Бояд гуфт, барои аввалин бор дар таърихи Ҷоми ҷаҳонӣ маросими ифтитоҳи мусобиқа се маротиба сурат мегирад. Маросимҳои дувуму севум 12-уми июн дар Торонтои Канада ва Лос-Анҷелеси ИМА баргузор мешаванд.
"Ин маросимҳо мусиқӣ, фарҳанг ва футболро тавре ба ҳам мепайванданд, ки ҳам шахсияти ҳар як миллат ва ҳам ваҳдате, ки ин мусобиқаро муайян мекунад, таҷассум меёбад. Ин як роҳи тавоно барои оғози ҷашни воқеан ҷаҳонӣ аст", - гуфт президенти FIFA Ҷанни Инфантино пеш аз ин мусобиқа.
Дар ин маросим ҳунармандони мексикоӣ, аз ҷумла рэпсарои Колумбия Ҷей Балвин, ҳамватани ӯ Шакира ва рэпсаро Бурна Бой таронаи "Дай Дай"-ро иҷро карданд.
Пас аз маросим, нахустин бозии Ҷоми ҷаҳонӣ байни тимҳои миллии Мексика ва Ҷумҳурии Африқои Ҷанубӣ дар варзишгоҳи “Атстека” (Estadio Azteca)-и Мехико баргузор шуд.
Бозии ифтитоҳӣ бо ҳисоби 2:0 ба фоидаи тими Мексика анҷом ёфт. Хулиан Кинёнес дар дақиқаи 9-ум ҳисобро кушод. Дарвоқеъ, ин аввалин гол дар Ҷоми ҷаҳонии 2026 ба ҳисоб меравад. Голи дувумро Раул Хименес дар дақиқаи 67-ум ба самар расонид.
Дар ин бозӣ се бозигар корти сурх гирифта, майдонро тарк карданд: Сфифело Ситхоул (50) ва Темба Зване аз тими ҶАҶ, Сесар Монтес (90+2) аз мунтахаби Мексика.
Дар бозии дигари гурӯҳи "А" рӯзи 12-уми июн дар шаҳри Гвадилахараи Мексика мунтахаби Кореяи Ҷанубӣ тими Ҷумҳурии Чехро бо ҳисоби 2:1 шикаст дод. Ҳарсе гол дар нимаи дувуми дидор зада шуд. Лидислав Крейчий, бозигари Чехия, дар дақиқаи 59-ум ҳисобро боз кард. Голҳои кореягиҳоро Хван Ин Бом дар дақиқаи 67-ум ва О Хён Гю дар дақиқаи 80-ум заданд.
Ҳамин тариқ, дар ҷадвали гурӯҳи А тимҳои миллии Мексика ва Кореяи Ҷанубӣ бо сеимтиёзӣ мутаносибан дар ҷойҳои якуму дувум қарор доранд.
Дар мусобиқаи ниҳоӣ 48 даста ширкат меварзад. Ин дар муқоиса бо Ҷоми ҷаҳонии соли 2026 гаронарзиштарин дар таърихи футболи ҷаҳонист. Бозиҳо дар 16 шаҳр (аксарияти варзишгоҳҳо дар Иёлоти Муттаҳида ҷойгиранд) ва дар маҷмӯъ 104 бозӣ ба нақша гирифта шудааст.
Чаҳор кишвар - Кабо-Верде (Африқои Ғарбӣ), Курасао (Амрикои Ҷанубӣ), Узбекистон (Осиёи Марказӣ) ва Урдун (Осиёи Ғарбӣ) - дар Ҷоми ҷаҳонӣ аввалин маротиба иштирок мекунанд.
Дастаи мунтахаби Узбекистон таҳти сарварии барандаи "Тӯби тилоӣ", футболбози машҳури Италия Фабио Каннаваро дар гурӯҳи “К” рӯзи 17-уми июн бо Колумбия, 23-юми июн бо Португалия ва 27-уми июн бо Ҷумҳурии Демократии Конго рӯбарӯ мешавад.
Дар марҳалаи гурӯҳии мусобиқаи Ҷоми ҷаҳонии соли 2026-ум 48 дастаи мунтахаб, ки ба 12 гурӯҳи чаҳордастаӣ тақсим шудааст, барои роҳ ёфтан ба плей-офф мубориза мебарад.
Таркиби гурӯҳҳои Ҷоми ҷаҳон-2026 чунин аст:
Гурӯҳи A: Мексика, Африқои Ҷанубӣ, Кореяи Ҷанубӣ, Чехия
Гурӯҳи B: Канада, Қатар, Швейтсария, Босния ва Ҳерсеговина
Гурӯҳи C: Бразил, Марокаш, Гаити, Шотландия
Гурӯҳи D: ИМА, Парагвай, Австралия, Туркия
Гурӯҳи E: Олмон, Курасао, Кот-д’Ивуар, Эквадор
Гурӯҳи F: Нидерланд, Ҷопон, Тунис, Шведсия
Гурӯҳи G: Белгия, Миср, Эрон, Зеландияи Нав
Гурӯҳи H: Испания, Кабо-Верде, Арабистони Саудӣ, Уругвай
Гурӯҳи I: Фаронса, Ироқ, Сенегал, Норвегия
Гурӯҳи J: Аргентина, Алҷазоир, Австрия, Урдун
Гурӯҳи K: ҶД Конго , Португалия, Узбекистон, Колумбия
Гурӯҳи L: Англия, Хорватия, Гана, Панама
Дастаҳое, ки дар гурӯҳҳо ҷойҳои якуму дувумро мегиранд, инчунин ҳашт тими натиҷаҳояшон хубтари ҷойҳои севум, дар маҷмуъ 32 даста, ба даври 1/16-ниҳоӣ роҳ меёбанд.
Бозии ниҳоӣ рӯзи 19-уми июл дар варзишгоҳи «Метлайф Стэдиум» (MetLife Stadium), дар шаҳри Ист-Ратерфорд (иёлати Ню-Ҷерси, ИМА) доир мегардад.
Тақвими Ҷоми ҷаҳонии футбол-2026
дар ИМА, Мексика, Канада (бо вақти Душанбе)
Марҳалаи гурӯҳӣ
11 июн
Мексика – ҶАҶ – 2:0
Кореяи Ҷанубӣ – Чехия – 2:1
13 июн
00:00. Канада - Босния ва Ҳерсоговина
06:00. ИМА – Парагвай
14 июн
00:00. Қатар – Швейтсария
03:00. Бразил – Марокаш
06:00. Ҳаити – Шотландия
09:00. Австралия – Туркия
22:00. Олмон – Курасао
15 июн
01:00. Нидерланд – Ҷопон
04:00. Кот-д’Ивуар – Эквадор
07:00. Шведсия – Тунис
21:00. Испания - Кабо-Верде
16 июн
00:00. Белгия – Миср
03:00. Арабистони Саудӣ – Уругвай
06:00. Эрон - Зеландияи Нав
17 июн
00:00. Фаронса – Сенегал
03:00. Ироқ – Норвегия
06:00. Аргентина – Алҷазоир
09:00. Австрия – Урдун
22:00. Португол - ҶД Конго
18 июн
01:00. Англия – Хорватия
04:00. Гана – Панама
07:00. Узбекистон – Колумбия
21:00. Чехия – ҶАҶ
19 июн
00:00. Швейтсария - Босния ва Ҳерсеговина
03:00. Канада – Қатар
06:00. Мексика - Кореяи Ҷанубӣ
20 июн
00:00. ИМА – Австралия
03:00. Шотландия – Марокаш
05:30. Бразил – Ҳаити
08:00. Туркия – Парагвай
22:00. Нидерланд – Шведсия
21 июн
01:00. Олмон - Кот-д’Ивуар
05:00. Эквадор – Курасао
09:00. Тунис – Ҷопон
21:00. Испания - Арабистони Саудӣ
22 июн
00:00. Белгия – Эрон
03:00. Уругвай - Кабо-Верде
06:00. Зеландияи Нав – Миср
22:00. Аргентина – Австрия
23 июн
02:00. Фаронса – Ироқ
05:00. Норвегия – Сенегал
08:00. Урдун – Алҷазоир
22:00. Португол – Узбекистон
24 июн
01:00. Англия - Гана
04:00. Панама – Хорватия
07:00. Колумбия - ҶД Конго
25 июн
00:00. Швейтсария – Канада
00:00. Босния ва Ҳерсеговина – Қатар
03:00. Марокаш – Ҳаити
03:00. Шотландия – Бразил
06:00. ҶАҶ - Кореяи Ҷанубӣ
06:00. Чехия – Мексика
26 июн
01:00. Курасао - Кот-д’Ивуар
01:00. Эквадор – Олмон
04:00. Тунис – Нидерланд
04:00. Ҷопон – Шведсия
07:00. Туркия – ИМА
07:00. Парагвай – Австралия
27 июн
00:00. Норвегия – Фаронса
00:00. Сенегал – Ироқ
05:00. Кабо-Верде - Арабистони Саудӣ
05:00. Уругвай – Испания
08:00. Зеландияи Нав – Белгия
08:00. Миср – Эрон
28 июн
02:00. Панама – Англия
02:00. Хорватия – Гана
04:30. Колумбия – Португол
04:30. ҶД Конго – Узбекистон
07:00. Алҷазоир – Австрия
07:00. Урдун – Аргентина
Ёдовар мешавем, дастаи мунтахаби Аргентина, ки дар бозии ниҳоии Ҷоми ҷаҳонии футбол-2022 дар Қатар тими миллии Фаронсаро аз рӯи силсилаи пеналтӣ бо ҳисоби 4:2 (замони асосӣ 2:2, замони изофа – 3:3) шикаст дод, бори сеюм ба унвони қаҳрамони ҷаҳон даст ёфт.
Ба дастаи ғолиб Ҷоми қаҳрамонӣ, медалҳои тило ва ҷоизаи молӣ ба маблағи 42 миллион доллари ИМА тақдим гардид. Ба дастаи Фаронса, ки ҷойи дувумро гирифт, медалҳои нуқра ва 30 миллион доллар сурпурда шуд.
Дастаи мунтахаби Хорватия, ки дар бозӣ барои ҷойи севум тими миллии Марокашро бо ҳисоби 2:1 шикаст дод, соҳиби медалҳои биринҷӣ ва 27 миллион доллар гардид.
Дар 22 мусобиқаи пешини Ҷоми ҷаҳонии футбол ҳамагӣ ҳашт тими миллӣ аз ду қора – Амрико (3 даста) ва Аврупо (5 даста) - ба унвони қаҳрамонӣ даст ёфтаанд:
Бразилия (5 бор): 1958, 1962, 1970, 1994, 2002;
Италия (4 бор): 1934, 1938, 1982, 2006;
Олмон (4 бор): 1954, 1974, 1990, 2014;
Аргентина (3 бор): 1978, 1986, 2022;
Уругвай (2 бор): 1930, 1950;
Фаронса (2 бор): 1998, 2018;
Англия (1 бор): 1966;
Испания (1 бор): 2010.
Гуфтугӯ