Рӯзи 18 май нерӯҳои исроилӣ ба ворид шудан ба қаиқҳое, ки аз роҳи Қибрис дар ҳоли наздик шудан ба обҳои соҳилии Ғазза буданд, беш аз 430 фаъол аз гӯша ва канори ҷаҳонро боздошт карданд.
Ин нахустин боре набуд, ки Исроил фаъолони савор бар қаиқҳои кӯмакрасон ба Ғаззаро боздошт мекунад.
ЭЪТИРОЗҲО БА РАФТОРИ ВАЗИРИ ИСРОИЛӢ
Аммо ин бор нашри навори видеоие, ки Итамар Бен-Гвир, вазири тундрави амнияти дохилии ин кишвар аз саҳнаи боздошти фаъолон нашр кард, боиси эътирозҳои густурдаи ҷаҳонӣ ва ҳатто дар миёни бархе сиёсатмадорони исроилӣ шуд.
Дар ин видео, Итамар Бен-Гвир бо як парчами калони Исроил дар даст, хитоб ба фаъолони боздоштшуда бо лаҳни таънаомез мегӯяд, "Ба Исроил хуш омадед". Ин дар ҳоле аст, ки дастони афроди боздоштшуда аз пушт баста шуда ва пешониҳояшон рӯи замин аст.
Рӯзи 20 май чандин кишвар, аз ҷумла, Бритониё, Фаронса, Италия, Канада, Австралия ва ҳатто Амрико бархӯрд бо фаъолони боздоштшуда ва ба хусус рафтори Итамар Бен-Гвирро ғайри қобили қабул хонданд.
Бенямин Нетаняҳу, нахуствазири Исроил, ки худ мухолифи вориди шудани ин фаъолон ва киштиҳояшон ба обҳои кишвараш мебошад, гуфт, рафторе, ки дар ин видео дида мешавад, "ҳамнаво бо арзишҳои Исроил" нест.
ОЗОРИ ФАЪОЛОНИ КОРВОНИ БАҲРӢ
Як гурӯҳи ҳуқуқи башарӣ, ки аз ҳуқуқи шаҳрвандони араби Исроил пуштибонӣ мекунад, гуфт, фаъолони боздоштшуда ба шакли физикӣ озор дода шудаанд ва "ҷароҳатҳои ҷиддӣ ва густурда" бардоштаанд.
Ин гурӯҳ ки "Адолат" ном дорад, мегӯяд, дастикам 3 тан аз фаъолон ба бемористон интиқол дода шуданд ва чанд соат баъд ҷавоб дода шуданд.
Ба гуфтаи ин гурӯҳи ҳомии ҳуқуқи башар, нерӯҳои исроилӣ ба шакли густурда аз тирҳои резинӣ ва дастгоҳҳои беҳушкунандаи электронӣ алайҳи фаъолон истифода карда буданд.
Алессандро Мантованӣ, рӯзноманигори итолиёвӣ, ки дар байни боздоштшудаҳо буд ва каме зудтар аз дигарон аз Исроил ихроҷ шуд, тасдиқ кардааст, ки пас аз боздошт бо дастбанд ва занҷир ба по, ба фурудгоҳи Бен Гурион интиқол дода шуд ва бо ҳавопаймо ба Афина ихроҷ шуда будааст.
ДУВУНИМ СОЛ МУҲОСИРАИ ҒАЗЗА
Вазорати корҳои хориҷии Туркия эълон карда буд, ки се ҳавопаймои чартериро барои бозгардонидани беш аз 400 фаъоли боздоштшуда, аз ҷумла, шаҳрвандони Туркия ба фурудгоҳи "Ромун"-и Исроил фиристодааст.
Дар идомаи вокунишҳои байналмилалӣ, вазири корҳои хориҷии Италия аз Иттиҳоди Аврупо хост, Итамар Бен-Гвирро бинобар "рафтори ғайри қобили қабул бо сарнишинони корвони баҳрӣ", таҳрим кунад.
Бритониё ҳам аз даъвати дипломати баландпояи Исроил дар Лондон ба Вазорати корҳои хориҷӣ дар эътироз ба ончи, ки дар видео "ба шиддат таҳрикомез" дида мешавад, хабар дод.
Аз замони оғози ҷанги Ғазза дар дувуним соли пеш, ин минтақа таҳти муҳосираи комил буда ва бо камбуди ҷиддии ғизо, дору ва дигар маводи мавриди ниёзи аввал рӯбарӯ аст.
Моҳи гузашта ҳам нерӯҳои исроилӣ дар обҳои байналмилалии наздики Юнон, як корвони кӯмакии дигарро манъ карданд ва сарнишинонашро боздошт ва ихроҷ намуданд.