Дар хаймаҳои паноҳҷӯёни фаластинӣ дар Навори Ғаза мушу ҳашарот зиёд шуда, ҳангоми хоб ангуштони даст ва пойҳои кӯдаконро мегазанд, чизу чораи боқимондаи арзишмандро мехӯранд ва беморӣ паҳн мекунанд.
Хаймаҳои беҷошудагон аз Навори Ғазза дар байни вайронаҳои урдӯгоҳи Хон Юнис, пур аз мушу ҳашарот шудаааст. Афзоиши мушу ҳашарот дар ҳолест, ки теъдоди зиёде аз 2 миллион сокини Ғазза, ки дар ҷанг бехонумон шуданд, дар хаймаву канори роҳу боми хонаҳои нимавайрона, ё дар миёни харобаҳо зиндагӣ мекунанд.
Бинобар маҳдудиятҳои гузоштани Исроил доруҳои зидди ҳашарот ва дом барои мушҳо камёфт шудааст.
Ҳолия Абу Селмӣ ҳоло дар ин хайма зиндагӣ дорад. Мегӯяд, пештар низ ҳашарот буд, вале мақомот барои мубориза бо куштани онҳо сокинонро бо доруҳои ҳашароткуш таъмин мекарданд. “Аммо ҳоло онҳо дар бари мо зиндагӣ мекунан ва воқеан душвор аст. Дигар тоқат карда наметавонем».
Гузоришро инҷо тамошо кунед:
Исроил маҳдудиятҳо дар Ғазаро ба нигарониҳои амниятӣ рабт медиҳад. Маъмулан воридоти молҳоеро ба Ғаза маҳдуд мекунад, ки ба гуфтаи Исроил метавонанд, барои ҳадафҳои низомӣ ҳам истифода шаванд.
Асад Содиқ, раҳбари шӯъбаи бемориҳои пӯсти беморхонаи Носир аст. Ӯ ба хабаргузории Ройтерс гуфт, ки ҷамъ шудани партов, ҳашароти зиёноварро зиёд кардааст, ки одамонро мегазанд ва бемориҳои сироятӣ бармеангезанд.
Ба қавли пизишк, бинобар маҳдудиятҳое, ки Исроил дар овардани кӯмакҳои башарӣ ҷорӣ кардааст, дар Навори Ғаза дору барои табобати бемориҳои пӯст камёб шудааст.
Аз замони оташбас байни Исроил ва Ҳамос дар моҳи октябри соли гузашта, азоби фаластиниён дар Навори Ғазза рафъ нашуд. Системаи обрасонӣ ва беҳдоштии инҷоро Исроил вайрон кард, овардани кумакҳои башариро ҳам маҳдуд сохт.
Саёб Лакан сухангӯи ҳукумати Хон Юнис аст. Ба гуфтаи ӯ, бинобар осеб дидани зербунёдҳо, шаҳр ба партовгоҳи асосии худ дастрасӣ надорад ва дар натиҷа партовҳо дар миёни иқоматгоҳи паноҳҷӯён ҷамъ мешаванд.
Ба тахмини ӯ дар атрофи хаймаҳо дар Хон Юнис беш аз 450 000 тонна партов ҷамъ шудааст.
Намояндаи минтақавии Созмони Ҷаҳонии Тандурустӣ хабар дод, ки аз аввали имсол дар Навори Ғаза 17 000 мавриди сирояти бемориҳое сабт шудааст, ки барангезандаи онҳо ҳашарот ва дигар ҷондорони хурд будаанд.
Гуфтугӯ