Хоки се қаҳрамони Тоҷикистонро ба Душанбе оварданд

Нусратулло Махсум, Шириншоҳ Шоҳтемур ва Нисор Муҳаммад дар замони истибдоди Иосиф Сталин кушта шуданд.

Субҳи 19-уми май аз оромгоҳи Донскойи шаҳри Маскав аз маҳалли дафни қаҳрамонони Тоҷикистон хоки Нусратулло Махсум, Шириншоҳ Шоҳтемур ва Нисор Муҳаммадро аз Русия ба Тоҷикистон оварданд.

Хабарнигори Радиои Озодӣ мегӯяд, раиси ҷумҳур Эмомалӣ Раҳмон, мақомот ва горди фахрӣ барои қабули хок аз маҳалли дафни ин қаҳрамонони Тоҷикистон ба фурудгоҳ омаданд.

Бар сари турбати се шахсияти шинохтаи Тоҷикистон дар Масҷиди калони Душанбе маъруф ба Масҷиди Қатар намози ҷаноза хонданд ва сипас дар оромгоҳи Лучоб ба хок супурданд.

Субҳи 19-уми май капсулаҳо бо хок аз маҳалли дафни қаҳрамонони Тоҷикистон Нусратулло Махсум, Шириншоҳ Шоҳтемур ва Нисор Муҳаммадро аз Русия ба Тоҷикистон оварданд.

Нусратулло Махсум, Шириншоҳ Шоҳтемур ва Нисор Муҳаммад аз бузургтарин ва таъсиргузортарин чеҳраҳои таърихи муосири Тоҷикистон ба ҳисоб мераванд, ки дар соли 1937 қурбонии туҳматҳои беасоси низоми Иосиф Сталин шуданд. Онҳоро беасос душмани халқ номида ва бераҳмона куштанд ва дар гӯри дастаҷамъӣ хок карданд. Ин се шахсияти барӯманди Тоҷикистон танҳо баъди марги Сталин, дар солҳои 1950-ум расман бегуноҳ эълон карданд.

Нусратулло Махсум

Нусратулло Махсум, сиёсатмадори барҷаста ва аввалин раҳбари давлати Тоҷикистон буд ва ӯро "меъмори аввалини Тоҷикистони соҳибистиқлол" меноманд. Тоҷикистон дар солҳои 20-уми асри гузашта як ҷумҳурии мухтор дар қаламрави Узбекистон буд, бо талошҳои Нусратулло Махсум ба ҷумҳурии алоҳидаи мустақил дар таркиби Шӯравии он замон табдил ёфт. Ӯро соли 1933 бо фишори Маскав ва туҳматҳои сиёсӣ аз мақомаш барканор карда ба Маскав бурданд. Дар авҷи таъқибҳои сталинӣ дар соли 1937 бо иттиҳоми сохтаи "миллатгароӣ" ва "зиддиинқилобӣ" боздошт карданд ва рӯзи 1-уми ноябри соли 1937 дар Маскав бо тирандозӣ ба қатл расонданд. Соли 2006 ба ӯ унвони олии «Қаҳрамони Тоҷикистон» дода шуд.

Шириншоҳ Шотемур

Шириншоҳ Шоҳтемур, намояндаи давлатӣ ва сиёсӣ ва аз ҳамсафони наздики Нусратулло Махсум буд. Саҳми ӯро дар муттаҳид кардани заминҳои парокандаи тоҷикон ва исботи ҳуввияти таърихии мардум бисёр зиёд медонанд. Баъд аз Нусратулло Махсум, раиси Кумитаи марказии Ҳизби коммунисти Тоҷикистон буд. Ӯ ҳам қурбонии репрессияҳои сталинӣ шуд. Шириншоҳ Шотемурро соли 1937 дар Маскав дастгир карданд ва пас аз шиканҷаҳои зиёд, рӯзи 27-уми октябри соли 1937 ба қатл расониданд. Соли 2006 ба ӯ низ унвони олии «Қаҳрамони Тоҷикистон» дода шуд.

Нисор Муҳаммад

Нисор Муҳаммад, яке аз рӯшанфикрон ва сиёсатмадорони аҳли Афғонистон буд, ки ба Осиёи Марказӣ омад ва тақдирашро бо Тоҷикистон пайваст. Аввалин вазири маорифи Тоҷикистон буд ва аз ин рӯ саҳми Нисор Муҳаммадро дар бунёди аввалин мактабҳои муосири тоҷикӣ, ҷалби мардум ба мактабу таҳсил, чопи китобҳои дарсӣ ба забони тоҷикӣ ва ҷалби зиёиёни бузурге чун Садриддин Айнӣ ва Абулқосим Лоҳутӣ ба корҳои давлатӣ фавқуллода зиёд медонанд.

Нисор Муҳаммадро ҳам мисли Нусратулло Махсум ва Шириншоҳ Шотемур, соли 1937 бо иттиҳоми сохтаи "ҷосусӣ ба фоидаи Афғонистон ва Инглистон" ва "мавзеъгирии зиддишӯравӣ" дар Маскав боздошт ва ҳамон сол бо тирандозӣ куштанд. Яке аз кӯчаҳои марказии шаҳри Душанбе ҳоло ба номи ӯст.

ИНЧУНИН, БИХОНЕД:

Хоки қаҳрамонони Тоҷикистонро аз Маскав ба Душанбе меорандЧаро дигарон Сталинро маҳкум карданд, вале тоҷикон "бахшиданд"?Сталин бунёдгузори Тоҷикистон: афсона ё воқеият?"Муллоҳои фаъолро ҳабс кунед..." Идомаи таъқибҳо дар Тоҷикистон"Душмани халқ", "ҷосус", "мулло"... Таъқиби сиёсӣ дар Тоҷикистон"Рақобат" дар Бухоро. Чаро Хоҷаев ва Фитрат Муҳиддиновро "таҳаммул" накарданд?Дар Тоҷикистон аз қурбониёни "таъқиботи сталинӣ" ёд меоранд?