Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Коршиносони СММ хостаанд, Маҳмадалӣ Ҳаит озод шавад


Маҳмадалӣ Ҳаит

Як гурӯҳи кории Созмони Милал, ки парвандаҳои боздоштҳои худсарона дар кишварҳои ҷаҳонро таҳқиқ мекунад, ба ин хулоса расидааст, ки боздошти Маҳмадалӣ Ҳаит, як узви раёсати Ҳизби наҳзати исломӣ ғайриқонунӣ будааст ва аз ин рӯ, ӯ бояд озод карда шавад.

Гурӯҳи кории Созмони Милал барои таҳқиқи боздоштҳои худсарона рӯзи 10-уми май назари худро дар бораи парвандаи Маҳмадалӣ Ҳайитов нашр кард.

Дар он омадааст, ки “маҳрум кардани Маҳмадалӣ Ҳаитов, аз озодӣ бар хилофи чанд банди Эъломияи Байналмилалии Ҳуқуқи инсон ва чанд банди Аҳдномаи Байналмилалии Ҳуқуқи Иҷтимоӣ ва Сиёсӣ аст.”

Дар ин хулосаи 13 саҳифаии коршиносони Созмони Милал омадааст, ки зимни боздошт, бозпурсӣ ва муҳокимаи Маҳмадалӣ Ҳаитов, мақомоти интизомии Тоҷикистон бо қонуншиканиҳои зиёде роҳ додаанд.

Аз ҷумла, дар тӯли панҷ моҳи боздошт “вакилони ӯро аз тамоми иттиҳомот огаҳ накардаанд, ба вакилонаш барои таҳқиқи парванда фақат ду ҳафта мӯҳлат додаанд, ба Маҳмадалӣ Ҳаитов, иҷоза надодаанд, ки худаш шоҳидонро ба муҳокима даъват кунад, ӯро зимни боздошт ва бозпурсӣ латукӯб кардаанд, матбуоти давлатӣ қабл аз судури ҳукм ба гунаҳкор будани ӯ таъкид кардааст, ӯро ба додгоҳ бо завлона овардаанд”.

Ба ғайр аз Зарафо Раҳмонӣ, бақияи ин афрод дар зиндон ҳастанд.
Ба ғайр аз Зарафо Раҳмонӣ, бақияи ин афрод дар зиндон ҳастанд.

Гурӯҳи кории Созмони Милал баъди дархости созмони ҳомии ҳуқуқ бо номи “Freedom Now’ ширкати байналмилалии ҳуқуқии «Hogan Lovells LLP” ба таҳқиқи парвандаи Маҳмадалӣ Ҳаитов, пардохтааст. Созмони мазкур дар Вашингтон қароргоҳ дорад ва барои озодии онҳое талош мекунад, ки барои ақидаҳои сиёсӣ ва ё дигарандешӣ ба зиндон андохта шудаанд.

Кейт Барт, яке аз раҳбарони созмон, аз хулосаҳои Гурӯҳи кории Созмони Милал истиқбол кардааст. Ӯ гуфтааст, “Аз боздошти Маҳмадалӣ Ҳаит аз тарафи ҳукумати Тоҷикистон 975 рӯз мегузарад ва ин кор бахше аз маъракаи васеи ҳукумати Тоҷикистон барои бадном кардани аҳзоби мухолиф аст. Ҳукми беш аз ҳад сахти Маҳмадалӣ Ҳаит, нақзи ҳуқуқи бунёдии ӯ, аз ҷумла нақзи ҳуқуқи озодии баён аст. “

Маҳмадалӣ Ҳаит, муовини раиси Ҳизби мамнӯи наҳзати исломии Тоҷикистонро соли 2015 ҳамроҳ бо 13 узви дигари ҳизб бо иттиҳоми ҳидоят ва тарҳрезии ошӯби нофарҷоми Абдуҳалим Назарзода, муовини вазири дифо дастгир карданд. Дар натиҷаи ин ошӯб дар рӯзи 7-уми сентябр даҳҳо нафар аз ҷумла маъмурони амниятии Тоҷикистон кушта шуданд. Маҳмадалӣ Ҳаит баъди ин ҳодиса ва рӯзи 16-уми сентябр дастгир шуд.

Мақомоти интизомӣ мегӯянд, Абдуҳалим Назарзода бо ҳидояти Ҳизби мамнӯи наҳзати исломӣ ошӯб бардошт.
Мақомоти интизомӣ мегӯянд, Абдуҳалим Назарзода бо ҳидояти Ҳизби мамнӯи наҳзати исломӣ ошӯб бардошт.

Баъди ин Ҳизби наҳзати исломиро Додгоҳи олӣ созмони ифротгаро ва террористӣ эълон кард ва фаъолияташ дар Тоҷикистон мамнӯъ шуд. Муҳокимаи аъзои раёсат аз ҷумла Маҳмадалӣ Ҳаит тақрибан ним сол давом кард ва ҳамаи онҳоро бо гуноҳи “терроризм, қатлу куштор, даъват ба сарнагун кардани ҳукумати қонунӣ, барангехтани адовати милливу мазҳабӣ” ба солҳои тӯлонии зиндон маҳкум карданд. Маҳмадалӣ Ҳаит ба зиндони якумрӣ маҳкум шуд.

Ҳоло Гурӯҳи кории Созмони Милал барои таҳқиқи боздоштҳои худсарона, ки аз 5 коршиноси ҳуқуқи инсон аз кишварҳои мухталиф иборат аст, аз ҳукумати Тоҷикистон хостааст, ки Маҳмадалӣ Ҳаитро бе ягон қайду шарт ва фавран озод кунад. Онҳо аз ҳукумат хостаанд, ки “боздошти худсарона ва маҳрум кардани Маҳмадалӣ Ҳаит аз озодиро таҳқиқ кунад ва нисбати онҳое, ки ҳуқуқи ӯро помол кардаанд, чораҳои муносиб биандешад.

Гурӯҳи корӣ аз ҳукумати Тоҷикистон хостааст, ки дар муддати ним сол ба онҳо ҷавоб бигӯянд, ки то куҷо тавсияҳои онҳо аз ҷумла тақозо барои озодии Маҳмадалӣ Ҳаитро иҷро кардаанд.

Шарҳҳоро бинед (5)

Ин баҳс баста шудааст.

Назари хонандагон

Шарҳи нав расид
Идома
XS
SM
MD
LG