"Гурдаамро фурӯхтам." Бозори "сиёҳ"-и аъзои бадан дар кишвари ҳамсояи Тоҷикистон

"Аз ночорӣ як гурдаамро фурӯхтам. Зери бори қарз монда будам. Дигар илоҷ надоштам. Ҳоло гурдаи дигарам мушкил пайдо кардааст."

Зоҳира мегӯяд, гурдаашро ба 100 ҳазор афғонӣ (1550 доллар) фурӯхт

Ин нақли Зоҳира, зани 35-сола аз Афғонистон аст, ки соли гузашта барои баргардондани қарзҳои рӯ ба афзоиш ва хӯрондану пӯшондани фарзандонаш яке аз гурдаҳои худро дар бозори “сиёҳ” фурӯхтааст. Аммо Зоҳира мегӯяд, ин тасмими сахт ӯ ва оилаашро аз фақри сангин наҷот надод, баръакс, боиси бад шудани саломатияш гашт.

Ин ягона маврид дар Афғонистон нест. Дар саросари ин кишвари ҷангзада, ки ҳудуди 40 миллион аҳолӣ дорад, мардуми муҳтоҷу бенаво барои раҳоӣ аз гуруснагӣ узвҳои бадани худ, бавижа яке аз гурдаҳояшонро мефурӯшанд.

Ба дунё чӣ шудааст, ки марде омода аст гурдаи писари худашро бифурӯшад, аммо харидор пайдо карда наметавонад? Ҳамаи мо гуруснаем. Оё интихоби дигаре дорам? На ёрӣ ҳаст, на сармоя ва на кор. Чӣ кор бояд кунам?

Ба қудрат расидани гурӯҳи тундрави "Толибон" дар соли 2021 дар Афғонистон вазъи яке аз буҳронҳои бузургтарини башариро дар ҷаҳон бадтар кард. Иқтисоди Афғонистон бе ёриҳои хориҷӣ заиф шуд ва бекориву фақр афзун гашт. Миллионҳо афғонистонӣ муҳтооҷи ёрӣ ҳастанд ва созмонҳои имдодрасон аз афзоиши камғизоӣ дар ин кишвари ҳамсояи Тоҷикистон ҳушдор медиҳанд.

Баъзе аз сокинони осебпазиртарин дар Афғонистон барои таъмини аъзои оилаи худ тасмимҳои бисёр сахт мегиранд, аз ҷумла фурӯхтани узвҳои бадан ё дар баъзе маврид фурӯхтани фарзандони худ.

Мубориза барои зинда мондан

Зоҳира дар вилояти Ҳирот зиндагӣ мекунад ва гурдаашро ба 100 ҳазор афғонӣ (1550 доллар) фурӯхтааст. Ӯ гуфт, пас аз пардохти бахше аз қарзҳои оила "пул тамом шуд".

Шавҳари ин зан солхӯрда асту наметавонад кор кунад. Писари 16-солааш ғайриқонунӣ аз марз гузашта, ба Эрони ҳамсоя рафтааст ва дар он ҷо кор ҷустуҷӯ дорад. Дар натиҷа, Зоҳира ягона ноновари хонавода мондааст ва барои таъмини наздикон, аз ҷумла ду духтараш, тамизкорӣ мекунад.

Бисмиллоҳ, сокини вилояти Фараҳ, мегӯяд, кӯшиш кард яке аз гурдаҳояшро бифурӯшад, аммо комёб нагашт. "Ман танҳо ин интихобро дорам, ки ё бояд фарзандамро бифурӯшам, ё худкушӣ ва ё дуздӣ кунам," -- гуфт Бисмиллоҳ ба Радиои Озодӣ.

Ӯ пайваста барои пайдо кардани кор ба маркази вилоят, шаҳри Фараҳ, меравад: "Чанд рӯз дунболи кор гаштам, аммо наёфтам. Шаш моҳ мешавад, ки дар хона ҳастам. Ҳатто агар кӯшиш кунем, ки ба Эрон гузарем, моро боз ихроҷ мекунанду ба Афғонистон бармегардонанд."

Аз соли 2021 садҳо ҳазор афғонистонӣ барои фирор аз фақри шадид ва ҳукумати саркӯбгари "Толибон" ғайриқонунӣ ба Эрон гузаштаанд. Аммо ҷанги идомадори Эрон ва Иёлоти Муттаҳидаву Исроил, инчунин, ихроҷи ҳарчи бештари афғонистониҳои беҳуҷҷат аз сӯйи Теҳрон ин роҳро барои бисёре аз афғонистониҳо тангтару душворгузар кардааст.

Инро ҳам бинед:

"Ба танг оварданд, ки қарзро баргардон, гурдаамро фурӯхтам"

Деҳае, ки сокинонаш як гурда доранд

Афғонистониҳо аксар вақт гурдаҳои худро ба воситаи шабакаҳои ғайриқонунии қочоқи узвҳои бадан мефурӯшанд. Миёнаравҳо аввал касонеро меёбанд, ки омодаанд гурдаи худро фурӯшанд ва гурӯҳи хуни онҳоро бо харидорон месанҷанд. Аксар харидорон афғонистониҳои сарватманд ҳастанд ё аз Эрон, Покистон ва кишварҳои арабии Халиҷи Форс.

Саидашраф Содот

Саидашраф Содот, як мақоми ҳукумати пешинаи Афғонистон, ки аз ҳимояти Ғарб баҳравар буд ва масъулияти таҳқиқи тиҷорати ғайриқонунии узвҳои баданро ба уҳда дошт, гуфт, миёнаравҳо қисми зиёди пулро мегиранд ва барои фурӯшандагон танҳо як бахши хурди он насиб мекунад. Содот афзуд, фурӯшандагон маъмулан “танҳо аз 20 то 30 дарсади арзиши воқеии узв”-ро мегиранд, дар ҳоле ки “миёнаравҳо ва даллолон бо истифода аз ночории онҳо қисми зиёдро аз худ мекунанд”.

Худо раҳм кунад ва ягон роҳи наҷотро бинамояд, чун ин тавр ба зиндагӣ идома додан номумкин аст.

Ҷарроҳиҳо одатан дар бемористонҳои хусусӣ ё дармонгоҳҳои пинҳонӣ анҷом мешаванд ва кормандони фасодзадаи тиб ба ин кор чашм мепӯшанд. Дар вилояти Ҳирот ин кор ба ҳадде зиёд шудааст, ки ба як деҳа лақаби “якгурдаҳо" гузоштаанд.

Зоҳиран дар посух ба авҷ гирифтани тиҷорати узвҳои бадан дар Афғонистон, ҳукумати “Толибон” соли 2024 хариду фурӯши узвҳои бадани инсон ва ҳамчунин пайванди онҳоро манъ кард. Ин гурӯҳи тундрави исломӣ гуфт, пайванди узвҳои ҳаётан муҳим, аз қабили дил, гурда ва шуш "ғайриисломӣ" аст.

Ин тасмим беморону пизишконро дар Афғонистон ба хашм овард. Онҳо гуфтанд, ин иқдом ба ҳазорон беморе, ки дар ҳақиқат бо далели тиббӣ ва барои беҳтар кардани саломати худ ба пайванди узв ниёз доранд, таъсир мерасонад. Пайванди узвҳои бадан дар саросари ҷаҳон, аз ҷумла дар кишварҳои исломӣ, ҳамчун як усули табобат ба таври густурда истифода мешавад.

ИНЧУНИН, БИХОНЕД:

700 сокини Тоҷикистон – дар ҷустуҷӯи ҷигари “зинда”

"Ин роҳи зистан нест"

Дар бораи теъдоди гурдаҳое, ки дар Афғонистон ба таври ғайриқонунӣ фурӯхта шудаанд, омор вуҷуд надорад. Аммо аз замони ба қудрат расидани “Толибон” дар Афғонистон, ки боис ба фурӯпошии иқтисод шуду вазъи оилаҳоро бадтар кард, шумораи мавридҳои гузоришшуда афзоиш ёфтааст.

Ба иттилои Созмони Милали Муттаҳид, ҳудуди 14 миллион нафар ё аз ҳар се афғонистонӣ як кас бо гуруснагии шадид рӯ ба рӯ ҳастанд. Ин созмон гуфт, камғизоӣ миёни кӯдакон дастикам дар 12 вилояти Афғонистон ба сатҳи рекордӣ расидааст. Барномаи ҷаҳонии ғизо моҳи август гуфт, даргириҳо, бекории густурда, болоравии босуръати нархи хӯрок, коҳиши кумакҳои башардӯстона ва халалдор шудани роҳҳои таъминот буҳронро дар Афғонистон шиддат мебахшад.

Абдуллоҳ, сокини вилояти Бодғис, мегӯяд, мардум узвҳои бадани худро аз нодориву фақри зиёд мефурӯшанд: “Худо раҳм кунад ва ягон роҳи наҷотро бинамояд, чун ин тавр ба зиндагӣ идома додан номумкин аст.”

Гул Аҳмад, як марди солхӯрда, гуфт, дар назар дорад барои хӯрондану пӯшондани аъзои хонавода яке аз гурдаҳои писарашро бифурӯшад.

"Ба дунё чӣ шудааст, ки марде омода аст гурдаи писари худашро бифурӯшад, аммо харидор пайдо карда наметавонад? Ҳамаи мо гуруснаем. Оё интихоби дигаре дорам? На ёрӣ ҳаст, на сармоя ва на кор. Чӣ кор бояд кунам?" -- гуфт ӯ ба Радиои Озодӣ.