Манбаъҳо: Конгресс ҳамларо ба як мактаби Эрон таҳқиқ мекунад

Пайомади ҳамлаи мушакӣ ба мактаби духтарона дар Миноб. Тасвир аз телевизиони давлатии Эрон. Рӯзи 28-уми феврали 2026

Манбаъҳои Радиои Аврупои Озод/Радиои Озодӣ гуфтанд, қарор аст, арзёбии мақомоти низомии Амрико дар бораи ҳамлаи маргбори мушакӣ ба як мактаби духтарона дар Эрон базудӣ ба Конгресс пешниҳод шавад. Ин дар ҳолест, ки гузоришҳо дар бораи эҳтимолан аз ҷониби Иёлоти Муттаҳида анҷом шудани ҳамла меафзояд.

Ду мақоми амрикоии огоҳ аз қазия гуфтанд, ба назар мерасад, нерӯҳои амрикоӣ вақти зарба задан ба маълумоти иктишофии кӯҳна такя кардаанд, ҳарчанд ин хулосаҳо ҳам ниҳоӣ нестанд.

Онҳо рӯзи 11-уми март ба Радиои Аврупои Озод/Радиои Озодӣ гуфтанд, иттилои The New York Times ва Reuters-ро дар бораи истифода аз маълумоти хатои иктишофӣ рад ё тасдиқ намекунанд, аммо далелҳои ёфтшуда ба ҳамин самт мебарад. Ҳарду бо сабаби ҳанӯз нотамом будани тафтишот нахостанд, ки номашон фош шавад.

Ба иттилои расмӣ, рӯзи 28-уми феврал дар натиҷаи ҳамлаи мушакӣ ба мактаби духтарона дар шаҳри Миноби вилояти Ҳурмузгони Эрон дастикам 175 нафар, аз ҷумла 168 кӯдак кушта шудаанд.

ИНЧУНИН, БИХОНЕД: HRW аз Амрико ва Исроил таҳқиқи ҳамла ба мактаби Минобро талаб кард

Маълумот хато буд?

Пит Ҳегсет, вазири дифоъ ва мансабдорони дигари Амрико таъкид карданд, ки Иёлоти Муттаҳида махсус мардуми осоиштаро ҳадаф қарор намедиҳад.

Президент Доналд Трамп дар аввал ишора кард, ки масъулияти ҳамла ба дӯши Эрон аст. Рӯзи 11-уми март, вақте бори дигар аз ӯ дар бораи масъулияти эҳтимолии Амрико пурсиданд, Трамп гуфт, дар бораи ҳодиса иттилои кофӣ надорад, вале натиҷаҳои тафтишотро хоҳад пазируфт.

Агар тасдиқ шавад, ки ҳамла аз сӯи нерӯҳои ИМА анҷом шудааст, ин яке аз ҳодисаи пурқурбонӣ бо иштироки мардуми осоишта дар даҳсолаҳои охир хоҳад буд, ки дар он амрикоиҳо даст доранд.

Ду манбаи огоҳ аз тафтишоти пешакӣ ба хабаргузории Reuters гуфтаанд, ки маълумоти истифодашуда аз ҷониби Фармондеҳии марказии Амрико зоҳиран ба иттилои кӯҳнашуда такя мекард. Ҳанӯз маълум нест, ки чӣ гуна маълумоти пешина ҳамчун ҳадафи ҳамла истифода шуд ва чаро пеш аз он ки зарба зада шавад, санҷида нашудааст.

Нусхаи пешинаи сомонаи мактаб ишора мекунад, ки бинои он дар назди як иморате ҷойгир шудааст, ки онро ба Сипоҳи посдорони инқилоби исломӣ марбут медонанд. Ин нерӯҳо ба таври мустақим ба раҳбари олии Эрон итоат мекунанд.

ИНЧУНИН, БИХОНЕД: Генерали амрикоӣ: "Мехоҳем мардуми Эрон кишвари худро идора кунанд"

Муфаттишон инчунин инро месанҷанд, ки то куҷо маълумоти пешинаи иктишофӣ аз ҷойи ҳодиса, ки мегӯяд, муассисаҳои ҳарбӣ ба мактаб наздик ҷойгир шудаанд, ба роҳ ёфтани ин хато дар таъйини ҳадаф сабаб гаштааст. Сухангӯи Пентагон нахост дар бораи ҷараёни тафтиши пешакӣ маълумот диҳад ва танҳо гуфт, ки "ҳодиса тафтиш мешавад".

Дар айни замон, мақомот дар гуфтугӯҳои хусусӣ мегӯянд, базудӣ қонунгузорони амрикоӣ дар бораи маълумоти аввалияи тафтишот хабардор карда мешаванд. Як мақоми амрикоӣ бо шарти ифшо нашудани номаш ба Радиои Аврупои Озод/Радиои Озодӣ гуфт: "Далелҳое ба он ишора мекунанд, ки он ҷо дар таъйини ҳадафи эҳтимолӣ хато шудааст". Ӯ ҳамзамон гуфт, "таҳқиқ давом дорад ва пеш аз он ки тафтишот ба анҷом расад, гуфтани ҳама гуна натиҷаҳо пеш аз вақт хоҳад буд".

Фишори афзоянда дар Конгресс

Гузоришҳо боис ба вокунишҳои сахт дар миёни қонунгузорон шуд, ки ба ҷавобгарӣ кашидани масъулонро талаб карданд. Гурӯҳи 46-нафарии аъзои Конгресс ба раҳбарии сенаторҳои демократ Ҷин Шоҳин аз Ню Ҳемпшир, Крис Ван Ҳоллен аз Мериленд, Тим Кейн аз Вирҷиния, Элизабет Воррен аз Массачуссетс ва Браян Шатс аз Ҳавайӣ дар номае ба Пит Ҳегсет талаб карданд, ки тафтиши билофосила барпо шавад.

Ин қонунгузорон гуфтанд, ки натиҷаҳои тафтиш ва ҳама гуна иқдом барои ба ҷавобгарӣ кашидани масъулон бояд ҳарчи зудтар расонаӣ шавад ва таъкид намуданд, ки қонунҳои байнулмилалӣ аз Амрико талаб мекунанд, ки ба мардуми осоишта осебе нарасад.

ИНЧУНИН, БИХОНЕД: Ҷанг дар Эрон кай поён меёбад? Хостҳои гуногуни Амрико ва Исроил

Шатс, ки 11-уми март дар Сенат суҳбат мекард, ҳушдор дод, ки ин ҳодиса ба он ишора мекунад, ки хатари муносибати сарсарӣ доштан ба ҷанг вуҷуд дорад. Вай дар изҳори назарҳояш, ки зоҳиран баёнгари нигаронии демократҳои дигаре дар Конгресс мебошад, гуфт, дақиқӣ ва интизом дар амалиёти ҳарбӣ аломати сустӣ нест, балки ба инобат гирифтани қадри инсон дар ҷанг мебошад.

Ӯ афзуд, вақте раҳбарон дар сатҳи баланди фармондеҳӣ бепарвоӣ нишон медиҳанд, ин оқибатҳои ҳам ахлоқӣ ва ҳам стратегӣ дорад. Шатс гуфт, ИМА ҳеч гоҳ набояд истифодаи нерӯ ё марги мардуми осоиштаро саҳл бигирад.

Крис Мӯрфӣ, сиёсатмадори дигари демократ, стратегияи маъмурияти Амрикоро дар низоъ бо Эрон танқид кард ва ҳамларо ба мактаб як намунаи фоҷеабори, ба гуфтааш, нақшаи ҳамоҳангношудаи ҷанг номид.

Мӯрфӣ ба ҳамкоронаш гуфт, дар ҳама ҷангҳо хато мешавад, вале айни замон таъкид намуд, ки ингуна фоҷеаҳо собит мекунанд, ки маъракаҳои бомбаафкании васеъмиқёс кам андар кам ба мақсади сиёсии худ мерасанд. Ӯ ҳушдор дод, ки аксҳои талафоти инсонӣ барои истифода дар тақвияти афкори иҷтимоӣ дар кишваре, ки мавриди ҳамла қарор медиҳад, нақши муҳим мебозад.

Вай инчунин маъмурияти Амрикоро дар он муттаҳам кард, ки бо мардуми Иёлоти Муттаҳида дар бораи сабаби шурӯи ҳамла ва ҳадафҳои васеътари ин ҷанг ошкору самимӣ набуд.

Конгресс

"Бояд маълум кунанд, ки чӣ рух додааст"

Дар миёни ҷумҳурихоҳон ҳам шумори муайяни сиёсатмадорон ба масъулияти ИМА дар ҳамла ба мактаб изҳори назар карданд. Ҷон Кеннеди аз Луизиана дар назди хабарнигорон дар Конгресс ҳодисаро “эҳтимолан як хатои амрикоиҳо” номида, маъзарат хост.

Кеннеди гуфт, “ин даҳшатнок буд” ва афзуд, ИМА ҳеч гоҳ дидаву дониста мардуми осоиштаро ҳадаф қарор намедиҳад. Бо таъкид ба ин ки тафтишот ҳанӯз идома дорад, ӯ барои ҳалокати одамон изҳори таассуф кард ва гуфт, Вазорати дифоъ бояд маълум кунад, ки чӣ ҳодиса рух додааст.

Дар ҳамин ҳол, Том Тиллис, сенатори ҷумҳурихоҳ аз Каролинаи Шимолӣ гуфт, агар исбот шавад, ки ин ҳамла кори дасти Амрико буд, ҳодиса набояд нодида гирифта шавад. Тиллис афзуд, “бадтарин коре, ки мо карда метавонем, вонамуд бикунем, ки гуё ин ҳодиса рӯй надодааст”.

Ба қавли ӯ, агар муфаттишон маълум кунанд, ки нерӯҳои ИМА масъул ҳастанд, кишвар бояд ин хаторо ошкоро эътироф кунад. Айни замон, ин сиёсатмадори ҷумҳурихоҳ эътироф кард, ки наздик ба мактаб ҷойгир будани як муассисаи ҳарбии эронӣ воқеан ҳам пайомадҳои ҳамларо боз ҳам мураккабтар мекунад.

Наворҳо аз ҷойи ҳодиса ва гузоришҳои таҳқиқотии аввалия ба он ишора мекунанд, ки ба мактаб бо мушаки навъи “Томоҳавк” задаанд. Ин силоҳро нерӯҳои ИМА ба кор мебаранд ва дар шурӯи ҳамлаи муштараки Амрикову Исроил ба Эрон аз он истифода шудааст.