мекард. Тайи чаҳор сол дар он ҷо, дар натиҷаи тирборони тӯпхона ва снайперҳо тақрибан даҳ ҳазор кас кушта шуданд. Младич гуфт, ӯ шахсан сокинони Сараеворо бо снайпер парронд, гуё ин барои ӯ як навъ варзиш ё истироҳат бошад.

Фармондеҳи собиқи сербҳои Босния соли 1942 дар деҳаи Бояновичи Хорватия ба дунё омадааст. Ӯ дар артиши Югославия барои худ карйераи ҳарбӣ сохт. Вақте кишвар соли 1991 ба парокандагӣ оғоз кард, вайро барои саркӯби ҷудоихоҳони Хорватия фиристоданд. Ӯ баъдан генерал таъйин шуд.

Соли 1994 дар авҷи низои Босния гуфт, ҳадафаш танҳо ҳимояи сербҳост: "Ман ягон ҷиноят накардаам. Танҳо мардумамро муҳофизат намудам."

Ҳукми "Қассоби Босния"-ро эълон мекунанд
лутфан мунтазир бошед

Феълан кор намекунад

0:00 0:03:58 0:00

Пас аз ҷанг, Младич аз додгоҳ пинҳон шуда буд. Ӯро сербҳо, ки қаҳрамонаш мешумориданд, пинҳон намуданд. Пулиси Сербистон Младичро соли 2011 дар деҳаи Лазерево ҳабс кард. Дар пайи фишори байналмилалӣ барои муҳокимаи додгоҳӣ Младич ба Гаага истирдод шуд. Ҳангоми боздошт саломатии ӯ аллакай бар асари ду сактаи мағзӣ хуб набуд.

Ҷониби ҳимоятгар аз додгоҳ барояш сабукӣ хост, вале зимни суханронии ниҳоӣ додситон барои Младич ҳукми абад талаб кард. Зеро ба гуфтаи онҳо ҳар ҳукми дигар барояшон шармовар хоҳад буд.

XS
SM
MD
LG