Бояд гуфт, барои аввалин бор дар таърихи Ҷоми ҷаҳонӣ маросими ифтитоҳи мусобиқа се маротиба сурат гирифт. Ин маросим нахуст 11-уми июн дар Мехико баргузор шуда буд.
Пас аз маросим дар Торонто, нахустин бозии даври якум дар гурӯҳи В байни тимҳои миллии Канада - Босния ва Ҳерсеговина баргузор шуда, бо ҳисоби 1:1 хотима ёфт. Йово Лукич, бозигари Босния ва Ҳерсеговина, дар дақиқаи 21-ум ҳисобро боз кард. Голи ҷавобиро Кайл Ларин дар дақиқаи 78-ум зад.
Сипас бозии даври якум дар гурӯҳи D дар Лос-Анҷелес миёни тимҳои Иёлоти Муттаҳидаи Амрико ва Парагвай бо пирӯзии ИМА бо ҳисоби бузурги 4:1 ба поён расид. Бобадиля Дамиан, бозигари парагвайиҳо, дар дақиқаи 7-ум тӯбро ба дарвозаи дастааш ворид намуд. Ин аввалин автогол дар Ҷоми ҷаҳонии 2026 мебошад.
Баъдан, Фоларин Балоган, аз тими ИМА (31, 45+5) ду гол зад. Голи парагвайиҳоро Маурисио Прадо (73) ба самар расонид. Голи чаҳоруми амрикоиҳо ба Ҷованни Рейна (90+8) марбут аст.
Ёдовар мешавем, 11-уми июн бозии ифтитоҳӣ дар гурӯҳи А дар Мехико миёни тимҳои Мексика ва Ҷумҳурии Африқои Ҷанубӣ (ҶАҶ) бо ҳисоби 2:0 ба фоидаи мексикоиҳо анҷом ёфта буд. Дар бозии дигари гурӯҳи А 12-уми июн мунтахаби Кореяи Ҷанубӣ тими Ҷумҳурии Чехро бо ҳисоби 2:1 шикаст дод.
Ба ин тартиб, дар ҷадвали гурӯҳи А тимҳои миллии Мексика ва Кореяи Ҷанубӣ бо сеимтиёзӣ мутаносибан дар ҷойҳои якуму дувум қарор доранд. Тимҳои Чехия ва ҶАҶ бидуни имтиёз мутаносибан ҷойҳои севуму чаҳорумро соҳиб шудаанд.
Дар гурӯҳи В тимҳои Босния ва Ҳерсеговина ва Канада якимтиёзӣ доранд. Қатар ва Швейтсария ба мусобиқа напардохтаанд.
Дар гурӯҳи D ИМА бо се имтиёз дар ҷойи аввал аст. Парагвай бидуни имтиёз дар зинаи охирин қарор дорад. Австралия ва Туркия то ҳоло бозӣ накардаанд.
Дар мусобиқаи ниҳоӣ 48 даста ширкат меварзад. Ин дар муқоиса бо Ҷоми ҷаҳонии соли 2026 гаронарзиштарин дар таърихи футболи ҷаҳонист. Бозиҳо дар 16 шаҳр (аксарияти варзишгоҳҳо дар Иёлоти Муттаҳида ҷойгиранд) ва дар маҷмӯъ 104 бозӣ ба нақша гирифта шудааст, ки то ҳоло чаҳортояш доир гардид.
Чаҳор кишвар - Кабо-Верде (Африқои Ғарбӣ), Курасао (Амрикои Ҷанубӣ), Узбекистон (Осиёи Марказӣ) ва Урдун (Осиёи Ғарбӣ) - дар Ҷоми ҷаҳонӣ аввалин маротиба иштирок мекунанд.
Дастаи мунтахаби Узбекистон таҳти сарварии барандаи "Тӯби тилоӣ", футболбози машҳури Италия Фабио Каннаваро дар гурӯҳи “К” рӯзи 17-уми июн бо Колумбия, 23-юми июн бо Португалия ва 27-уми июн бо Ҷумҳурии Демократии Конго рӯбарӯ мешавад.
Дар марҳалаи гурӯҳии мусобиқаи Ҷоми ҷаҳонии соли 2026-ум 48 дастаи мунтахаб, ки ба 12 гурӯҳи чаҳордастаӣ тақсим шудааст, барои роҳ ёфтан ба плей-офф мубориза мебарад.
Таркиби гурӯҳҳои Ҷоми ҷаҳон-2026 чунин аст:
Гурӯҳи A: Мексика, Африқои Ҷанубӣ, Кореяи Ҷанубӣ, Чехия
Гурӯҳи B: Канада, Қатар, Швейтсария, Босния ва Ҳерсеговина
Гурӯҳи C: Бразилия, Марокаш, Ҳаити, Шотландия
Гурӯҳи D: ИМА, Парагвай, Австралия, Туркия
Гурӯҳи E: Олмон, Курасао, Кот-д’Ивуар, Эквадор
Гурӯҳи F: Нидерланд, Ҷопон, Тунис, Шведсия
Гурӯҳи G: Белгия, Миср, Эрон, Зеландияи Нав
Гурӯҳи H: Испания, Кабо-Верде, Арабистони Саудӣ, Уругвай
Гурӯҳи I: Фаронса, Ироқ, Сенегал, Норвегия
Гурӯҳи J: Аргентина, Алҷазоир, Австрия, Урдун
Гурӯҳи K: ҶД Конго, Португалия, Узбекистон, Колумбия
Гурӯҳи L: Англия, Хорватия, Гана, Панама
Дастаҳое, ки дар гурӯҳҳо ҷойҳои якуму дувумро мегиранд, инчунин ҳашт тими натиҷаҳояшон хубтари ҷойҳои севум, дар маҷмуъ 32 даста, ба даври 1/16-ниҳоӣ роҳ меёбанд.
Бозии ниҳоӣ рӯзи 19-уми июл дар варзишгоҳи «Метлайф Стэдиум» (MetLife Stadium), дар шаҳри Ист-Ратерфорд (иёлати Ню-Ҷерси, ИМА) доир мегардад.
Тақвими Ҷоми ҷаҳонии футбол-2026
дар ИМА, Мексика, Канада (бо вақти Душанбе)
Марҳалаи гурӯҳӣ
Даври якум
11 июн
Мексика – ҶАҶ – 2:0
Кореяи Ҷанубӣ – Чехия – 2:1
12 июн
Канада - Босния ва Ҳерсоговина – 1:1
ИМА – Парагвай – 4:1
14 июн
00:00. Қатар – Швейтсария
03:00. Бразилия – Марокаш
06:00. Ҳаити – Шотландия
09:00. Австралия – Туркия
22:00. Олмон – Курасао
15 июн
01:00. Нидерланд – Ҷопон
04:00. Кот-д’Ивуар – Эквадор
07:00. Шведсия – Тунис
21:00. Испания - Кабо-Верде
16 июн
00:00. Белгия – Миср
03:00. Арабистони Саудӣ – Уругвай
06:00. Эрон - Зеландияи Нав
17 июн
00:00. Фаронса – Сенегал
03:00. Ироқ – Норвегия
06:00. Аргентина – Алҷазоир
09:00. Австрия – Урдун
22:00. Португалия - ҶД Конго
18 июн
01:00. Англия – Хорватия
04:00. Гана – Панама
07:00. Узбекистон – Колумбия
Даври дувум
18 июн
21:00. Чехия – ҶАҶ
19 июн
00:00. Швейтсария - Босния ва Ҳерсеговина
03:00. Канада – Қатар
06:00. Мексика - Кореяи Ҷанубӣ
20 июн
00:00. ИМА – Австралия
03:00. Шотландия – Марокаш
05:30. Бразилия – Ҳаити
08:00. Туркия – Парагвай
22:00. Нидерланд – Шведсия
21 июн
01:00. Олмон - Кот-д’Ивуар
05:00. Эквадор – Курасао
09:00. Тунис – Ҷопон
21:00. Испания - Арабистони Саудӣ
22 июн
00:00. Белгия – Эрон
03:00. Уругвай - Кабо-Верде
06:00. Зеландияи Нав – Миср
22:00. Аргентина – Австрия
23 июн
02:00. Фаронса – Ироқ
05:00. Норвегия – Сенегал
08:00. Урдун – Алҷазоир
22:00. Португалия – Узбекистон
24 июн
01:00. Англия - Гана
04:00. Панама – Хорватия
07:00. Колумбия - ҶД Конго
Даври севум
25 июн
00:00. Швейтсария – Канада
00:00. Босния ва Ҳерсеговина – Қатар
03:00. Марокаш – Ҳаити
03:00. Шотландия – Бразилия
06:00. ҶАҶ - Кореяи Ҷанубӣ
06:00. Чехия – Мексика
26 июн
01:00. Курасао - Кот-д’Ивуар
01:00. Эквадор – Олмон
04:00. Тунис – Нидерланд
04:00. Ҷопон – Шведсия
07:00. Туркия – ИМА
07:00. Парагвай – Австралия
27 июн
00:00. Норвегия – Фаронса
00:00. Сенегал – Ироқ
05:00. Кабо-Верде - Арабистони Саудӣ
05:00. Уругвай – Испания
08:00. Зеландияи Нав – Белгия
08:00. Миср – Эрон
28 июн
02:00. Панама – Англия
02:00. Хорватия – Гана
04:30. Колумбия – Португалия
04:30. ҶД Конго – Узбекистон
07:00. Алҷазоир – Австрия
07:00. Урдун – Аргентина
Дар 22 мусобиқаи пешини Ҷоми ҷаҳонии футбол ҳамагӣ ҳашт тими миллӣ аз ду қора – Амрико (3 даста) ва Аврупо (5 даста) - ба унвони қаҳрамонӣ даст ёфтаанд:
Бразилия (5 бор): 1958, 1962, 1970, 1994, 2002;
Италия (4 бор): 1934, 1938, 1982, 2006;
Олмон (4 бор): 1954, 1974, 1990, 2014;
Аргентина (3 бор): 1978, 1986, 2022;
Уругвай (2 бор): 1930, 1950;
Фаронса (2 бор): 1998, 2018;
Англия (1 бор): 1966;
Испания (1 бор): 2010.