Чанде аз шаҳрвандони зиндонии Тоҷикистон дар яке аз маҳбасҳои шаҳри Самараи Русия мегӯянд, мақомоти рус огоҳ кардаанд, ки онҳоро ба зудӣ ба ҷанги зидди Украина мефиристанд.
“Як сол боз фишор меоварданд, ки қарордоди рафтан ба артишро имзо кунем. Имзо накардем. Акнун мегӯянд, ду ҳафта фурсат доред, имзо кунед, вагарна маҷбурӣ ба ҷанг бурда хоҳед шуд,” – гуфтанд ду тан аз маҳбусон рӯзи 9-уми ноябр ба Радиои Озодӣ. Номи онҳо ва рақами зиндони онҳо бо далели амниятӣ ошкор намешавад.
Дар ин зиндон беш аз 40 нафар аз Тоҷикистон ва 75 нафар аз Узбекистон зери фишор қарор доштаанд. Яке аз мусоҳибони мо гуфт: “Зиёда аз 20 қирғизу қазоқро дар се моҳи охир ба ватанашон бурданд. Фақат як қирғиз мондааст, ки бояд ҳафтаи дигар ба ватанаш интиқол дода шавад. Мо муҳоҷирони тоҷику узбек на соҳиб дорем, на касе ҳимоятамон мекунад.”
Сафорати Тоҷикистон дар Маскав
Дар сафорати Тоҷикистон дар Маскав рӯзи даҳуми ноябр ба зангҳои Радиои Озодӣ посух надоданд. Зиндониён мегӯянд, як моҳ пеш бо як корманди сафорат гап зада буданд ва ӯ ваъдаи кумак кардааст, вале дигар ҳеч тағйире рух надодааст.
Дар вилояти Самараи Русия беш аз 10 зиндон аст, ки ба гуфтаи мусоҳибони Радиои Озодӣ, дар ҳар кадоми он аз 20 то 50 зиндонии тоҷик адои ҷазо мекунанд.
Гузориши видеоиро дар инҷо бинед:
Браузери шумо HTML5-ро намешиносад
Тарси зиндониёни тоҷик аз ҷанги Украина
Зиндониёни тоҷик мегӯянд, барои ташвиқи онҳо ба ҷанг ҳамроҳи кормандони Вазорати мудофиаи Русия ҳамеша тоҷикон ва узбекҳо меоянд. Онҳо талош мекунанд, ки зиндониёнро барои рафтан ба ҷанги Украина розӣ кунанд.
“Ҳафтаи гузашта ҳам як тоҷик ҳамроҳашон омад. Мо гуфтем, ки мурданӣ рафтан намехоҳем. Гуфт, равед, ягон ҳилла карда зинда мемонед, ман зинда мондам. Дар як соли охир қариб 20-30 тоҷикро бо фиреб бурданд. Як коғаз оварда, мегӯянд, имзо кун, бароят либосу пойафзоли нав меорем. Баъзе аз бачаҳо имзо карданд ва бо ҳамин ба ҷанг бурданд. То ҷое хабар дорем, ягон нафар зинда барнагаштанд," – нақл кард ӯ.
Инро ҳам бинед:
"2 кас зинда монд." Афзоиши фишор ба зиндониёни тоҷик дар РусияРӯзи 30-юми октябр гурӯҳе аз зиндониёни тоҷик аз зиндони Волгоград низ ба ҳамин монанд шикоят карда буданд. Мақомоти зиндони Волгоград ҷалби маҷбурии зиндониёнро ба ҷанг рад кард, вале зиндониён дертар гуфтанд, вазъ бадтар шуда, ҳоло фишор барои рафтан ба ҷанг сахттар гаштааст. Мақомоти Тоҷикистон ба дархости ин маҳбусон, ки мехоҳанд, ба зиндонҳои кишвар интиқол дода шаванд, то ҳоло вокунише накардаанд.
Навор дар Инстаграм: