Иддао дар бораи бадрафторӣ бо ноболиғони тоҷик

Браузери шумо HTML5-ро намешиносад

Як маъмури собиқи муассисаи ислоҳии ноболиғони душвортарбия дар Душанбе иддао дорад, ки баъзе аз кормандони ин муассиса ба ҷойи тарбияи муносиб бо наврасон бадрафторӣ мекунанд. Ба қавли ӯ ин бадрафториҳо мумкин аст, ки наврасро то ба худкушӣ расонад.