“Хонаводаи шавҳараш зулм кардаанд, ягон коре шудагист»

Браузери шумо HTML5-ро намешиносад

Як хонаводае дар шаҳри Турсунзода аз мақомот талаб доранд, ки сабабҳои марги духтари 41-солаашонро маълум кунанд. Ҷасади модари се фарзандро дар хонаи шавҳар овехта пайдо карданд ва модараш мегӯяд, мумкин аст, ҷабру ситам ба духтараш сабаби қасди ҷони хеш кардани ҷигарбандаш шудааст.