Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Баҳси нав. Фашизм чисту фашист кист?


Зеварбону Рауфӣ

Зеварбону Рауфӣ, рӯзноманигори ҷавон

Дуруд ҳаммеҳани азиз!

Имрӯз мехоҳам, перомуни мавзӯе сӯҳбат кунем, ки боиси нигаронии натанҳо ман, балки ниме аз мардуми сайёра аст. Ба назар мерасад, ҷаҳон ба ду қисм ҷудо шудааст. Як идда дар он сӯи марз қарор доранду иддаи дигар дар самти муқобил. Шояд бипурсӣ аз кадом марз ҳарф мезанам?

Аз марзи ҷанги Русия ва Украина. Ҳарчанд ин ҷанг дар чаҳор ҳазор километрии мо мегузарад, марзҳои он мардумро то худи Тоҷикистон дунболгирӣ мекунанд. Агар яке аз Украина ҳимоят мекунад, дигаре пуштибони Русия аст. Аммо новобаста ба ин ки дар ҷанги байни Русия ва Украина кӣ тарафи киро мегирад, ин ҷанг ҳамчунон идома дорад.

Воқеан, мехоҳам, бидонам имрӯз онҳое, ки ба ҳар роҳе мекӯшанд, таҷовузи Русияро ба хоки Украина “сафед” кунанд, ин воқеият ба зеҳнашон намерасад, ки осиёб ба навбат аст?

Ин фоҷеаи инсонӣ боиси дубора рӯ задан, ё ба қавле дигар, роиҷ гаштани калимаҳое шуда, ки башар умеди фаромӯш кардани онҳоро дошт. Яке аз ин калимаҳо “фашизм” аст. Русия Украинаро ба фашизм муттаҳам мекунаду Украина Русияро. Ҳис мешавад, ки дар ин миён ҳаммеҳанони мо бидуни ҷустуҷӯ ва дарки далелҳое, ки ду кишвар пеш меоранд, ба шакле ғаризаӣ ва таҳти таъсири таблиғоти ин ё он тараф аз яке ё дигаре ҷонибдорӣ мекунанд.

Пас, шояд бад набошад, то бо ҳам нигоҳе бикунем ба мафҳуми фашизм, тарихи пайдоишу рушди он ва ҳамчунин дигар далелҳое, ки дар ҷанги байни ин ду кишвар садо додаанд.

Вожаи “фашизм” баргирифта аз калимаи лотинии “Fascis” ва ба маънии табарпӯш аст. Табарпӯш асбобест, ки аз чӯбҳои ба ҳам пайваста дар гирди табаре омода мешавад. Муҳофизон ва тарафдорони ҳукумат дар Рум барои нишон додани вафодории хеш ба худ бо табарпӯш ҳамл мекарданд. Худи фашизм як назарияи сиёсии ростӣ-ифротӣ ва гунае аз низоми ҳукумати худкомаи миллигарои ифротист. Чунин низоме нахустин бор дар солҳои 1922-1945 дар Итолиё аз тарафи Муссолинӣ раҳбарӣ карда шуд, ки он бар се поя, яъне ҳизби сиёсии воҳид, нажодпарастии ифротӣ ва давлати муқтадиру мутамаркиз устувор буд.

Фашизм аз дидгоҳи назарӣ, маҳсули густариши назари нажодбоварӣ ва империализми аврупоӣ ва аз назари иҷтимоӣ маҳсули буҳронҳои иқтисодию иҷтимоии пас аз ҷанги ҷаҳонии аввал аст, ки бо шикасти кулли нерӯҳои меҳвар дар ҷанги ҷаҳонии дувум аз эътибор афтод. Тибқи баъзе аз дидгоҳҳои сиёсӣ, ҳадафи фашизм, ҳифзи низоми диктатурӣ дар замонест, ки идораи кишвар ба гунаи маъмул имконпазир набошад. Ҳукумати фашистӣ кулли ҳуқуқ ва озодиҳои демократиро дар кишвар аз байн мебарад ва сиёсати худро маъмулан дар лифофае аз назарияву таблиғоти асосёфта бар таассуби миллию нажодӣ мепӯшонад.

Баҳона чист? Бандера

Ҳаммеҳани азизам, ҳоло мехоҳам ба асли суҳбати худамон баргардем. Яке аз далелҳое, ки Русия барои исботи мавҷудияти фашизм дар Украина пеш овардааст, ин тарафдорони ҳаракати миллигароии Бандера аст. Имкон дорад яке бипурсад, хуб, Бандера кист?

Муҷассамаи Бандера дар Тернопил. Акс аз моҳи декабри 2021
Муҷассамаи Бандера дар Тернопил. Акс аз моҳи декабри 2021

Агар ба таърихи ҷунбиши миллигароии Украина назар андозем, бо чеҳраи Степан Андреевич Бандера ошно мешавем. Ӯ дар замони ҷанги дувуми ҷаҳон фармондеҳии артиши шӯришиёнро ба уҳда гирифта, тамоми талошашро барои бунёди Украинаи мустақил ба харҷ додааст. Вақте ӯ 15-уми сентябри соли 1941 Украинаро як кишвари мустақил эълон кард, ба ҳамин далел аз тарафи Олмони фашистӣ боздошту сипас ба урдугоҳи кори иҷбории Зохсенҳовзен фиристода шуд. Соли 1944 Олмон бо аз даст додани бартарии худ дар ҷанг, ва пеш аз пешравии муттафиқон, ба ин умед, ки Бандера аз пешравии нерӯҳои Шӯравӣ ҷилавгирӣ мекунад, ӯро озод кард.

Дар соли 1959 бошад, ӯ аз тарафи оҷонсии амнияти миллии Шӯравӣ дар шаҳри Мюнхени Олмон террор шуд. Тақрибан панҷоҳ сол пас аз марги ӯ, 22-юми январи соли 2012, Виктор Юшченко, раисҷумҳури вақти Украина, ба Бандера унвони қаҳрамони миллӣ дод. Аммо ин унвон, як сол баъд, пас аз нишастани Виктор Янукович бар курсии раёсати ҷумҳурӣ, ки аз пуштибонии Русия баҳравар буд, расман бекор шуд. Ин воқеа бори дигар нишон медиҳад, ки нисбати Бандера ҳанӯз муносибати дугона вуҷуд дорад.

Бегонаситезӣ. Муқоисаи Украина ва Русия

Лек нуктаи суолбарангез ин аст: оё новобаста ба ин ки Бандера кӣ буду чӣ кард, дар Украинаи имрӯзӣ амалҳои хушунатомез ва бегонаситезона, ки сабаби кушта шудани ғайриукраиниҳо шуда бошад, мавҷуданд? Ба назар мерасад, ба ғайр аз иддаои бидуни далел, монанди қатли ом дар Донетск ва Луҳанск, ки ҳар гоҳе аз тарафи расонаҳои русӣ пахш шудаву мешавад, иттифоқи дигаре матраҳ нагаштааст.

Вақте аз тоҷикон ва намояндаҳоии миллатҳои дигар, ки чанд сол миёни мардуми Украина дар шаҳрҳои гуногуни ин кишвар зиндагӣ кардаанд, дар ин бора мепурсӣ, ҳеч шикояте аз бегонабадбинӣ ё аз бедодгариҳои фашистону ҷонибдорони Бандера ҳарф намезананд. Баръакс, таъкид мекунанд, ки ҳеч гоҳ таҳқире нисбаташон набуда ва ҳеч кас эътиборашонро паст назадаву тавҳин ва дашном надода.

Ҳоло суоле пеш меояд, ки чаро ва бо кадом мақсад Русия Украинаро ба фашизму неофашизм муттаҳам мекунад? Вақте чунин иддао аз тарафи Русия матраҳ мешаванд, нохудогоҳ одам мекӯшад, решаву далели ин даъвоҳоро пайдо кунад. Нахустин чизе, ки ба зеҳн мерасад, бешак, ин аст, ки чӣ гуна гурӯҳи “Тоссарҳо” ва миллатгароёни дигари русӣ нисбати мардуми дигар, аз ҷумла ҳамватанҳои мо – тоҷикон таҳқиру тавҳин раво дидаанд.

Даҳҳо кас кушта, даҳҳо нафар таҷовуз ба номус шудаанд, ки дар миёнашон кӯдакон низ ҳастанд. Муносибати комилан ваҳшиёнаи пулис нисбат ба муҳоҷирон, аз ҷумла муҳоҷирони тоҷик, фоҷеаи дигаре ва нишони равшани зуҳури фашизм ё нафрат ба дигарон бар пояи тафовути нажодию забониву қавмӣ дар Русия аст.

  • Боздошти 8 шаҳрванди кишвар бо шалворҳои порашуда ва гирифтани акси онҳову гузоштан дар шабакаҳои иҷтимоӣ агар фашизм нест, пас, чист?
  • Агар ин амал паст задани шаъну шарафи миллати дигаре нест, чист?
  • Оё чунин ҳолатеро нерӯҳои интизомӣ дар Украина ё ҳар кишвари дигари ҷаҳон нисбати тоҷикон раво дидаанд?

Бо вуҷуди ҳамаи ин воқеаҳои талх, ҳанӯз ҳам иддае аз ҳаммеҳанони мо мекӯшанд, аз Русия ва амалкардҳояш тарафдорӣ кунанд. Онҳо ҳуҷуми низомии Русияро алайҳи Украина, ки “амалиёти вижа” номгузорӣ кардаанд, ҳамчун дифоъ аз манфиати рустаборон дар ин кишвар мехонанд. Лек оё боре аз худ мепурсанд, вақте кишваре амалан тавассути низомиёни хеш, талоши ҷудоиталабии бахши андаке аз як минтақаи кишвари дигарро, пуштибонӣ мекунад, ин дахолати ошкор дар корҳои дохилии як кишвари мустақил ва ҷиноят нест?

Чаро аз худ намепурсанд, агар минтақаҳои мухталифи Русия мисли Чеченистон, Тотористон, Бошқирдистон, Ёқутистон ва ғайра барои ҷудоихоҳӣ талош дошта бошанд, аз тарафи Русия таҳдид ба тамомияти арзии кишвар шинохта мегардад. Бешак, ин гуна талош шадидан саркӯб шудаву саркӯб низ хоҳад шуд. Лек вақте чунин ҳолат дар Украина сурат бигирад, чаро Маскав онро зуҳури миллатгароӣ ва куштори русҳо талаққӣ мекунад?

  • Ин меъёри дугона оё фақат барои пардапӯш кардани ҳадафи аслӣ, яъне мутеъ ва фармонбарори худ кардани як кишвари соҳибистиқлол нест?
  • Ё чаро як кишвари соҳибистиқлол “бояд” барои ворид шудан ё нашуданаш дар паймоне ризояти Русияро дошта бошад?
  • Воқеан, мехоҳам, бидонам имрӯз онҳое, ки ба ҳар роҳе мекӯшанд, таҷовузи Русияро ба хоки Украина “сафед” кунанд, ин воқеият ба зеҳнашон намерасад, ки осиёб ба навбат аст?

Имрӯз ба ин чизҳо фикр мекунам, ту ба чӣ меандешӣ, ҳаммеҳанам?

Аз Идора. Матолибе, ки дар гӯшаи "Блогистон" ба нашр мерасанд, назари муаллифон буда, баёнгари мавқеи Радиои Озодӣ шумурда намешаванд.

Шарҳҳоро бинед (40)

Корбарони азиз! Ҳангоми навиштани шарҳ аз истифодаи таҳқиру тӯҳмат нисбат ба якдигар, намояндагони қавму миллатҳо ва динҳои гуногун худдорӣ кунед. Шарҳҳое, ки дорои туҳмату таҳқир, дашном ва иттилооти дурӯғанд ё гурӯҳеро таблиғ мекунанд, нашр карда намешаванд!
Ин баҳс баста шудааст.
XS
SM
MD
LG