Ҳалокати Алишер Мирзонабот, раиси ВМКБ дар садамае дар Дарвоз

Алишер Мирзонабот аз соли 2021 раиси Вилояти Мухтори Кӯҳистони Бадахшон буд

Алишер Мирзонабот, раиси Вилояти Мухтори Кӯҳистони Бадахшон, дар садама ё тасодуфи нақлиётӣ дар ҳудуди ноҳияи Дарвоз ҷон бохтааст. Дар ин бора вебсайти раисҷумҳури Тоҷикистон рӯзи 17-уми июн хабар дод. Эмомалӣ Раҳмон дар паёме марги Алишер Мирзонаботро фоҷиавӣ хонда, ба пайвандони ӯ ибрози ҳамдардӣ кардааст.

Мошине, ки Алишери Мирзонабот, ҳамсару як фарзандаш ва ёвари ӯро аз Душанбе ба Хоруғ мебурд, рӯзи 17-уми июн дар ноҳияи Дарвоз ба дарёи Панҷ афтодааст. Маълум нест, оё ҷасади онҳо ёфт шудааст ё не. Сомонаи президент дар ин бора ҳеч ишора накардааст.

ИНЧУНИН, БИХОНЕД:

Манбаъ: Мошини Алишер Мирзонабот, раиси ВМКБ ба дарёи Панҷ афтодааст

Вазорати корҳои дохилӣ сабаби садамаро “суръати баланд” ва “аз уҳдаи идораи воситаи нақлиёт набаромадани” ронанда Сино Муборакшоев номид. “Бинобар суръати баланд воситаи нақлиёт ду сутунпоя ва симхорро зер карда, ба дарёи Панҷ сарозер мешавад,” -- омадааст дар хабари ВКД.

Манбаъ мегӯяд, аз ҷойи ҳодиса рақами давлатии “287 TJ” ва қисмҳои алоҳидаи мошин ёфт шуд. Дар чанд навори корбарон, ки ба дасти Радиои Озодӣ расид, ин рақам дида мешавад.

Вазири корҳои дохилӣ, раиси Кумитаи давлатии амнияти миллӣ ва раиси Кумитаи ҳолатҳои фавқулода ба ҷойи ҳодиса рафтаанд.

ИНЧУНИН, БИХОНЕД:

ВКД: "Раиси ВМКБ ва ҳамсару як фарзандаш ба дарё афтодаанд"

Алишер Мирзонабот, раиси ВМКБ ва ҳамзамон муовини раиси Маҷлиси Миллӣ, рӯзи 16-уми июн дар ҷаласаи палатаи болоии порлумон дар Душанбе ширкат дошт.

Ӯ 46 сол дошт ва аз соли 2021 раиси Вилояти Мухтори Кӯҳистони Бадахшон буд. Пеш аз он дар мақоми раиси шаҳри Хоруғ ва то соли 2018 ба ҳайси муовини раиси Кумитаи давлатии амнияти миллии Тоҷикистон кор кардааст.

Раисҷумҳури Тоҷикистон дар паёми ҳамдардияш Алишер Мирзонаботро аз ҷумлаи кадрҳое хондааст, ки “вазифаҳои хидматии худро ҳамеша содиқона ва бо масъулияти баланд иҷро мекард”. Аммо баъзе аз сокинон дар вилояти Бадахшон ӯро дар саркӯби даҳҳо фаъол ё норозӣ муттаҳам медонанд.

Дар давраи роҳбарии Алишер Мирзонабот соли 2022 Вилояти Мухтори Кӯҳистони Бадахшон шоҳиди саркӯби эътирози сокинон шуд.

Ба гуфтаи созмонҳои ҳомии ҳуқуқ, ҳангоми саркӯби норозиён дар Хоруғу Рӯшон дар моҳи майи соли 2022 ҳудуди чиҳил нафар кушта шуданд. Мақомоти Тоҷикистон қаблан ҳодисаҳои Бадахшонро "амалиёти зиддитеррористӣ" номиданд, вале Human Rights Watch гуфт, "ходимони пулис ва кормандони дигари қудратӣ даст ба кушторҳои худсарона ва поймолкунини ҳуқуқи одамон зада, ҳеч яке аз онҳо ба ҷавобгарӣ кашида нашуданд".