Ҳомиёни ҳуқуқ: "Эрон нахустин эътирозгарро қатл мекунад"

Маъмурони пулиси Эрон ҳангоми назорати раҳпаймоии ҳукуматӣ дар Теҳрон дар рӯзи 12-уми январ.

Созмонҳои ҳомии ҳуқуқи инсон мегӯянд, Эрон тасмим дорад, аввалин эътирозгари зиддиҳукуматиро, ки дар мавҷи ахири нооромиҳо боздошт шуд, қатл кунад. Ин ҳам дар ҳолест, ки раҳбарони кишварҳои ҷаҳон аз саркӯбҳои хунин дар ин кишвар изҳори нигаронии амиқ мекунанд.

Ин гурӯҳҳо, аз ҷумла созмони "Ҳуқуқи башари Эрон", қароргоҳаш дар Норвегия, бо такя ба манобеи худ хабар додааст, ки ҳукми қатли Ирфон Султонии 26-сола рӯзи 14-уми январ ва шаш рӯз пас аз боздошт, иҷро хоҳад шуд. Ӯро ба "муҳориба" ва ё ба таъбири дигар "ҷанг бар зидди Худо" муттаҳам кардаанд.

Ба таъбири рӯҳониёни Эрон, онҳое, ки ба зидди низоми исломӣ эътироз мекунанд ва ё меҷанганд, гӯиё ба зидди Худо меҷанганд. Султонӣ дар эътирозҳое ширкат дошт, ки аз охири моҳи гузашта Эронро фаро гирифтаанд. Эътирозҳо яке аз бузургтарин чолишҳо барои рӯҳониёни Эрон пас аз Инқилоби исломии соли 1979 ба шумор мераванд.

Мақомоти Эрон то ҳол дар мавриди гузоришҳо дар бораи Ирфон Султонӣ изҳори назар накардаанд. Хабаргузории "Тасним", ки ба Сипоҳи Посдорони Инқилоби Исломӣ наздик аст, рӯзи 13-уми январ хабар дод, ки вазорати адлия аввалин иттиҳомот ба зидди чанд эътирозгарро эълон кардааст.

"Куштори эътирозгарони осоишта бояд қатъ шавад"

Ба гуфтаи ин хабаргузорӣ, баррасии парвандаҳои ҷиддӣ, аз ҷумла афроде, ки ба "муҳориба" муттаҳам мешаванд, дар авлавият хоҳад буд. Дар асоси қавонини исломии Эрон, ин «гуноҳ» ҳукми қатлро дар пай дорад.

Волкер Турк, масъули олии ҳуқуқи башари Созмони Милал, рӯзи 13-уми январ дар як баёнияи расмӣ гуфт: "Қатли эътирозгарони осоиштаро бояд бас кунанд ва 'террорист' хондани онҳо барои воҷиб сохтани хушунат қобили қабул нест". Ӯ қарори мақомоти Эронро барои истифода аз «нерӯи бераҳмона ҷиҳати саркӯби хостаҳои қонунии мардум» маҳкум кард.

Эътирозҳо аввал ба сабаби боло рафтани таваррум ва беқурбшавии пули миллӣ оғоз шуд, аммо баъдан ба як ҷунбиши густурдаи зиддиҳукуматӣ табдил ёфт.

Созмонҳои ҳомии ҳуқуқ мегӯянд, мақомот эътирозҳоро бо бераҳмии хос саркӯб мекунанд ва то кунун беш аз 600 нафар кушта шудаанд. Хабаргузории "Ройтерз" бо истинод ба як мақоми беном шумораи қурбониёнро ҳудуди 2000 нафар навиштааст.

Баъзеҳо бар ин боваранд, ки азбаски мақомот барои маҳдуд кардани мубодилаи иттилоот миёни эътирозгарон ва ҷомеаи ҷаҳонӣ дастрасӣ ба Интернетро қатъ кардаанд, шумораи воқеии қурбониён метавонад ба чанд ҳазор нафар бирасад.

Як мард, ки дар шаҳри Ереван дар назди сафорати Эрон дар Арманистон эътироз мекард, ба Радиои Озодӣ гуфт: "Ҳамакнун панҷ рӯз мешавад, ки ҳамаи иртиботот қатъ шудааст ва ҳеҷ роҳе барои тамос бо Эрон нест. Онҳо метавонанд, ба осонӣ мардумро бикушанд, бидуни он ки ҷаҳон аз он хабардор шавад."

Талаби бештар аз ислоҳот

Як тазоҳургари дигар дар Ереван гуфт, ки оҳанги эътирозҳо тағйир ёфтааст. Ӯ гуфт: "Дар эътирозҳои гузашта ислоҳот дар Эронро талаб мекарданд. Ин дафъа мардум дигар ислоҳот намехоҳанд. Онҳо тағйири низомро талаб доранд. Он чизе, ки имрӯз мебинед, ин аст, ки мардум дар эътирозҳо дар бораи ислоҳот ҳарф намезананд. Онҳо номи оятуллоҳҳо ва муллоҳоеро мегиранд, ки мехоҳанд аз кишвар берун шаванд.»

Амрико ва дигар кишварҳои ғарбӣ саркӯби эътирозгаронро маҳкум карданд. Онҳо қаблан зидди Эрон ба далели ба гуфтаи онҳо, талош барои дастёбӣ ба силоҳи ҳастаӣ таҳримҳо ҷорӣ кардаанд. Эрон ин иддаоро рад мекунад.

Доналд Трамп, раиси ҷумҳури Амрико, ки борҳо ба мақомоти Эрон дар мавриди оқибатҳои "бисёр сахт" ҳушдор дода буд, шоми 12-уми январ дар шабакаҳои иҷтимоӣ навишт, ки аз ҳар кишваре бо Эрон тиҷорат кунад, дар сурати додугирифт бо Иёлоти Муттаҳида боҷи 25-дарсадӣ меситонанд. Ӯ ҷузъиёти дигаре надодааст.

Созмони "Ҳуқуқи Башари Эрон" бо такя ба як пизишк аз дохили Эрон гуфт, мақомот аз шеваҳои сахти саркӯб, аз ҷумла силоҳҳое истифода мекунанд, ки ҷароҳатҳои вазнин мерасонанд. Ӯ аз мушоҳидаҳои худ дар рӯзи 8-уми январ гуфтааст: "Шаклу ҳаҷми тирҳои истифодашуда ба зидди эътирозгарон тағйир ёфтааст. Акнун ба ҷойи туфангҳои сочмаӣ аз тирҳои воқеӣ ва аз масофаи наздик истифода мекунанд. Ин тағйирот дар навъи силоҳ аз хусусияти ҷароҳатҳо ба хубӣ аён буд."

Дар мавҷи охирини эътирозҳои густурдаи соли 2022, ки пас аз марги Маҳсо Аминӣ дар боздоштгоҳи пулис бо шиори "Зан, Зиндагӣ, Озодӣ" сар зада буд, ҳадди ақал 12 нафар пас аз он нооромиҳо ба қатл расонида шуданд. Маҳсо Аминиро барои «бадҳиҷобӣ» ё нодуруст бастани ҳиҷоб дастгир карданд ва сипас ҷасадашро ба хешовандонашон супурданд.