Ҷоми ҷаҳонии футбол-2026 аз 11-уми июн то 19-уми июл дар се кишвар - ИМА (Иёлоти Муттаҳидаи Амрико), Канада ва Мексика - баргузор мешавад.
Мусобиқаи қаҳрамонии футболи ҷаҳон-2026 дар шакли нав сурат мегирад. Дар чаҳорчӯби барномаи FIFA барои густариши доираи ҷаҳонии футбол дар мусобиқаи ниҳоӣ 48 даста ширкат хоҳад кард. Ин дар муқоиса бо Ҷоми ҷаҳонии солҳои 1998-2022 шонздаҳ даста зиёд аст.
Бозиҳо дар 16 шаҳр баргузор мешаванд. Дар ИМА бозиҳо дар Атланта, Бостон, Даллас, Хюстон, Канзас-Сити, Лос-Анҷелес, Майами, Ню-Йорк, Филаделфия, Сан-Франсиско ва Сиэтл доир мегарданд. Мексикаро Гвадалахара, Мехико ва Монтеррей, Канадаро Торонто ва Ванкувер намояндагӣ мекунанд.
Таркиби гурӯҳҳо чунин аст:
Гурӯҳи A: Мексика, Африқои Ҷанубӣ, Кореяи Ҷанубӣ, Чехия
Гурӯҳи B: Канада, Қатар, Швейтсария, Босния ва Ҳерсеговина
Гурӯҳи C: Бразилия, Марокаш, Гаити, Шотландия
Гурӯҳи D: ИМА, Парагвай, Австралия, Туркия
Гурӯҳи E: Олмон, Кюрасао, Кот-д’Ивуар, Эквадор
Гурӯҳи F: Нидерланд, Ҷопон, Тунис, Шведсия
Гурӯҳи G: Белгия, Миср, Эрон, Зеландияи Нав
Гурӯҳи H: Испания, Кабо-Верде, Арабистони Саудӣ, Уругвай
Гурӯҳи I: Фаронса, Ироқ, Сенегал, Норвегия
Гурӯҳи J: Аргентина, Алҷазоир, Австрия, Урдун
Гурӯҳи K: ҶД Конго , Португалия, Узбекистон, Колумбия
Гурӯҳи L: Англия, Хорватия, Гана, Панама
Дар марҳилаи гурӯҳӣ 48 дастаи мунтахаб, ки ба 12 гурӯҳи чаҳордастаӣ тақсим шудааст, барои роҳ ёфтан ба плей-офф мубориза мебарад.
Дастаҳое, ки дар гурӯҳҳо ҷойҳои якуму дуюмро мегиранд, инчунин ҳашт тими натиҷаҳояшон хубтари ҷойҳои сеюм, дар маҷмуъ 32 даста, ба даври 1/16-ниҳоӣ роҳ меёбанд. Бозии ниҳоӣ рӯзи 19-уми июл доир мегардад.
Ёдовар мешавем, дастаи мунтахаби Аргентина, ки дар бозии ниҳоии Ҷоми ҷаҳонии футбол-2022 дар Қатар тими миллии Фаронсаро аз рӯи силсилаи пеналтӣ бо ҳисоби 4:2 (замони асосӣ 2:2, замони изофа – 3:3) шикаст дод, бори сеюм ба унвони қаҳрамони ҷаҳон даст ёфт.
Ба дастаи ғолиб Ҷоми қаҳрамонӣ, медалҳои тило ва ҷоизаи молӣ ба маблағи 42 миллион доллари ИМА тақдим гардид. Ба дастаи Фаронса, ки ҷойи дуюмро гирифт, медалҳои нуқра ва 30 миллион доллар сурпурда шуд.
Ба дастаи мунтахаби Хорватия, ки дар бозӣ барои ҷойи сеюм тими миллии Марокашро бо ҳисоби 2:1 шикаст дод, медалҳои биринҷӣ ва 27 миллион доллар тақдим гардид.
Ҳамаи ҳашт дастае, ки ба унвони қаҳрамони ҷаҳон мушарраф шудааст:
Бразилия (5 бор): 1958, 1962, 1970, 1994, 2002;
Италия (4 бор): 1934, 1938, 1982, 2006;
Олмон (4 бор): 1954, 1974, 1990, 2014;
Аргентина (3 бор): 1978, 1986, 2022;
Уругвай (2 бор): 1930, 1950;
Фаронса (2 бор): 1998, 2018;
Англия (1 бор): 1966;
Испания (1 бор): 2010.
Гуфтугӯ