Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Ба ҳамсари Маҳмадалӣ Ҳаит иҷоза додаанд, ки бо шавҳараш мулоқот кунад


Муҳаммадалӣ Ҳаит
Муҳаммадалӣ Ҳаит

Савриннисо Ҷӯраева, ҳамсари Маҳмадалӣ Ҳаит мегӯяд, ки аз замони боздошти шавҳараш тақрибан як сол мегузарад ва дар ин муддат ягон бор бо ӯ мулоқот надоштааст. Ҳоло Додгоҳи олӣ иҷоза додааст, ки ӯ бо шавҳараш дидор кунад.

Ба дунболи пахши хабарҳо дар бораи шиканҷа ва маъюб шудани Маҳмадалӣ Ҳаит, яке аз раҳбарони ҳизби дар Тоҷикистон мамнӯи наҳзати исломӣ, мақомоти Тоҷикистон зоҳиран омодаанд, ки ҳамсараш бо ӯ дидорбинӣ кунад. Савриннисо Ҷӯраева, ҳамсари Маҳмадалӣ Ҳаит, рӯзи 19-уми август ба Радиои Озодӣ гуфт, Додгоҳи олии Тоҷикистон ба ӯ санадеро додааст, ки бар асоси он ҳаққи дидору мулоқот бо шавҳарашро пайдо мекунад.

Савриннисо Ҷӯраева мегӯяд, қаблан масъулони Сарраёсати ислоҳи ҷазои ҷиноии Вазорати адлия аз ӯ хоста будаанд, ки аввал иҷозаи Додгоҳи олиро бигирад ва баъдан барояш имконият хоҳанд дод, ки шавҳарашро аз наздик бибинад. Ӯ гуфт, "ҳамин ҳоло санадро гирифтам ва ба назди масъулони маҳбасҳо меарвам. Танҳо баъд аз дидор бо шавҳарам гуфта метавонам, ки чӣ вазъу ҳол дорад."

Рӯзи 16 сентябр аз замони боздошти Маҳмадалӣ Ҳаит як сол мегузарад ва дар ин муддат ягон бор бо ӯ мулоқот накардаам
Савриннисо Ҷӯраева, ҳамсари Маҳмадалӣ Ҳаит

Як рӯз пеш сомонаҳои мабут ба мухолифони тоҷик дар хориҷа хабар доданд, ки бино ба иттилои дарёфтии онҳо Маҳмадалӣ Ҳаит ҳанӯз дар боздоштгоҳи муваққатӣ нигоҳдорӣ шуда, бар асари шиканҷа вазъи саломаташ бад шудааст.

Аммо масъулони Сарраёсати ислоҳи ҷазои ҷиноии Вазорати адлияи Тоҷикистон овозаҳо дар мавриди шиканҷа шудани муовини раиси ҳизби мамнӯи наҳзати исломӣ Маҳмадалӣ Ҳаит дар боздоштгоҳро рад карданд.

Илҳом Маҳмудов, муовини сардори Сарраёсати ислоҳи ҷазои ҷиноии Вазорати адлия ба Озодӣ гуфт, "ин овозаҳо ҳеҷ асос надоранд ва агар наздикони Маҳмадалӣ Ҳаит муроҷиат кунанд, мо баррасӣ хоҳем кард."

Як мақоми дигари Сарраёсати ислоҳи ҷазои ҷиноӣ гуфт, 20 август рӯзи қабули сардори ин ниҳод Иззатулло Шарифов аст ва хонаводаи Маҳмадалӣ Ҳаит агар нигарониҳое дар мавриди вазъи саломати ӯ дошта бошанд, метавонанд муроҷиат кунанд.

"Дар ин сурат, раёсат як гурӯҳ таъсис намуда ва мулоқоти ӯро бо ҳамсараш ташкил хоаҳд кард," - афзуд мусоҳиби мо. ​Вай илова кард, ки бовар надорад, бо Маҳмадалӣ Ҳаит чунин бархӯрд сурат гирифта бошад ва мақомот аз он иттилоъ надошта бошанд.

Маҳмадалии Ҳаит, муовини раиси ҳизби дар Тоҷикистон мамнӯи наҳзати исломӣ, ҳамроҳи 13 тан аз аъзои раёсати олӣ ва шӯрои сиёсии ин ҳизб моҳи сентябри соли гузашта бо ҷурми терроризм ва даст доштан дар ошӯби Абдуҳалим Назарзода, муовини пешини вазири дифоъ боздошт ва баъдан барои як умр равонаи зиндон шуд. Худи Ҳаит дар баҳсҳои додгоҳӣ ҳеҷ гоҳ ин иттиҳомро эътироф накардааст.

Раҳбарияти ҳизби дар Тоҷикистон мамнӯи наҳзати исломӣ, ки дар хориҷа қарор дорад, низ борҳо ин иттиҳомро рад карда ва гуфтааст, ошӯби Абдуҳалим Назарзода танҳо баҳонае барои бастани ҲНИТ ва ҳамин тавр аз саҳнаи сиёсӣ дур кардани аъзои фаъолаш буд.

XS
SM
MD
LG