Хоҳари Маҳмадалӣ Ҳайит аз вазъи бародараш дар зиндон нигарон аст

Гулбибӣ Ҳайитова, хоҳари Маҳмадалӣ Ҳайит

Пайвандони Маҳмадалӣ Ҳайит, муовини зиндонии раиси ҳизби дар Тоҷикистон мамнӯи наҳзати исломӣ аз вазъу шароити ӯ дар зиндон изҳори нигаронӣ карданд.

Ду хоҳар ва ҳамсари Маҳмадалӣ Ҳайит рӯзи 2-юми июн дар зиндон бо ӯ мулоқот карда ва ин сиёсатмадор аз шиканҷа шудан дар рӯйи барф ва шароити бади зиндон шикоят кардааст.

Назари масъулони Идораи зиндонҳо ба ин иддао маълум нест, вале онҳо пештар гуфта буданд, ки муносибат бо Маҳмадалӣ Ҳайит дар доираи қонун аст.

Гулбибӣ Ҳайитова, хоҳари Маҳмадалӣ Ҳайит, рӯзи 16-уми июн дар суҳбат бо Радиои Озодӣ гуфт, бародараш аз он шикоят кардааст, ки “ӯро луч дар болои барф нигоҳ дошта, бо калтак (дубинка) мезананд. Баъди он ӯро дар об нигоҳ медоранд ва баъд ду ҳафта дар утоқи танбеҳ маҳкам мекунанд.”

Хоҳари Маҳмадалӣ Ҳайит иддао дорад, ки бародараш пеш аз ин низ мавриди латукӯб қарор гирифта, “сараш кафида ва пардаи гӯшаш дарида буд”.

Видеоро дар инҷо бинед:

Браузери шумо HTML5-ро намешиносад

"Бародарамро луч рӯйи барф нигаҳ дошта, сипас калтаккӯб кардаанд"


Кӯшиши Радиои Озодӣ барои гирифтани шарҳи расмӣ аз Сарраёсати иҷрои ҷазои ҷиноятии Тоҷикистон бенатиҷа буд. Пештар Музаффар Ашӯриён, вазири адлия дар посух ба шикоятҳо аз вазъи Маҳмадалӣ Ҳайит гуфта буд, ки маъмурони маҳбас нисбат ба ӯ “ягон амали ғайриқонунӣ раво надидаанд”.

Аммо хоҳари Маҳмадалӣ Ҳайит мегӯяд, маъмурони маҳбас ҳангоми санҷиши ҳаррӯза бародарашро паст мезананд ва мепурсанд, ки “Муҳиддин Кабирӣ ба ту хӯрок мефиристад, ёрӣ мекунад?"

Хонаводаи Маҳмадалӣ Ҳайит фақат дар шаш моҳ як бор ҳақ доранд, ки то ду соат ӯро бинанд.

Маҳмадалӣ Ҳайит, муовини пешини раиси ҳизби дар Тоҷикистон мамнӯи наҳзати исломӣ, соли 2016 дар мурофиаи паси дарҳои баста ба зиндони якумрӣ маҳкум шуд. Ӯро ба терроризм ва талош барои ғасби қудрат гунаҳкор донистаанд. Мақомот гуфтаанд, ки ҳукм бар асоси далелҳои собит содир шудааст, вале наздиконаш ҳамаи иттиҳомотро беасос ва дорои ангезаҳои сиёсӣ меҳисобанд.

Гурӯҳи кории Созмони Милали Муттаҳид соли 2018 боздошти Ҳайитро ғайриқонунӣ дониста, аз ҳукумати Тоҷикистон хост, ки ӯро бе ягон қайду шарт ва фавран озод кунад. Мақомот дар Тоҷикистон гуфтанд, "гуноҳи ӯ ва дигарон исбот шудааст" ва онҳоро раҳо намекунанд.

ИНЧУНИН, БИХОНЕД:

"Агар падарамро бинам..." Зиндагии се паноҳандаи сиёсии тоҷик дар Аврупо. ВИДЕО