Кумитаи амнияти миллии Тоҷикистон мегӯяд, бомдоди имрӯз дар марзи Тоҷикистон бо Афғонистон чаҳор узви як созмони террористиро маҳв кардаанд.
Дар баёнияи кумита, ки хабаргузории давлатии “Ховар” нашр кард, омадааст: “Рӯзи 18 январи соли 2026, тахминан соати 00:30 дақиқа чор нафар аъзои ташкилоти террористӣ дар... минтақаи муҳофизатии дидбонгоҳи сарҳадии 7-уми «Хирманҷо» дар ноҳияи Шамсиддин Шоҳин сарҳади давлатиро убур карда, аз деҳаи Дарбандаки вулусволии Хоҳони вилояти Бадахшони Афғонистон ба хоки Ҷумҳурии Тоҷикистон ворид шуданд.”
Дар ин баёния гуфта нашудааст, ки ин афрод аъзои кадом гурӯҳи террористӣ будаанд, вале дар он афзудаанд: “Террористон ба амри сарҳадбонон оид ба таслим шудан итоат накарда, муқовимати мусаллаҳона нишон доданд. Зимни гузаронидани амалиёти ҷангӣ ҳар чор нафар террорист нобуд карда шуд.” Ба қавли мақомоти амниятии Тоҷикистон аз маҳалли ҳодиса се автомати калашнико, туфангу тир ва телефонҳои ҳамроҳ ва қаиқ мусодира кардаанд, ки зоҳиран марзшиканон барои гузаштан аз он тарафи марз ба Тоҷикистон истифода бурдаанд.
ИНЧУНИН, БИХОНЕД: Задухӯрд дар сарҳад бо Афғонистон. Ду афсари тоҷик кушта шудаандКумитаи амниятӣ миллӣ гуфтааст, ки барои таъмини амният дар марзи Тоҷикистону Афғонистон “минбаъд низ аз тамоми қувваю восита истифода намуда, ба сарҳадшиканон ҷавоби сазовори қонунӣ хоҳад дод.”
Дар як моҳи ахир бори дуввум аст, ки аз мавридҳои убури ғайриқонунии марзи Тоҷикистон гузориш мешавад. Кумитаи амниятӣ миллӣ моҳи гузашта гуфт, ки дар натиҷаи ҳамлаи се узви як гурӯҳи террористӣ дар марз ва дар ноҳияи Шамсиддини Шоҳин ду марзбони тоҷик Исматулло Қурбонов ва Зиреҳбон Наврӯзбеков кушта шуданд. Ба гуфтаи кумита се нафар аз марз гузашта, ният доштанд, ба яке аз дидгонгоҳҳои сарҳадии Нерӯҳои марзбонӣ ҳамла кунанд. Ба гуфтаи мақомот, зимни муқовимат ба ин гурӯҳ маъмурони амниятӣ се нафари онҳоро кушта, аз ҷойи ҳодиса аслиҳаи зиёде гирифтаанд.
Нашрияи "Ҳашти субҳ"-и Кобул он замон бо такя ба манбаъҳои худ навишт, ки кушташудагон ҷангҷӯёни "Ансоруллоҳ" будаанд. "Ансоруллоҳ" як гурӯҳи ифротӣ аст, ки аз ҳисоби шаҳрвандони Тоҷикистон ташкил шуда, ба бовари мақомоти тоҷик дар Афғонистон зери ҳимояти ҳукумати "Толибон" қарор дорад.
Аз аввали моҳи декабр аз хоки Афғонистон ба ноҳияҳои Шамсиддини Шоҳин ва Дарвози Тоҷикистон се ҳамла сурат гирифта, даҳ коргар аз Чин кушта ва захмӣ шудаанд. Баъзе аз ин коргарон дар маҳалли заршӯӣ дар Шӯрободи собиқ ва қисме дигар дар роҳсозӣ дар Дарвоз кор мекарданд. Тоҷикистон ин ҳамлаҳоро ҳамлаи террористӣ номиду маҳкум кард. Ҳамлаҳоро Нерӯҳои марзбонӣ кори дасти терористҳо номида, аз Толибони ҳоким дар Афғонистон хостааст, ки уҳдадориҳояшро барои муҳофизати марз иҷро кунанд ва аз мардуми тоҷик узр бипурсанд.