Шахсони наздик ба хонаводаи Қобилҷон Алиев, навраси кушташудаи тоҷик дар Русия, гуфтанд, ки ӯ 17-уми декабр ҳамроҳи додару тағояш бояд ба Тоҷикистон бармегашт, вале ба қатл расид ва акнун тобуташро меоранд. Вай рӯзи 16-уми декабр дар ҳамлаи як ноболиғ дар мактабе дар вилояти Маскав кушта шуд.
"Дада" гуфта, фарёд кашидааст"
Яке аз наздиконаш дар суҳбат бо Радиои Озодӣ гуфт: "Муҳлати шиносномаи Қобилҷон ва додараш ба поён мерасид. Модарашон ният дошт, ки 17-уми декабр барои онҳо ваколатнома дода, ба Тоҷикистон фиристад." Мусоҳиби мо дар Русия аст ва Радиои Озодӣ барои пеш наомадани мушкил номи ӯро наменависад.
Қобилҷон Алиев ҳамроҳи додараш, ки аз ӯ хурд аст, дар як синф дар мактаби ба номи Успенская дар Одинтсовои Маскав мехонд. Ҳодиса дар ҳамон ҷо рӯй дод.
Ҳамсуҳбати мо ба нақл аз додари Қобилҷон Алиев воқеаро чунин баён кард: "Ноболиғи ҳамлавар бо корд ба онҳо наздик шуда, аз кадом миллат буданашонро пурсидааст. Қобилҷон ба муаллима гуфтааст, шумо ба синф дароед, ман ҳушашро ба тарафи дигар мекашам ва ба сӯи зинапоя давидааст. Ҳангоми баромадан пешпо хӯрда мефтад. Дар ҳамин лаҳза ҳамлавар чанд теғ мезанад. Қобилҷон “дада” гуфта, фарёд кашидааст.”
Ҳамсуҳбати дигари Радиои Озодӣ дар Русия гуфт, "ҳамла дар соате сурат гирифтааст, ки муаллима кӯдаконро барои наҳорӣ ба ошхона мебурд". Фарзанди ӯ низ ҳамроҳи Қобилҷон Алиев дар як мактаб мехонд.
Падари Қобилҷон Алиев дар гузашта дар Тоҷикистон низомӣ буда, се сол пеш бар асари беморӣ даргузаштааст. Ба қавли ҳамсуҳбатони мо, "Қобилҷон ҳам орзу дошт, ки ба мисли падараш низомӣ шавад. Дар мактаб бо баҳои миёна мехонд ва писари бисёр ҳалиму меҳрубон буд."
Ҷойи ҳодиса. 16-уми декабри 2025
Аз Ҳафттеппа то Маскав
Ҳамсуҳбатони мо дар Русия гуфтанд, Нилуфар Сафоева, модари Қобилҷон Алиев, дар мактабе, ки кӯдакаш кушта шуд, фаррош буд. Инчунин дар тарабхонае кор мекард ва шахсони пиронсолро парасторӣ менамуд.
Нилуфар Сафоева ва ду хоҳараш ният доштаанд, дар Русия якҷоя кор карда, барои ӯ хона бихаранд.
Яке аз ҳамкорон ва дугонаи Нилуфар ба Радиои Озодӣ гуфт, “тақрибан чор сол боз дар Русия зиндагӣ дорад. Рӯзгори миёнаҳолона. Бо патент кор мекунад. Мардуми маҳаллӣ ин оиларо эҳтиром мекунанд. Ҳамсояҳои рус дирӯз ҷамъ шуда, барои кумак маблағ ҷамъ оварданд,” – гуфт мусоҳиби мо.
Хонаводаи Қобилҷон Алиев пеш аз он ки ба Русия кӯчад, дар шаҳри Ҳисору ноҳияи Шаҳринав буд. Хабари марги ӯ бисёриҳоро дар деҳаи Ҳафттеппа дар 34-километрии маркази Ҳисор ва дар марз бо Узбекистон мотамзада кардааст.
Лутфулло Соҳибов, мудири мактаби деҳа, рӯзи 17-уми декабр ба Радиои Озодӣ гуфт, Нилуфар Сафоева, модари Қобилҷон, дар ин деҳа бузург шуда, баъди шавҳар кардан ба ноҳияи Шаҳринав кӯчидааст. Нилуфар Сафоева 35 сол дорад.
“Қобилҷон синфи якумро дар мактаби деҳаи Ҳафтеппа хонд. Се сол пеш шавҳари Нилуфар вафот кард ва ӯ ҳамроҳи ду писараш ба Русия кӯчид. Дар онҷо хоҳарону бародарони Нилуфар ҳастанд”, - гуфт мудири мактаб.
Мақомоти Русия дар робита ба ҳамлаи ноболиғе дар мактаби миёна дар вилояти Маскав парвандаи ҷиноӣ боз кардаанд. Ба гузориши расонаҳои русӣ, навраси боздоштшуда эътироф кардааст, ки чанд вақти охир барои содир кардани ин ҷиноят омодагӣ медид. Вадим Багатурия, вакили мудофеъ ва муфаттиши собиқи додситонӣ, гуфтааст, мумкин аст, ҳамлавари наврас то 10 сол аз озодӣ маҳрум шавад.
Вазорати корҳои хориҷӣ ва Вазорати корҳои дохилии Тоҷикистон рӯзи 17-уми декабр аз мақомоти Русия талаб карданд, ки қатли навраси тоҷикро мунсифона ва ҳаматарафа таҳқиқ кунанд. Корбарони шабакаҳои иҷтимоӣ аз афзоиши бегонаситезӣ дар Русия изҳори нигаронӣ доранд.