Ҷустуҷӯи ду марзбони тоҷик дар рӯдхонаи Панҷ, ки Тоҷикистонро аз Афғонистон ҷудо мекунад, идома дорад.
Афсари 23-сола Ёраҳмад Қурбоналиев ва марзбони қаторӣ Билол Каримови 19-сола рӯзи 24-уми июл дар наздикии дидбонгоҳе дар ноҳияи Фархори вилояти Хатлон ба рӯдхонаи сероб афтодаанд.
Наҷотбахшони тоҷик, ки ҳамроҳ бо мардуми деҳоти сарҳадӣ ду марзбонро дар соҳилҳои Панҷ ҷустуҷӯ доранд, то кунун нишоне аз онҳо наёфтаанд.
Як манбаъ дар мақомоти интизомии вилояти Хатлон рӯзи 27-уми июл ба Радиои Озодӣ гуфт, фоҷиа ҳангоми иҷрои маъмурияти марзбонон сурат гирифтааст, ки "хостаанд, заршӯёни афғонистониро аз як ҷазираи хурди мутаалиқ ба Тоҷикистон берун кунанд".
Дарёи Панҷ
Мусоҳиби мо бо шарти фош нашудани номаш гуфт: "Ёраҳмад Қурбоналиев нав ба кор шуруъ карда буд. Хабар расидааст, ки заршӯёни афғонистонӣ дар ҷазирача ба заршӯӣ машғуланд. Ёраҳмад ва се сарбоз ба ин минтақа рафтаанд. Ӯ аз сарбозон пурсидааст, оё шино карда метавонанд ё не. Ду сарбоз гуфтаанд, ки наметавонанд. Афсар ва Билол Каримов худро ба рӯдхона андохта, ба самти ҷазира шино кардаанд."
Ҳодисаро ду марзбоне, ки дар соҳил мондаанд, ба фармондеҳони худ тасвир кардаанд. Онҳо ҳамчунин гуфтаанд, "Билол Каримов пеш аз ғарқ шудан як тир ба осмон холӣ кардааст ва заршӯён аз ҷазира гурехтаанд."
Шарҳи расмии мақомот дар ин бора дастрас нест.
Заршӯйӣ дар он сӯйи дарёи Панҷ баъди ба қудрат расидани гурӯҳи “Толибон” дар Афғонистон (2021) авҷ гирифт. Тоҷикистон танҳо соли 2023 ба як ширкат ҳақ дод, ки бо ҳадафи пайдо кардани тило дар соҳили рӯд корҳои иктишофӣ анҷом диҳад. Дар ин муддат ду тараф ҳамдигарро ба дигар кардани маҷрои дарёи Панҷ ва ворид шудан ба хоки якдигар айбдор карда, танҳо дар соли 2025 се задухӯрди марзбонони тоҷику “Толибон” сабт шудааст.
ИНЧУНИН, БИХОНЕД:
Аз тирандозӣ то баҳси обу мухолифон. Бигӯмагӯи марзбонони тоҷик ва ТолибонАфсари марзбон Ёраҳмад Қурбоналиев аз деҳаи Дӯстии ноҳияи Ховалинг ва Билол Каримов аз деҳаи Файзободи ноҳияи Фархор будаанд. Яке аз хешовандони Билол Каримов гуфт, ӯ шиновариро хуб медонист ва ғарқ шуданаш онҳоро ҳайратзада кардааст.
Як манбаъ дар ҳукумати ноҳияи Фархор гуфт, имрӯзҳо сатҳи оби дарёи Панҷ бисёр баланд аст ва зоҳиран маҷрои тез ва оби зиёд марзбононро бурдааст. Ба гуфтаи ин ҳамсуҳбати мо, бо вуҷуди боло будани сатҳи об ҷустҷӯ идома дорад ва онҳо умедро аз даст надодаанд.
Тоҷикистон бо Афғонистон марзи дарозе дорад ва рӯдхонаи Панҷ қисме аз онро аз ҳам ҷудо мекунад. Дар гузашта ҳам ғарқ шудани марзбонони тоҷик дар ин рӯдхона дида шудааст.